Муҳаммад ибни Мӯсои Хоразмӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 2:
'''Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мӯсо Ал-Хоразмӣ''' - [[риёзиёт|риёзидон]], [[астрономия|астроном]] ва [[ҷуғрофия|ҷуғрофидони]] [[бузург]]и [[эрон]]итабор мебошад. Ӯ тақрибан соли [[780]] дар Хоразм (ҳозира Хива,Ўзбекистон) ба дунё омада, соли [[850]] вафот кардааст.
 
== Тарҷумаи ҳолЗиндагинома ==
Дар бораи ҳаёти Ал Хоразмӣ маълумот кам аст.
Маълумот дар бораи шарҳи ҳоли ӯ ќариб, ки дар таърих боқи намондааст. Ба мо ҳатто рӯзи аниќи таваллуд ва вафоти ӯ омада нарасидааст. Фақат ҳаминаш ба мо маълум аст, ки ӯ дар охири асри VIII ба дунё омада ва нимаи аввали асри IX аз дунё гузаштааст. Ҳозир шартан соли таваллуди Ал-Хоразмӣ 783 ва соли вафоташ 850 ќабул карда шудааст. Дар баъзе сарчашмаҳои таърихи Ал-Хоразмӣ бо номи “Ал-Маҷусӣ” яъне пайрави дини зардуштӣ ёд мешавад. Аз ин маълум мешавад, ки гузаштагони вай пайрави дини зардуштӣ будаанд.Ал-Хоразмӣ ба он олимони асри миёна тааллуќ дорад, ки барои кору фаъолият ба маркази хилофати араб- шаҳри Баѓдод ҷалб карда шуда буд. Дар он ваќт ин гуна олимон кам набуданд. Дар байни муоссирони Ал-Хоразмӣ ки дар Баѓдод зиндагӣ мекарданд, метавонем олимони бузургеро ба мисли ситорашиноси машҳур Абулаббос Ахмад Ал-Фарѓонӣ ва Аҳмад ибни Абдуллоҳ Ал-Марвазӣ ки бо номи ҳабаш Ал-ҳасиб шинохта мешавад муаррифӣ кунем. Баромади якумаш аз Фарѓона ва дигараш аз Марва мебошад. Шаҳри Баѓдод дар солҳои 60-уми асри VIII азтарафи халифа Ал-Мансур, ки аз сулолаи Аббосиён будва солҳои 754 то 775 ҳукумронӣ кардааст, бунёд ёфтааст. Пойтахти давлат, ки ҷойҳои зиёдеро инѓол карда буд, дар муддати кӯтоҳ маркази савдо, илм ва маданият шуд.Давлати калонро идоракунӣ осон набуд. Ҳокимони Хилофат дарк карданд, ки наќшаҳои иќтисодию ҳарбии худро бе азхудкардани донишҳои халќҳои тасарруфшуда дар ҳаёт татбиќ кардан номумкин аст. Бинобарин ҳокимон барои инкишофи он мувофиќат карданд. Дар Баѓдод мактаби калони илмӣ пайдо шуд, ки ба худ олимони зиёдеро аз кишварҳои гуногун ҷалб намуд. Китобхона сохта шуд, ки бо китобҳои зиёд ва меҳнатҳои ќиммати илмӣ таҷҳизонида гашта буд.Аз ҳама муҳимаш дар он ваќт дастовардҳои Юнони Ќадим ва класиконро ҷамъоварӣ ва ба забони арабӣ тарҷума карданд. Барои хариди дастнависҳо экспедитори махсус равон карда шуд. Диќќати махсус бисёртар ба илмҳои даќиќ – риёзӣ, ситорашиносӣ, геодезия ва географияи математикӣ дода шуд.Илмҳои ситорашиносии ҳиндӣ низ омӯхта шуд. Олимони Баѓдод дар асрҳои VIII-IX на танҳо тарҷумонҳо ва эзоҳкунандагон, балки мустаќилона фаъолияткунандагон буданд. Дар ин роҳ дастовардҳо ва натиҷаҳои зиёд дар соҳаҳои гуногуни илм ба даст оварданд. Ворисони халифа Ал-Мансур роҳи ӯро давомдода меросашро зери ҳимоя карор доданд. Набераи ӯ ҳорун Ар-Рашид, ки солҳои 786-809 ҳукумрони кардааст, бо ќиссаи “ҳазору як шаб” бисёр машҳур аст. Гулгулшукуфоии зиёди илмӣ дар Баѓдод бештар замони писари ҳорун Ар–Рашид-Халифа Ал-Мамун, ки солҳои 813-833 ҳукумрони кардааст ба даст омадаанд. Дар замони ӯ Дар Баѓдод хонаи ҳикмат “Байт-ул-ҳикмат” ташки ёфта буд. Дар Байт-ул-ҳикмат китобхонаи бой дорои дастнависҳои ќадимтарин ва расадхонаи ситорашиносӣ ҷой дошт. Дар баѓдод дар баробари дигар олимҳо Ал-Хоразмӣ солҳои зиёд кору фаъолият кардааст. Таърихнависи шинохтаи асри X Ан-Надим хабар медиҳад, ки Муҳаммад ибни Мӯсо аз Хоразмӣ ба Байт-ул-ҳикмат бо даъвати Халифа Ал-Мамуна омада буд.То соли 813 Ал-Мамуна дар Марва зиндагонӣ мекард. Дар онҷо бо Ал-Хоразмӣ во хӯрда ӯро ба Баѓдод даъват менамояд.