Шарифҷон Ҳусейнзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозии маълумот
Сатри 32:
Дар соли 1948 дар пойтахти ҷумҳурии мо [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин]] таъсис гардид. Ба далели он ки яке аз поягузорони ин донишгоҳ Ш.Ҳусейнзода буд, дар таълими адабиёти тоҷик бо мактаби олии мазкур ҳамкорӣ мекард. Кори омўзгорӣ, ки мавсуф бо он собиқаи дерин дошт, бар мазоқаш хеле созгор омад. Ў то соли 1984 дар вазифаи мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин]] софдилона заҳмат кашид. Маҳз дар ҳамин ҷо ба ҳайси забондону суханшиноси мумтоз ва муаллими муаллимони тоҷик обрўву эътибори бузург пайдо кард.
==Эҷодиёт==
Ш.Ҳусейнзода донишмандест, ки баробари навсозиҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони навин бурдборона бо заҳамоти зиёди худомӯзӣ роҳи камолотро паймудааст. Аммо ӯ то охири умр ҳамаи таҳқиқу маводи тадрисашро ба хатти арабӣ менавишт ва шогирдони хоси ӯ онҳоро пеш аз нашр ба кириллӣ баргардон мекарданд. Муаллифи ин сатрҳо низ дар солҳои 80-уми асри гузашта дар ин амр ширкат кардааст.
Аввалин мақолаҳои [[илм]]ияш аз солҳои 30- юм ба табъ расида, беҳтаринашон дар
Ш.Ҳусейнзода аз рӯзҳои аввали фаъолияти илмии худ то ба охир дар таҳқиқи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ бо азму иродаи росих ва эътиқоди улвӣ нисбат ба адабиёти миллии тоҷик фидокорона заҳмат кашидааст. Вай дар Тоҷикистони аҳди шӯравӣ яке аз аввалин донишмандони касбии адабиёти тоҷик шинохта шудааст. Шахсияти ӯ ва фаъолияти илмию омӯзгориаш мудом барои шогирдону ҳампешагон намунаи олии шарофатмандӣ, росткорӣ, покӣ, некбинӣ, ҷасорати илмӣ ва муборизаву талоши содиқона ҷиҳати таҳқиқу ҳифзи адабиёту фарҳанги миллии тоҷик будааст.
маҷмӯаҳои дастҷамъии илмӣ, [[китоб]]ҳои «[[Шеър]]ҳои [[ватан]]дӯстонаи [[Саъдии Шерозӣ|Саъдӣ]]» (1942), «[[Адабиёт]]и [[тоҷик]] дар асрҳои X-XV» (1950), «Сухансарои Панҷрӯд» (1958), «[[Ҷалол Икромӣ]]» (1959), «Баҳс ва андеша» (1964), «Гуфтор аз ганҷи сухан» (1985) ва ғ. гирд оварда шудаанд. Дар таҳия ва табъу нашри «Очеркҳои таърихи адабиёти советии тоҷик» (Маскав, 1956, 1957) иштирок доштааст. Дар офаридани китобҳои дарсӣ саҳми арзанда гузоштааст. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и [[Алишер Навоӣ|Навоӣ]] (Тошканд, 1941, 1958), «Мунтахаб»-и [[Камоли Хуҷандӣ]] (1960), «Девон»-и дуҷилдаи Камоли Хуҷандӣ (ҳамроҳи С. Асадуллоев, 1981-1982), осори [[Абӯалӣ Сино|Ибни Сино]], Форобӣ, [[Насириддини Тӯсӣ]] ва дигаронро барои чоп омода кардааст.
Аввалин мақолаву тақризҳои адабӣ ва танқидии донишманди мазкур аз қабили “Мубориза дар ҷабҳаи адабиёти тоҷик” (1930), “Ба сӯйи ғалабаҳои нав” (1931), “Лоҳутӣ ва методи эҷодии ӯ” (1932), “Адабиёти шӯроӣ, ба пеш!” (1932), “Дар роҳи санъати бузурги сотсиализм” (1932) ва ғайра, ки солҳои 20-30-и асри гузашта таълиф шудаанд, гарчи бештар хусусиёти тарғиботию маърифатӣ доштанд, бо асосҳои мустаҳками методологии худ фарқ мекарданд.
