Салмони Соваҷӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 5:
 
==Тарҷумаи ҳол==
Ҷамолуддин Хоҷа Салмон ибни Хоҷа Алоуддини Муҳаммад, мутахаллис бо СолмониСалмони Совачӣ, яке аз шоирони номдори форсу тоҷик буда, соли 1300 дар шахри Соваи ҷануби [[Эрон]] таваллуд шудааст, соли 1376 дар [[Бағдод]] вафот кардааст.
Илмҳои расмии замон, махсусан илми шеър, забон ва адабиёти араб, хисобро бо ёрии падараш аз худ намудааст. Салмони Совачи шеърнависиро аз хурдсоли сар карда, дар айёми чавони дар байни ахли сухан обрую эътибор пайдо мекунад. Шӯҳрати шоирии [[Салмони Совачи]] бо таълифи «Касидаи маснуъ», ки дар чанд бахр ва истифодаи санъатҳои гуногуни бадей таълиф ёфта , ба номи вазири хонадони чалоири Хоча Гиёсуддин Мухаммад (с-ҳои вазорат 1327-35) ба тарики мувашшах гуфта шудааст, бештар алокаманд аст. Салмони Совачи дар 18-солаги ба Багдод рафта, ба хизмати вазири номбурда ва хонадони чалоири дохил шуда, бештари умрашро дар хизмати намояндагони ин сулола гузаронидааст.
Сарфи назар аз он ки шоир бо мухити дарбори феодали пайвастаги дошт, зиндагии у муътадил ва мувофики табъ намегузашт. Шоир агар аз як тараф, аз бадгуи, игвогари ва суханчинии хасудон азоби рухи кашида бошад, аз тарафи дигар, ба сабаби тангдасти ва нодорами машаккат кашидааст ва мачбур шудааст, ки ба шох, вазир ва амалдорони чалоири барои дастгири мурочиат намояд, вале хохишҳои у аксар бенатича мондаанд. Аз хамин сабаб Салмони Совачи ва ахли оилааш гох дар Багдод, гох дар Сова ва баъзан дар Табрез умр ба сар мебурданд. Салмони Совачи дар доираи адабии ин шахрхо ва берун аз онхо мақому мартабаи арзандаеро доро буд. Бо шоирони хамзамонаш, аз чумла, Убайди Зокони мушоира кардааст. Дар шеър пайрави Хофиз, Саъди, Камолуддини Исмоил, Захири Форьёби, Анвари ва Манучехри буд.