Муҳаммадюсуф Имомзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 38:
 
== Зиндагинома ==
Маҳмаисуф Сайдалиевич Имомов [[28 апрел]]и соли [[1959]] таваллуд ёфта, соли [[1981]] факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст<ref>{{Cite web|url=http://tojnews.org/tj/personality/mukhammadyusuf-imomzoda|title=Муҳаммадюсуф Имомзода {{!}} TojNews|website=tojnews.org|accessdate=2017-04-28}}</ref>. Фаъолияти меҳнатии худро аз лаборанти калони Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон (солҳои 1981-1984) оғоз карда, сипас солҳои 1984-1985 муҳаққиқ-коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳони ба номи М. Горкии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ мегардад. Солҳои 1985-1991 М.С. Имомов аввал аспирант, сипас дар вазифаи ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли [[1990]] ӯ дар мавзӯи «Санъати портретсозӣ дар насри Садриддин Айнӣ» рисолаи номзадии худро дифоъ намуд.
 
Профессор М.С. Имомов аз соли [[1991]] баъди хатми аспирантура дар Донишгоҳи миллӣ, то соли [[2004]] дар вазифаҳои муаллим, муовини декани факултети филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ ва декани факултети филология кор кардааст.