Фиқҳ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{Шариат}}
'''АҲКÓМИ ДИН''' ({{lang-ar|أحکامدین‎ - ҷамъи [[ҳукм]], амр, қоидаҳои [[дин]]}}) — [[аҳкоми шаръ, аҳкоми [[шариат]], нуқтаҳои асосии таълимоти динӣ, ки муқаррароти илоҳии собиту абадӣ ва барои тамоми диндорон ҳатмӣ шумурда мешаванд.]],
'''Фиқҳ''' ({{lang-ar|فقه‎ - фаҳмиш, дониш}}) — [[Илм|илмест]], ки [[аҳком|аҳкоми ҷузъӣ]] ва масоили фаръии [[шариъат|шариъатро]] дар тамоми бахшҳо мавриди омӯзиш қарор медиҳад ва онҳоро аз далелҳои тафсилӣ ва асосҳои шаръӣ коркард ва муайян менамояд.<ref>Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ. Душанбе, 2008. саҳ 39.</ref>
 
== Аҳкоми динҳои дигар ==
== Манбаъ ==
Ҳар як дини ташаккулёфтаи муосир маҷмӯи аҳ­коми худро дорад, ки дар ҷараёни баҳсҳои тӯлонӣ ва муборизаи дохилии мазҳабӣ таҳия гаштаанд. Дар ибтидо масеҳият ҳамагӣ 12 аҳкоми дин дошт (ваҳдати салосаи [[Худо]], таҷассуми Илоҳӣ, каффорат, таъмид, ҷовидонии ҷон ва ғайра), минбаъд ба он дигар аҳкоми дин (сиришти Илоҳӣ ва инсонии Масеҳ, ибодати ҳатмии уқнум ва ғайра) афзуда шуданд.
<references />
 
== Аҳком дар Ислом ==
Дар ислом аҳкоми дини панҷгона (фарз, суннат, мубоҳ, макруҳ ва ҳаром) маъмуланд, ки дар таълимоти фирқаву ҷараёнҳои динию мазҳабӣ ба таври гуногун таъбир мешаванд. Бархе муҳаққиқони таърихи ислом ихтилофоти дохили аҳкоми динро ро яке аз сабабҳои асосии пайдоиши равияву фирқаҳои динӣ ва бидъат, инчунин манбаи пайдоиши ақоиди озодандешию модернизм медонанд.
 
== Аҳком дар даврони муосир ==
Дар шароити имрӯза бисёр уламои ислом, инчунин аксари илоҳиётшиносони масеҳию яҳудӣ ба аҳкоми дин нисбатан озодона муносибат карда, онҳоро бо ҳаёти инсони муосир мутобиқ гардонданӣ мешаванд. аҳкоми дин баробари динҳо ба вуҷуд наомада, балки баъдан аз тарафи рӯҳониён мураттаб гардида, ба расмият шинохта шудааст. Баробари ба расмият даромадани аҳкоми дин ҳамин гуна рафтори берун аз он куфр дониста ва таъқиб карда мешуд.
 
== Ҳомиёни дин ==
Ҳомиёни дин аҳкоми динро абадӣ ва тағйирнопазир эълон мекунанд, вале он аз сабаби ба ҳаёти воқеӣ мутобиқат накарданаш маҷбуран тағйиру табдил меёбад. Зиддиятҳои аҳкоми дин боиси пайдо шудани мазҳабҳо, бидъат, модернизм, озодфикрӣ ва ғайра мегарданд.
 
== Адабиёт ==
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Сарчашма ====
<ЭМТ>
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Фиқҳ"