Қиёмиддин Чақалзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 8:
|Намуди фаъолият= ҳунарпеша
}}
''' Қиёмиддин Чақалов''' ([[28 апрел|28 – ҳунарпешаиапрели]] [[Театри1945]], деҳаи давлатииХуванд, академии[[Ноҳияи Файзобод|Файзобод]], драмавии[[ҶШС Тоҷикистон]]) ба номи А. Лоҳутӣ[[Ҳунарпеша|ҳунарпешаи]] тоҷик, [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон]] ([[ 2008]]).
 
== Нигаред==
== Зиндагинома ==
* [[Рӯихати ҳунарпешаҳои хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон]]
Қиёмиддин Чақалов [[28 апрел|28 апрели]] [[1945|соли 1945]] дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод юа дунё омадааст. Қиёмиддин ҳанӯз аз овони хурдсолӣ, ҳангоме ки дар синфи 4-уми мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Файзобод таҳсил мекард, дар кружоки дастаи ҳаваскорони мактаб аъзо буд. Суруд мехонду саҳначаҳои ҳаҷвиро бо як маҳорати баланд иҷро мекард. Истеъдоди худододии ӯро дида, ҳангоми дар синфи 6-ум таҳсил карданаш роҳбари бадеии Хонаи маданияти ноҳия Ҷӯрабек Шарифов ӯро барои фаъолият кардан ба театр даъват намуд. Ҷӯрабек Шарифов, ки худ ғижакнавози беҳамто буд, устоди аввалини Қиёмиддин дар санъат шуд. Ӯ ҳаррӯз пас аз дарсҳо омадани Қиёмиддинро интизор шуда, бо ӯ соатҳо машқ мекард. Ҳамин буд, ки Қиёмиддин дар як муддати кутоҳ дар қатори ҳунармандони Хонаи маданият дар назди ҳаводорони шеъру суруд бо ровигӣ ва сурудхонӣ ва иҷрои саҳначаҳои ҳаҷвӣ машғул шуд.
==Манбаъ==
 
Оиладор ва соҳиби 10 фарзанд мебошад.
 
== Кор ва фаъолият ==
Қиёмиддин пас аз хатми мактаби миёна  мудати ду сол  дар Хонаи маданияти ноҳия фаъолият кард. Соли 1964 ӯро барои хидмат ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтанд. Ӯ хидматро дар Ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Қазоқистон адо карда, соли 1967 бо сари баланд ба ватан баргашт. Фаъолияташро дар театри ноҳияи Файзобод давом дод<ref name=":0">[http://millat.tj/articles/ijtimo/4320-chil-sol-dar-sahna-4320.html Чил сол дар саҳна] // Рӯзномаи "Миллат" — 9 феврали 2015.</ref>. Соли 1971 ба факултети актёри драма ва кинои [[Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон|Институти давлатии санъати Тоҷикистон]] дохил шуда, соли 1975 факултети мазкурро хатм кард.
 
Аз соли 1975 инҷиниб дар [[Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ|Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ]] ба ҳайси актёр фаъолият дорад.
 
== Нақшҳо ==
 
=== Театр ===
Дар ин муддат дар саҳнаи театри ба номи А. Лоҳутӣ бисёр нақшҳои ҷолиб ва хотирмон офаридааст. Куряткин («Ҷарроҳӣ»-и А. Чехов), Зайн ибни Умайдо («Ишқи араб»-и П. Мериме), Шарифов («Интихоби домод»-и Ҳ. Содиқ), Кӯзагар («Роҳзан ва кӯзагар»-и М. Бахтӣ), Сухсуров («Садо аз тобут»-и А. Қаҳҳор), Гумоштаи сиёсӣ («Алломаи Адҳам»-и С. Улуғзода), Шайх Низомиддин («Зебуниссо»-и Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ), Оқсақол («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Қарабой («Гилеми кабуд»-и Т. Аҳмадхонов), Ашӯр («Хонашерони майдонғариб»-и Ш. Қиёмов), Халил-афандӣ («Айнӣ»-и Ғ. Абдулло), Гӯрков («Гамлет»-и В. Шекспир), Атаман Дор («Кӯзаи гӯё»-и А. Абӯбакр), Искандар Маҳкамов («Кӯпрук»-и Ф. Ниёзӣ), Мишка Земсов («Бозиҳои бераҳмона»-и А. Арбузов), Азизулло («Фарзанди Осиё»-и Р. Қудратов), Маҳкам («Исёни арӯсон»-и А. Аҳмад), Суламӣ («Рудакӣ»-и С. Улуғзода), Ширинкор («Шоҳ Лир»-и В. Шекспир), Генерал («Бо имзои Ленин»-и А. Атобоев), Туманчиков («Авлиё ва осӣ»-и М. Варфоломиев), Тешабой («Лайлатулқадр»-и Ю. Акобиров), Раҳимов («Дар чорсӯ»-и Н. Табаров), Сатторов («Ҳақиқати талх»-и С. Сафаров), Шер («Заргӯши доно»-и Ш. Қиёмов), ӯрмонқамиш («Мардҳо намегирянд»-и Ҷ. Қуддус), Қосид («Эдип»-и Софокл), Ҳасанлӣ (Қиёми Лоҳутӣ»-и А. Атобоев), Қаровул («Худкардаро даво нест»-и М. Холов), Шодиқулов («Ҷияни хира»-и Ш Солеҳ), Лақай («Парвози Сабзабаноз»-и М. Муҳаммадиев), Саргурба («Қиссаи аҷибу ғариб»-и Т. Аҳмадхонов), Аброр («Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н. Абдуллоев), М. Қосимов («Драмаи миллат»-и С. Аюбӣ), Муҳаммади Башоро (« Шоҳ Исмоил»-и М. Бахтӣ), Олим («Мусофир»-и Н. Абдуллоев), Даврон («Сӯробҳо»-и Н. Табаров), Ҳумон ва Ҳаҷир («Зуҳури навини Сӯҳроб»-и Ф. Умаров), Мудир Қайсар («Тахти султон Маҳмуд»-и Ш. Солеҳ), Эрбуқохон («Темурмалик»-и М. Бахтӣ), Угаров («Бист дақиқа бо фаришта»-и А. Вампилов), Холмат («Бой ва Хизматгор»-и Ҳ. Ниёзӣ).
 
=== Синамо ===
Қиёмиддин Чақалов дар филмҳо низ нақш офаридааст: Сияҳсавор ("Ашк ва шамшер"), қассоб ("Ҷазира"), муаллим ("Муҷассамаи ишқ"-и У. Мирзоширинов, [[соли 2003]]), директории совхоз ("Сароби хунин")<ref name=":0" />.
 
== Ҷоизаву мукофотҳо ==
Бо нишони сарисинагии «Аълочии маданияти СССР» сарфароз гардидааст.
 
''' '''
 
==Сарчашма==
{{ЭСТ}}
<references/>