Вай аз оғози фаъолияти илмии адабпажӯҳӣ ва интиқодии худ ба бунлоди назарии таълифоташ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекард. Ӯ муътақид буд, ки бидуни донишҳои назариёти адабӣ таҳқиқи адабӣ сустмоя хоҳад буд. Ба ҳамин сабаб аст, ки ӯ дар соли 1936 бори аввал ба забони тоҷикӣ китоби “Назарияи адабиёт”-ро таълиф кард ва он ба ҳуруфи лотинӣ дар Тошканд ба чоп расида буд (Тошканд, 168 саҳ.). Ш.Ҳусейнзода медид, ки дар солҳои 30-юм дар ҳаёти адабӣ пиромуни масъалаҳои гуногуни адабиёт, аз ҷумла муносибат ба мероси гузашта, фаъолияти адибони алоҳидаи гузаштаву онрӯза ва асарҳои онҳо муборизаҳои шадиди мафкуравӣ мерафт. Ӯ ҳамчун адабиётшиноси огоҳ диққати ҳамагонро ба масъалаҳои назарӣ, амсоли принсипҳою ҷараёнҳои эҷодӣ, вуқӯъгӯӣ, образнокӣ, тасвирҳои бадеӣ, усули маърифати осори адабӣ ва ғайра ҷалб мекард.
Солҳои 40 ва 50 давраи ҳамчун мунаққид ва адабиётшинос камол ёфтани Ш.Ҳусейнзода буд. Ӯ тайи ин солҳо як силсила мақолаҳои пажӯҳишию танқидии амиқ роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик аз қабили “Дар бораи баъзе камбудиҳои насри имрӯзаи мо” (1940), “Дар бораи баъзе лаҳзаҳои асосии таърихи адабиёти тоҷик” (1946), “Адабиёти советии тоҷик дар давраи баъди ҷанг” (1947), “Доир ба масъалаҳои тараққиёти насри бадеии муосири тоҷик” (1951), “С.Айнӣ ва баъзе масъалаҳои адабиёти советии тоҷик” (1953), “Масъалаҳои танқиди адаби дар адабиёти тоҷик” (1959) ва ғайраро иншо карда, ки онҳо бидуни шак дар таърихи адабиётшиносӣ ва танқиди адабии тоҷик мақоми шоён доранд. Муаллиф дар ҳамин гуна мақолаҳояш гиреҳҳои муҳимми адабӣ аз қабили раванди инкишофи адабиёти тоҷик дар гузашта, даврабандии адабиёти тоҷик, робитаҳои эҷодии адибони аҳди классикӣ ва муосири тоҷик бо адибони халқҳои дигарро ба миён мегузорад. Ҳамчунин дар баъзеи онҳо роҷеъ ба ҳолати ҳамонрӯзаи нақди адабӣ ва роҳҳои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар он, мулоҳизаҳои тозаи танқидӣ ва пешниҳодҳои муҳаққиқ ифода ёфтаанд. Албатта онҳо ҷиҳати рушди нақди адабӣ ва адабиётшиносии муосири тоҷик ҳамчун такони азим хидмат кардаанд. Ш.Ҳусейнзода бо ин ҳама корҳо аз пайи дарёфти дараҷаҳои расмии илмӣ нагаштааст. Дар соли 1953 АИ Тоҷикистон муҳтавои китоби дарсиашро таҳти унвони “Адабиёти тоҷик дар асрҳои X-XV” ҳамчун диссертатсия қабул намуда, аз Комиссияи Олии Аттестатсионии ИҶШС хоҳиш кардааст, ки ба ӯ дараҷаи илмии номзади илми филологияро бидиҳад ва он амалӣ шудааст.
