Фарқият байни намунаҳои "Гулнора Ахмедова"

no edit summary
(Гулнора Усмоновна Ахмедова)
 
'''Гулнора Усмоновна Ахмедова''' (тав. 09. 04. 1958, ноҳияи Исфара), номзади илмҳои педагогӣ (2009).
== Зиндагинома ==
Солҳои 1975–1979 дар факултети забонҳои хориҷии [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко]] таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1979–1988 муаллими кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1989–2002 муаллими калони кафедраи забони олмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2002 то имрӯз муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Россия– Тоҷикистон (Славянӣ) мебошад. Муаллифи зиёда аз 4 дастури таълимиву методӣ ва 40 мақолаи илмӣ мебошад. Якчанд маротиба барои таҳсил ва курси такмили ихтисос ба Олмон сафар намудааст.
== Осор ==
Учебное пособие по грамматике немецкого языка, Д., 2006; Диспуты и конфренции как воспитательные мероприятия способствующие формированию личности, Д., 2008; Категории определенности и неопределенности в романо-германских языках, Д., 2008.