Камолиддин Баротов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Камолиддин Ашурович Баротов
 
аниқкунӣ
Сатри 1:
'''Камолиддин Ашурович Баротов''' (тав. 27. 04. 1959, деҳаи Саричашмаи ноҳияи Москва (имрӯза Ҳамадонӣ)), биологи тоҷик, номзади илмҳои педагогика (2007), дотсент (2008).
== Зиндагинома ==
Солҳои 1976–1981 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1981–1991 муаллими биология ва химияи мактаб-интернати №13-и ноҳияи Москва, 1991–2001 муаллими биология ва химияи мактаб-интернати ноҳияи Шӯробод, 2001–2003 ассистенти кафедраи зоология, 2003–2008 муаллими калони кафедраи методикаи таълими биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Аз соли 2008 дотсенти кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биологияи донишгоҳи номбурда мебошад. Ҳамчунон солҳои 2003–2010 вазифаи муовини декани факултети биология оид ба таълимро ба ӯҳда дошт. Айни ҳол вазифаи мудири кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биологияро ба ӯҳда дорад. Муаллифи якчанд дастурҳои таълимиву методӣ, зиёда аз 42 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва оммавӣ мебошад. Дар таълифотҳояш масъалаҳои алоқамандии байнифаннии таълими биологияро бо дигар фанҳо мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Бо ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1992) ва ордени «Шараф» (1999) сарфароз гардонида шудааст.
Сатри 10:
[[Гурӯҳ: Олимон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ: Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:МаорифшиносониБиологияшиносони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]]