Гуфтани он ҳам баҷост, ки дар соли 1956 китоби якуми «Очеркҳои таърихи адабиёти шўравии тоҷик» ва соли 1957 китоби дуюми ҳамин асар ба забони тоҷикӣ ва баъдан ба забони русӣ чоп шуданд. Ш.Ҳусейнзода ба ҳайси мудири бахши адабиёти Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон ҷараёни омода кардани китобҳои мазкурро ба ўҳда дошт. Узви ҳайати омодагии чоп буд ва таълифи муқаддима ва қисмати асосии боби адабиёти тоҷик дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва фасли «Адабиёти шўравии тоҷик дар давраи баъди ҷанг» ба қалами ў тааллуқ доранд.
Самараи фаъолияти илмии Ҳусейнзода дар солҳои 60-70 боз ҳам борвартар мегардад. Дар ин давра ӯ мақолаҳои ниҳоят ҷиддию илман асосноки адабпажӯҳиро ба майдон овард, ки масъалаҳои таърихи адабиёти гузашта ва раванди адабии даврони муосирро фаро мегирифтанд. Чунин тарзи бархурд бо адабиёт, яъне дар шакли мақолаҳои гуногунҳаҷм иброз намудани андешаҳои илмиро ӯ то поёни умр идома дод. Онҳо асосан дар чанд маҷмӯаи мақолоти ӯ, аз қабили “Баҳс ва андеша” (Д,1964- 263 саҳ.), “Гуфтор аз ганҷи сухан” (Д,1985- 222 саҳ.) ва “Ангезаи меҳр” (1988-46 саҳ.) чоп ва нашр шудаанд. Мавзӯи мақолоти ин маҷмӯаҳо хеле гуногун аст. Онҳо масъалаҳои мубрами адабиёти форсӣ-тоҷикиро аз Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ то Айнию Лоҳутӣ, Турсунзода ва соири адибони мозию муосирро фаро гирифтаанд. Ин даст мақолот бар тааммуқу тааммули пурвусъати муаллиф ва тафаккури созандаи ӯ шаҳодат медиҳанд.
Як мушаххасаи сабку равиши таълифоти илмии устод Ҳусейнзода иборат аз он буд, ки андешаҳои худашро доир ба мавзӯъ бевосита, мустақиман баён мекард. Дар навиштаҳои ӯ пургӯиҳои декларативӣ, пафоси тумтароқи иҷтимоӣ ва калкаҳои номатлуби русӣ ба назар намерасанд. Ҳадафнокӣ, мӯҷазбаёнӣ, самимияти баланд, тафаккури амиқу пурпаҳно ва дар айни замон ифодаи равшани матолиб, инчунин парвози хаёли шоирона бар ҳикмати осори бадеӣ аз вижагиҳои умдаи услуби таҳқиқ ва баёни ӯ буданд. Ӯ масъалаҳои адабиёти муосири тоҷикро дар пайванди адабиёти классикӣ ва афкори назарию адабии аҳди классикӣ ба таҳлил мегирифт. Азбаски огоҳии мавсуф дар қиёс бо муҳаққиқони насли калонсоли мо аз низоми афкори назарӣ ва адабию эстетикии салаф бештар буд, дар баробари ба эҷодиёти шоиру нависандогони муосир назари яклухт андохта тавонистан, пеш аз ҳама, ба ҷанбаҳои ҳунарии осори онҳо диққат медод, дар сурате ки дигарон, маъмулан, ба баррасии мавзӯи асари бадеӣ нақли мазмун, таҳлили образҳои мусбату манфии он ва дараҷаи ҳушёрии синфии худи эҷодкор бештар саргарм мешуданд. Устод Ҳусейнзода медид, ки пояҳои нақди адабии тоҷик илман тавре ки бояд, устувор нест, биноан, ба танқиди нақд бархост. Барои солимгардонии нақди адабии тоҷик як силсила мақолаҳо, аз қабили “Дар бораи муҳимтарин масъалаҳои танқиди адабӣ”, “Танқиди адабӣ ва ҳаёт”, “Танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ бояд беҳтарин фикру андешаҳоро ифода кунад”, “Дар ҷустуҷӯи маҳорат” ва ғайраро таълиф намуд. Ӯ асолати асари бадеиро дар пайванди мустаҳками тафаккуру образ медид ва кӯшиш мекард, ки таваҷҷӯҳи адибону мунаққидонро ба ҳамин вижагии халлоқияти ҳунарӣ ҷалб намояд.
