Мулло: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 8:
Шахсияти мулло ба сабаби ҷойгоҳи динӣ ва сафои маънавие, ки дошта, ба рӯҳи фарҳанги оммиёна даромехта ва дар чакомаҳои фолклорӣ ва корбурдҳои танзӣ ба таври зарифе аз он ёд шудааст, чуноне дар бораи шахсе, ки ҳамроҳ бо илм ахлоқи ҳамида, одоби неки муошират ва расми одамиятро касб накунад, гӯянд: ''Мулло шудан осону одам шудан душвор'' ва ё:
 
:::''Муллову фақеҳу суфию донишманд,''
 
:::''Ин ҷумла шудӣ, валек одам нашудӣ!''
 
(аз ''Амсолу ҳикам'')
 
Гуфтаи мардум: ''Нимчатабиб балои ҷон, нимчамулло балои имон'' масалест дар шаъни одами камсавод ва нимакора ва мулло шудан ба маънои илм гирифтан ва босавод шудан аз корбурдҳои мураккаби он аст.
 
Аз аҳди қадим ҳокимонро расм бар ин буда, ки барои таҳкими пояҳои ҳукми хеш табақае аз муллоёнро ба дарбор бикашанд ва ба ин васила ба ҳукми худ виҷҳаи шаръӣ бахшанд. Ин тоифаи муллоёнро дар фарҳанги омма муллоёни дарборӣ, муллобошӣ ва ғайра гӯянд
 
== Ҳамчунин нигаред ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Мулло"