Ҷорҷ Вашингтон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 12:
| аввалдавр = {{date|30|04|1789|1}}
|охирдавр = {{date|04|03|1797|1}}
| пешгузашта = вазифа таъсис ёфт<br />[[Сайрус Гриффин]] ҳамчун Президенти Конгресси Конфедератсия
| ҷонишин = [[Ҷон Адамс (президент)|Ҷон Адамс]]
| ноиби президент = [[Ҷон Адамс (президент)|Ҷон Адамс]]
Сатри 25:
| отец = [[Вашингтон, Огастин|Огастин Вашингтон]]
| мать = [[Болл, Мэри|Мэри Болл Вашингтон]]
| похоронен = [[Маунт-Вернон]],<br /> штат {{МЗ|Виргиния}}
| дети = нет
| награды = Золотая Медаль Конгресса, Благодарность от Конгресса
| подпись = George Washington signature.png
}}
'''Ҷорҷ Вашингтон''' ({{забон-ен|George Washington}}; [[22 Феврал]] [[Соли 1732|1732]], [[Бриҷс-Крик]], [[иёлоти Вирҷиния]]  — [[14 декабр]] [[Соли 1799|1799]], [[Маунт-Вернон]])  — арбоби давлатӣ, сиёсатмадор, афсар, кишоварз, нахустин Президенти [[Иёлоти Муттаҳидаи Амрико]], сарфармондеҳи Артиши континенталӣ дар Ҷанги мустамликаҳои амрикоиҳои шимолӣ барои истиқлолият (1756-17631756—1763), асосгузори давлати соҳибистиқлоли ИМА.
 
Ҷорҷ Вашингтон аввалин президенти [[Иёлоти Муттаҳидаи Амрико]] (солҳои 1789-19971789—1997). Аз оилаи заминдори (плантатори) сарватманд. Дар ибтидои Ҷанги ҳафтсола (1756-17631756—1763) дар рутбаи полковник фармондеҳи қӯшунҳои Вирҷиния буд. Соли 1774 ба Конгресси 1, с. 1775 ба Конгресси 2 континенталӣ интихоб гардид. Дар ибтидои ҷанги мустамликаҳои амрикоиҳои шимолӣ барои истиқлолият зидди мустамликадорони Англия Конгресси ИМА Вашингтонро сарфармондеҳи қӯшунҳои мусаллаҳи шӯришгарон интихоб кардааст. (15 июни 1775). Дар ин вазафа истеъдоди лашкаркашӣ ва ташкилотчигии ӯ зоҳир гардид. Соли 1787 президенти ИМА интихоб шуда, сиёсати консервативиро пеш гирифт. Вашингтон яке аз асосгузорони системаи сиёсии дупартиявӣ дар ШМА аст. Вашингтон дар таърихи ИМА чун арбоби тараққипарвари давлатӣ дохил шудааст, зеро вай муборизаи мустамликаҳоро баҳри истиқлолият дастгирӣ ва сарварӣ намуд.
 
== Зиндагинома ==
Ҷорҷ Вашингтон [[22 феврал]]и соли [[1732]] дар оилае, ки аллакай 4 - — насл (поколение) ки дар Вирҷиния зиндагӣ мекарданд, таваллуд ёфтааст. Дар оилаи заминдор ба дунё омадааст. Таҳсилоти хонаводагӣ гирифтааст, мутолиаи китобро дӯст медошт. Дар синни 11 солагӣ бе падар мондааст. Касбаш заминпаймо (заминченкун) буд ва дар соли 1748 дар экспедитсияи лорд Ферфакс, ки корҳои заминпаймоиро дар водии Шенандоа мегузаронид, иштирок кардааст. Ҷорҷ дар оилаи бародари ӯгай Лоуренс тарбия ёфта баъд аз вафоти ӯ, [[соли 1752]] вориси мулки Маунт-Вернон, наздики Александрия дар дарёи Потомак шудааст. Ҳамин сол, ӯ майори лашкари халқӣ таъйин мегардад ва дар амалиётҳои низомии зидди фаронсавиҳо ва ҳиндуҳои амрикоӣ иштирок намудааст. Соли 1758 бо рутбаи ҳарбии полковник ба истеъфо баромадааст. Соли 1759 Ҷорҷ Вашингтон ба бевазани сарватманд Марта Дендриҷ Кастис хонадор мешавад ва соҳиби 17 ҳазор акр замин, 300 ғулом ва молу мулк гардида, бо кӯшишу ғайрати хеш ба яке аз заминдорони сарватманди Вирҷиния мубаддал мегардад.
 
Ҷорҷ Вашингтон сарчашмаи таърихи миллии Амрико аст. Ӯ дар муборизаи озодихоҳии сенздаҳ собиқ мустамликаҳои [[Подшоҳии Муттаҳида| Британиёи Кабир]] ва ба иттиҳоди ҷумҳуриҳои [[иёлот]]ҳои мустақил ва таъсиси якумин давлати федеративии ҳозиразамон ИМА ширкат варзидааст. Дар Вирҷиния ва дар Конгресси Континенталӣ ӯ ба гурӯҳе таалуқ дошт, ки ба муқобили сиёсати [[Подшоҳии Муттаҳида| Британиёи Кабир]] мубориза мебурд.
 
