Доиратулмаорифи форсӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: thumb|Се ҷилди ''Доиратулмаорифи форсӣ'' '''''Доиратулмаорифи форсӣ''''' ({{lang-fa|دای...
 
No edit summary
Сатри 1:
[[File:Persian-encyclopedia.jpg|thumb|Се ҷилди ''Доиратулмаорифи форсӣ'']]
 
'''Доиратулмаорифи форсӣ''' ({{lang-fa|دایرةالمعارف فارسی}}) — [[Донишнома|донишномаи]] сеҷил­дие, ки ба ибтикори муассисаи интишоротии Фронклин бо сарпарастии [[Ғуломҳусайни Мусоҳиб]] ва бо мушоракати гурӯҳе аз муаллифон ва веросто­рон ба забони форсӣ ва дар [[Эрон|Ирон]] тадвин шуда. Он бо равиши донишно­манигории муосир тадвин гардида, аз нахустин ва чомеътарин донишнома­ҳои умумӣ ба забони форсӣ аст ва имрӯз аз марҷаъҳои поя дар ин замина ба шумор меравад.
'''''Доиратулмаорифи форсӣ''''' ({{lang-fa|دایرةالمعارف فارسی}}) —
 
== Манобеи донишнома ==
Соли 1335 шамсӣ (1955 милодӣ) муассисаи интишротии Фронклин воқеъ дар Теҳрон бо роҳбарии Хумоюн Санъатизода тасмим ба таҳия ва тарҷимаи форсии Доиратулмаорифи якҷилдии Колумбия Войкинг (чопи Нью-йорк) гирифт ва сарпарастии ин корро ба Ғуломҳусайни Мусоҳиб вогузор намуд. Вай пас аз баррасии Доиратулмаорифи амрикоӣ тарҷимаи комили онро ҷавобгӯӣ ниёзҳои ҷомеаи иронӣ ва порсизабонон надонист ва тарҳи наве пешниҳод кард, ки бар асоси он беш аз 10 000 мақолаи тоза дар бораи ҷанбаҳои мухталифи таърих ва фарҳанги Ирон ва ислом таълиф шуд ва шуморе аз мақолаҳои Донишномаи Ислом низ айнан тарҷима ва дар он ҷой дода шуданд. Дар шиносномаи Доиратулмаорифи форсӣ ин кор талоши муштараки Туҳрон ва Нью-йорк муаррифӣ шудааст.
 
== Нашри донишнома ==
Ҷилди аввали Доиратулмаорифи форсӣ аз ҳарфи алиф то син-ро дар бар гирифта, ба соли 1345 ш./1965 м. мунташир гардид. Соли 1350 ш./1970 м. вақте қисмати бузурге аз мақолаҳои ҷилди дуюм то ҳарфи айн ҳуруфчинӣ ва омодаи чоп мешуд, Ғуломҳусани Мусоҳиб аз вазифаи сарпарастии он канора гирифт ва сарпарастии Доиратулмаорифи форсӣ аз он ба баъд ба Ризо Ақсо вогузор гардид ва бахши аввали ҷилди дуюм аз ҳарфи шин то ҳарфи лом соли 1356 ш./1976 м. ба чоп расид ва бахши дуюми ҷилди дуюми он бо порае ислоҳот ва таҷдиди назар соли 1374 ш./1994 м. нашр шуд. Итмоми комили Доиратулмаорифи форсӣ дар умум ба муддати наздик ба 40 сол тӯл кашид.
 
== Сохтор ==
Аз оғози кор қавоиди дақиқ ва меъёрҳои мушахаасе барои интихоби мадхалҳо ва ҳаҷми онҳо, танзими мақолаҳо, муодилгузории истилоҳот, тар­зи сабт ва овонигории номҳо ва истилоҳоти хос, сабти аломатҳои ихтисорӣ, ирҷоъҳо (ҳаволаҳо), расмулхатти форсӣ ва аломатҳои нуқтагузорӣ дар Доиратулмаорифи форсӣ вазъ шуд ва дар саросари он риоя гардид. Ин гуна равишмандӣ дар до­нишноманигории форсӣ бесобиқо буд ва мин баъд барои таҳиякунандагони осори марҷаъ ба забони форсӣ сармашқ қарор гирифт.
 
Доиратулмаорифи форсӣ шомили муқаддиммаи муфассалест, ки дар он усул, равиши кор ва тарзи истифода аз донишнома бо тафсил тавзеҳ дода шудааст. ба тавр иумумӣ дар он 43 000 мадхал дарҷ гардида, ки 23 00 мадхали он хориҷӣ, 11 00 мадхал дар бораи Ирон ва Ислом ва бақияи мадхалҳо ирҷоъӣ ҳастанд. мадхалҳои хориҷӣ аслан тарҷима ва иқтибос ва мадхалҳои марбут ба Ирон ва Ислом таълифӣ ҳастанд.
 
== Пайвандҳо ==