Шоҳаншоҳии Ашконӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 1:
[[Акс:Parthian Empire at it's greatest extent.png|thumb|302x302px|Шоҳаншоҳии Ашконӣ дар ниҳояти густариши худ.]]
'''Ашкониён''' ({{lang-fa|اشکانیان}}; [[250]] — [[226]] то милод) — лақаби салтанати севум аз мулуки [[Аҷам]], силсилаи подшоҳони Эрони бостон, ки солҳои 250–226 то милод ҳукмронӣ кардаанд.
 
Line 7 ⟶ 8:
 
=== Таъсисёбии сулолаи Ашкониён ===
Шикасти шоҳ Селевки II аз келтҳо наздики Анкир (соли 238 то милод) ба Ашк имкон дод, ки Андрагорро ронда, Портро соҳиб гардад. Як сатрапияи томи селевкиён ба дасти Эрониён гузашт. Дар ҒАЙРАғарб соли 245 то милод ҷанги шадиди шаҳрвандӣ оғоз гардид. Сатрапияи Порт бо сарварии Андрагор шӯриданд, ба думболи хиёнати ӯ шӯриши Диодот – ҳокими Бохтар (шояд дар соли 239 рух дода бошад) сар зад. Қабилаи парнҳо, ки дар фаъолияти селевкиён нақши бузург мебозиданд, ба андешаи Страбон ва Трот яке аз қабилаҳои мутавасситае буд аз иттиҳоди дакҳои минтақаи шарқии Баҳри Хазар. Ба эҳтимоли қавӣ, парнҳо ба вилояти Порт ва Бохтар баъди марги Искандари Мақдунӣ кӯч баста бошанд. Баъдан ин қабилаҳо муқимӣ шуда, зиндагии нимкӯчӣ ихтиёр намуданд ва забонашон бо забони мардуми маҳаллӣ махлут гардид. Дар лавҳачаи аз Нисо (шаҳри қадимии портҳо) пайдошуда ба асосгузори сулолаи Ашкониён будани Ашк (Аршак) ишора рафтааст, ки ин аз шахсияти таърихӣ будани ӯ шаҳодат медиҳад. Минбаъд портҳо дар тақлид ба Селевкиён солшумориро аз давраи ба тахт нишастани Аршак (соли 247 то милод) оғоз карданд. Солҳои аввали давлатдорӣ портҳо ба ҳамроҳ кардани қисматҳои Гургон (Ҳирканиё) банд буданд. Дар ин байн Аршак фавтид ва тибқи анъанаҳои классикӣ ба тахт бародараш Тиридот Ашки II нишаст, пойтахт шаҳри қадимии Дара дар кӯҳсори Апаортенон (димнаи ин шаҳр дар ҳаволии Абеварди ҳозира ҳафр шуда) интихоб шуд; вале баъди забти Ҳирканиё ва Комитен пойтахт ба шаҳри Селевкӣ – Ҳекатомпил кӯчид. Пас аз марги Тиридот (соли 211 то милод) писараш Артабони I соҳибтахт шуд. Дар ин давра ҳудуди портҳо аз Ҳамадон то Мод тавсеа ёфт. Пас аз фавти Артабони I (соли 191 то милод) писараш Приапат подшоҳ шуд, ки ду писар дошт: Меҳрдод (Митридот) ва Фарҳод (Фраат). Баъд аз сари Приапат давлатдорӣ ба писари калониаш Фарҳод расид. Дар натиҷаи кишваркушоиҳои Фарҳод ҳудуди мулк хеле васеъ гардид.
 
=== Давраи ҳукумронии Меҳрдод ===
Баъди марги Фарҳод Меҳрдод ба сари ҳокимият омад. Меҳрдод истеъдоди фавқулодаи сипоҳсолорӣ дошт ва аввал қотеъона сӯи ғарб ҳаракат карда, Мод, Байнаннаҳрайн ва Бобулро ишғол намуда, ба ҳудуди Селевк ворид гашт. Сипас рӯ ба Шарқ ниҳод. Ҳамакнун Меҳрдод сиккаҳои нахустини портиро ба номи худаш зарб мезад ва ин маънои қатъи тамоми робита бо Селевкиёнро дошт. Дар шаҳри Меҳрдод бохтариёнро шикаст дода, Деметрийро комилан нобуд сохт. Меҳрдод то охири умраш (соли 138 то милод) Портро аз як давлати хурд дар як гӯшаи Эрон ба империяи бузург табдил дод, ки аз Бобул то Бохтари Шарқӣ тӯл мекашид.
 
Пас аз вай писари ҷавонаш Фарҳоди II ба сари ҳокимият омад, вале усулан давлатро модараш ҳамчун ноибуссалтана идора мекард. Соли 130 то милод ба давлати Фарҳод якбора аз ҒАЙРАғарб Антиохи VII ва ҳам аз шаҳри ҳунҳо ҳамлавар шуданд. Антиохи VII Бобул ва Модро бозпас ба худ баргардонд, вале дар задухӯрди охирӣ кушта шуда, писараш Селевк асир афтод. Баъди аз тарафи зархаридони юнонӣ кушта шудани Фарҳод Артабони II ба тахт нишаст. Артабони II низ дар яке аз набардҳо кушта шуд (соли 124 то милод). Сипас писари ӯ Меҳрдоди II ҳокимиятро соҳиб гардид. Меҳрдоди II ҳамчун сиёсатмадори варзида ба зудтарин фурсат Бобулро бозпас баргардонд. Ӯ ҳатто ба подшоҳи Арман – Артавазд ҳамла карда писараш Тигранро ба асорат бурд. То соли 113 то милод портҳо Байнаннаҳрайнро боз ишғол намуданд. Дар Ш. низ Меҳрдоди II муваффақиятҳо ба даст овард: вилоятҳои Форс (Парсу) ва Арейро ишғол карда, Сиистонро ҳам комилан тобеъ намуд. Дар даргириҳо бо римиён Меҳрдоди IV хеле фаъол буд.
 
Пас аз даргузаш­ти ӯ (соли 70 то милод) ба писараш Фарҳоди III мамлакат дар ҳолати хеле парокандаву маҳдуд мерос монд. Дар ин давра Сакистон ва Арахосия ҳам аз даст рафтанд. Вале дар ҒАЙРА вазъ ташвишовартар буд; дар он ҷо Давлати Селевкиён рӯ ба таназзул ниҳода буд ва бурузи Римиён аз масоили умдаи сиёсати байналмилалӣ гардид. Муносибатҳои байни Порт ва Рим хеле хушунатомез буданд. Соли 58 то милод Фарҳоди III аз тарафи фарзандони хеш Меҳрдод ва Ород ба қатл расид ва онон барои тоҷу тахт ба талош бархостанд. Меҳрдод Бобулро фатҳ кард. Ород ӯро пайгир карда ба куштанаш (соли 54 то милод) амр дод. Баъди Меҳрдод ҳукумат ба Ород расид. Дар ин давра дар Рим низоми ҷумҳуриявӣ рӯ ба харобӣ овард ва ашроф барои ҳокимият ба талош бархостанд. Се нафар – Сезар, Пом­чей ва Красс пештоз буданд. Аз байни инҳо Красс ҳокими Сурия шуд ва нияти забти Порт намуд. Дар соҳили даҳри Балик (Балисс), ҳаволии шаҳри Карра (Харрон), байни римиён ва портҳо муҳорибаи шадиди хунине рух дод, ки аксари сипоҳи римиён ва худи Красс низ қурбон шуданд. Дасту пои Красро бурида ба Арман барои Ород фиристоданд.