Бор (элемент): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
Тағйири масир ба Бор
Сатри 1:
#REDIRECT [[Бор]]
'''Бор''' — элемент гуруҳи сездаҳуми (аз руи таснифоти куҳан- аз руи таснифоти нав зергуруҳи асосии гуруҳи сеюм) даври дуюми [[Ҷадвали даврии элементҳои кимёӣ|системаи даврии элементҳои кимиёвии Д.И.Менделеев]] буда, рақами атомиаш (заряди ядроиаш)5 мебошад. Бо аломати B (аз юн. Borum)ифода карда мешавад. Дар ҳолати озод моддаи беранг, хокистарранг ё сурхи кристаллӣ, моддаи сиёҳи амморфӣ мебошад. Беш аз 10 намуди аллотропии бор маълум буда,ҳосилшавӣ ва ё баҳамтабдилёбии онҳо бо ҳарорате муайян карда мешаванд, ки дар онҳо бор ҳосил карда шуда буд.
 
</sup>ТАЪРИХ ВА ПАЙДОИШИ НОМ</sup>
 
Нахустин маротиба дар соли 1808 аз тарафи кимиёгарони франсуз Ж. Гей-Люссак ва Л. Тенар тавассути гармкунии ангидриди B<sub>2</sub>O<sub>3</sub> бо калии металлӣ ҳосил карда шуд. Чанде пас Х. Дэви борро тавассути усули электролизи гудохтаи B<sub>2</sub>O<sub>3</sub> ҳосил намуд. Номи ин элемент аз калимаи арабии бурақ (араб. بورق‎‎) ё форсии бураҳ (форс. بوره‎) пайдо шудааст, ки барои ифодаи бура истифода мешуд.
 
ҶОЙГИРШАВӢ ДАР ТАБИАТ
 
Ҷойгиршавии бор дар замин бо ҳисоби миёна 4г/т ташкил медиҳад. Новобаста аз ин 100 маъдани бор мавҷуд аст.
 
{{ҷавона}}