Мақолаҳои ӯ “Шеъри классикӣ ва масъалаи шеъри нав”, “Сайри таҳаввул ва такомули адабиёти форсу тоҷик”, “Шеъру шоирӣ аз назари Ҷомӣ”, “Андешаи Ҳофиз”, “Гуфтор аз ганҷинаи аллома Абӯрайҳони Берунӣ” ва ғайра фарогири масоили назариёти адабӣ буда, нозуктарин ҷанбаҳои қавоиди расми шоирӣ, тарафҳои дохилию моҳияти шеърро бармало месозанд ва чунин бархурд бо падидаҳои адабӣ бар қудрати тавонои диди муаллиф, фаросати суханшиносӣ ва фикри таҳлилии ӯ далолат мекунанд.
Аз рисолаҳои алоҳидааш «Сухансарои Панҷруд» (1958), «Ҷалол Икромӣ» (1959), «Мақоми Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик» (1985) (ин рисоларо бо ҳамдастии Х.Шарифов таълиф кардааст) ба таҳқиқу таҳлили симоҳои бузурги адабию фарҳангӣ ва фаъолияти эҷодии онҳо бахшида шудаанд. Ӯ дар асару мақолаҳои таҳқиқиаш ва ҳамчунин дарсҳои таърихи адабиёт роҷеъ ба чеҳраҳои адабии гузашта ҳамеша аз мавқеъи мабдаи инсонсолорӣ ва маърифати миллӣ бархурд мекард. Бинобар ҳамин Рўдакиро «Одами шоирон», Фирдавсиро «адлу додхоҳ ва зиндакунандаи забони порсии дарӣ» меномид, Носири Хусравро «шоиру нависандаи башардўст, инсони ҳақиқатҷў, донишманди мутафаккир ва дар ақида устувор», Умари Хайёмро «донои доноён», Ҷалолуддини Балхиро «авҷи парвози рўҳ ва камоли андеша» ба қалам медод ва ба забон меовард. Саъйи вофир менамуд, то ба кунҳи афкори эшон бирасад ва онҳоро ба дигарон низ бармало созад. Ба донишҷӯён аз назмшиносӣ ва таърихи адабиёти тоҷик ошиқона дарс мегуфт. Доир ба эҷодиёти Ҳофиз, Мавлавӣ, Умари Хайём курсҳои ихтисосӣ мехонд. Асосҳои илмӣ ва методии дарсҳояш бағоят мустаҳкам буданд.
Як ҷанбаи фаъолияти илмии профессор Ҳусейнзода ба чоп омода кардан ва баргардони осори адабии гузаштагон ба алифбои имрўзаи тоҷикӣ мебошад. Соли 1941 китоби «Лайлӣ ва Маҷнун»- и Алишери Навоӣ ба забони ўзбекӣ дар таҳияи Ш.Ҳусейнзода ва Амин Умарӣ ба ҳуруфи кириллӣ дар Тошканд чоп шуд (510 саҳ.). «Фарҳод ва Ширин»- и Навоӣ бо таҳрири вай дар Сталинобод соли 1946 рўйи чоп омад (307 саҳ.).
Устоди мазкур дар соли 1955 «Мунтахабот»- и Камоли Хуҷандиро бо муқаддимаи муфассали илмӣ, ки натиҷаи таҳқиқоти тўлониаш буд, дар Сталинобод интишор кард (135 саҳ.). Соли 1959 «Ашъори мунтахаб»- и Камол дар таҳияи ў бо ҳуруфи форсӣ бо дебочаи хеле мўҷазу пурмўҳтаво ба зевари чоп омад (324 саҳ.). Ва ҳамин нашр як сол баъд бо алифбои кириллӣ ба табъ расид. Нашри оммавии девони Камолро ў бо ҳамкории Н.Қаҳҳорова ва С.Асадуллоев дар ду ҷилд, мутаносибан дар солҳои 1983 ва 1985 ба иҷро расонид, ки қариб ҳамаи ашъори ин шоирро дар бар дошт. Ҳамчунин матни интиқодии девони комили ин шоирро бо ҳамдастии С.Асадуллоев бо ҳуруфи асл дар ду ҷилд омода намуда дар Душанбе чоп кард (1986-1987).