== Фаъолият ==
Солҳои 1758 – 17741758—1774 Вашингтон ба Маҷлиси Қонунгузории Вирҷиния интихоб шудааст ва дар он ҷо барои дифои ҳуқуқҳои мустамлика зидди метрополия баромад кардааст. Ӯ яке аз вакилони Конгресси якуми континенталӣ буд. Баъди задухӯрдҳои низомӣ бо [[Британияи Кабир]] аз оштӣ шудан дасткашида боз ба хидмати низомӣ баргашт ва ниҳоят дар натиҷаи интихобот, якдилона сарфармондеҳи Артиши континенталӣ таъйин шудааст. Ӯ ҳамчун сарфармондеҳи қӯшунҳои амрикоӣ муқобилиятро бар зидди ҳукумати метрополия - — [[Подшоҳии Муттаҳида|Британиёи Кабир]] ташкил ва ба ӯҳда гирифт, ки баъд аз ҳашт соли ҷанг ба муcтақилияти ИМА оварда расонид. Боварӣ ва зарурат ба ҳукумати пурқувват ва марказӣ дар коркард ва қабули сарқонуни нав [[Конститутсияи ИМА]] дар солҳои [[1787]]—[[1788]] ширкат варзид. Дар вазифаи президентӣ ИМА асосҳои давлати ҷумҳуриявӣ - — федеративиро барпо кард, то ки амрикоиҳо ҳамдигарфаҳмии миллиро ёбанд. Вашингтон артишро ба тарзи нав ташкил намуд, ба вай сарварӣ мекард ва ҳамроҳи он аз муҳосираи [[Бостон]], соли 1776 сар карда то таслимшавии қӯшуни англисӣ назди Йорктаун соли 1781 буд. Моҳи ноябри соли 1783 баъд аз ба имзо расидани Шартномаи сулҳи Париж, ӯ ба истеъфо баромад ва ба Маунт-Вернон баргашт.
 
Аз бобҳои мавҷудаи Конфедератсия норозигӣ намуда Вашингтон ба вазифаи Раиси Конвенти конститутсионӣ интихоб гардид. Конвенти конститутсионӣ соли 1787 [[Конститутсияи ИМА]] навишта ба охир расонид. Соли 1789 дар интихобот Ҷорҷ Вашингтон бо як овоз президенти аввалини [[Иёлоти Муттаҳидаи Амрико]] интихоб шуд. Соли 1792 бори дуюм якдилона ба вазифаи президент интихоб гардид. Аз байни президентони мамлакат Вашингтон ягона шахсест, ки ду маротиба коллегияи интихобкунандагон якдилона ба ӯ овоз додааст. Ҳамчун сарвари давлат ба мустаҳкамшавии Иттиҳод, амалӣ гардидани талаботҳои конститутсия ва бунёди пойтахти мамлакат мусоидат кард. Ба ташкил намудани идораҳои марказии ҳукумат, сохтори идоракунӣ ва сохтани амсоли (тимсоли) институти президентӣ ва барои ҳавасмандкунии рушди иқтисодиёт, кӯмак расонидааст. Ӯ бо Конгресси [[Иёлоти Муттаҳидаи Амрико|ИМА]] муносибати дӯстона дошт. Дар таърихи ИМА, соли 1794 аввалин исёни зиддиҳукуматиро торумор намуд. Дар сиёсати байналмиллалӣ аз дахолат ба корҳои дохилии мамолики аврупоӣ худдорӣ мекард. Номзадии худро барои навбати сеюм ба вазифаи президент гузоштан даст кашид. Пеш аз тарки мақоми президентӣ ба миллат бо номаи видоӣ муроҷиат кард.
Сатри 46:
Мақоми президентиро тарк намуда Ҷорҷ Вашингтон ба Маунт-Вернон баргашт ва зуд-зуд пойтахти сохта шудаистодаро хабар мегирифт. Конгресс ба Ҷорҷ Вашингтон унвони «Падари Ватан»-ро эҳдо намудааст. Ҳангоми муташанниҷ гардидани муносибат бо Фаронса, соли 1798 Вашингтон ба таври рамзӣ сарфармондеҳи артиш таъйин шуда буд. Ҷорҷ Вашингтон [[15 декабр]]и [[соли 1799]] вафот кардааст. 18 декабр дар Маунт-Вернон ба хок супорида шудааст.
 
Ӯ нахустин президенте мебошад, ки бар зидди [[Подшоҳии Муттаҳида| Британиёи Кабир]] барои истиқлолияти давлатӣ мубориза бурдааст ва бо роҳбарии ӯ Амрико аз зулми Англия комилан озод шудааст. Барои нигоҳ доштани поси хотири Ҷорҷ Вашингтон, пойтахти ИМА ва дигар сохторҳои маъмуриву давлатии кишвар ба номи ӯ номгузорӣ шудаанд.
 
== Адабиёт ==
* Ушаков В. А., Джордж Вашингтон: страницы истории, СПб., 2006
* Американские президенты : 41 ист. портр. от Д. Вашингтона до Б. Клинтона / Под ред. Ю.Хайдекинга; Пер. с нем. Л.  В.  Седовой, Ростов н/Д; М. : Феникс : Зевс, 1997
* Богучарский В. Я., Георг Вашингтон и основание Северо-Американских соединённых штатов, М., 1895
* Анненская А. Н., Георг Вашингтон и война за независимость, СПб., Монтвид, ценз. 1899
* Гизо, Франсуа, В борьбе за свободу : Очерки из жизни Вашингтона, СПб., 1907
* Валуева-Мунт А. П., Джордж Вашингтон / Сост. А.  П.  Мунт, СПб, 1880
* Яковлев Николай ,Вашингтон.- Ростов н/Д : издательство «Феникс»,1997.-544 с (ЖЗЛ)
 
== Эзоҳ ==
{{Эзоҳ}}