Шоҳаншоҳии Ашконӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Ашкониён''' ([[250]] — [[226]] то милод)''' — лақаби салтанати севум аз мулуки [[Аҷам]], силсилаи подшоҳони Эрони бостон, ки солҳои 250–226 то милод ҳукмронӣ кардаанд.
 
== Таърих ==
Ибтидои таърихи сулолаи [[Ашкониён]] ба таназзули давлатдории [[Селевкиён]] робитаи мустақим дорад. [[Искандари Мақдунӣ]] пойтахти аслии Ҳахоманишиён – Тахти Ҷамшедро оташ зада ба қудратмандии ин сулолаву давлатдорӣ хотима дод.
 
Селевкиён, ки бешубҳа, ҷонишинони билофасли онон дар [[Байнаннаҳрайн]] ва [[Эронзамин]] буданд, барои густариши бештари маданияти юнонӣ талош мекарданд. Фарҳанги эллинистӣ бар рӯҳу равони шарқиён комилан истило наёфт. Дар натиҷаи мухолифату муборизаҳо бо румиён ғурури миллии юнониён коҳиш ёфт ва шарқиён тавонмандӣ касб карданд. Пас аз Селевкиён Портиён дар шарқи Наздик тахминан ба муддати 500 сол қудратманд шуданд (аз нимаи дувуми асри 3-и то милод то ибтидои асри 3 ммилод). Дар нимаҳои асри 3-и то милод вазъият дар сатрапияҳои Селевкиён муташанниҷ гардид. Ба ҳудуди шимоли шарқӣ зуд-зуд кӯчиён аз Осиёи Марказӣ ҳамлавар мешуданд. Дар баробари ин сатрапияҳо маҷбур буданд ба ҳукумати марказӣ барои мубориза бо Миср мадади моддию ҷонӣ расонанд. Муноқишаҳои байни юнониёну мақдуниён сатрапҳоро ба сӯи истиқлолият савқ медоданд. Дар ин нобасомониҳо қабилаи парнҳо бо сарварии пешвояшон Аршак пештоз буданд. Дар манбаъҳо ва маъхазҳои таърихӣ номаҳои Ситсерон, ашъори Ҳоратсия, навиштаҳои Патеркул, Фронтин, Патсий, Плутарх, Кассий, Арриан, Светония, Филострат, Лушан, осори ибронӣ, суриёнию хитойӣ маълумоти парокандае дар бораи Порт оварда шудаанд.