Аз осори Ибни Сино ё мансуби ў китобҳои «Авҷи зуҳал» (ашъори арабӣ ва форсии Ибни Сино бо ҳуруфи асл, ашъори форсии мансуб ба Ибни Сино ба кириллӣ ва қисман бо тарҷума ба забони русӣ) ва «Пирўзинома» бо саъйи Ш.Ҳусейнзода ва Х.Шарифов соли 1980 чоп шуданд. Китоби «Фанни шеър» ҳовии «Фанни шеър»- и Арасту (аз русӣ тарҷумаи Х.Шарифов), «Рисола дар бораи қонунҳои санъати шеърӣ»- и Форобӣ, «Дар бораи санъати шеър»- и Ибни Сино, «Китоби шеър»- и Ибни Рушд, «Дар ҳадди шеър ва таҳаққуқи он»- и Насируддини Тўсӣ низ бо эҳтимоми Ш.Ҳусейнзода ва Х.Шарифов соли 1985 омода ва чоп шудаанд.
 
Профессор Ш.Ҳусейнзода дар соҳаи адабиёт аз бунёдгузорони китоби таълимии мактаб дар Тоҷикистон буд. Ба ҳамроҳии Ш.Ниёзӣ дар соли 1934 китоби «Адабиёт» барои синфи панҷуми мактабро таълиф кард (266 саҳ.). Аз соли 1943 то муддати зиёда аз чиҳил сол «Адабиёти ватан» дар таълифи ў китоби дарсии синфи ҳафтум буд (369 саҳ.). Аз соли 1950 то соли 1982 китоби вай «Адабиёти тоҷик» (271 саҳ.) дар синфи ҳаштум тадрис мешуд. Китоби таълимии ахир мазомини адабиро аз аҳди қадим то ҳукумати Темуриён мутобиқи тартиби замонӣ фаро мегирифт. Он забони суфтаву ноб ва гуворои тоҷикӣ дошт. Матолиби мундариҷ дар он хонандаро аз донишҳои осон ба душвор ва аз сода ба мураккаб бурда метавонист. Биноан, ҳоло ки он китоб аз тадриси расмӣ берун аст, муаллимони насли калонтари муассисоти таълимоти ҳамагонӣ дар ҳасрати он мондаанд.
Устод Ш.Ҳусейнзода 34 тан равандаи роҳи илмро бевосита тарбият намуда то ба дараҷаҳои номзади илму доктори илм расонидааст. Мактаби илмии ин шахсияти фарзона то имрӯз побарҷост. <ref>[https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=1764579307186519&id=100009034015571 Ш.ҲУСЕЙНЗОДА – МУҲАҚҚИҚ ВА УСТОДИ БУЗУРГИ АДАБИЁТ]</ref>
 
 
== Осор ==
* «[[Адабиёт]]и [[тоҷик]] дар асрҳои X-XV» (1950),
* «Сухансарои Панҷрӯд» (1958),
* «[[Ҷалол Икромӣ]]» (1959),
* «Баҳс ва андеша» (1964),
* «Гуфтор аз ганҷи сухан» (1985)
ба таҳия ва табъу нашри
* «Очеркҳои таърихи адабиёти советии тоҷик» (Маскав, 1956, 1957)
* «Лайлӣ ва Маҷнун»-и [[Алишер Навоӣ|Навоӣ]] (Тошканд, 1941, 1958),
* «Мунтахаб»-и [[Камоли Хуҷандӣ]] (1960),
* «Девон»-и дуҷилдаи Камоли Хуҷандӣ (ҳамроҳи С. Асадуллоев, 1981-1982),
осори [[Абӯалӣ Сино|Ибни Сино]], Форобӣ, [[Насириддини Тӯсӣ]] ва дигаронро омода кардааст.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
==Мукофот==
* [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ]] ([[1982]]);