Фарқият байни намунаҳои "Робиаи Балхӣ"

no edit summary
(→‎Пайвандҳо: илова, шаблон)
У дар Балхи бостони ба дунё омада, бо Рудаки хамаср буд ва бо номаҳо додугирифт мекард. Робиа дар ҳусну ҷамол, фазлу камол, зехни тез ва қудрати шоирӣ ба форсӣ, дарию арабӣ машҳур буд. Уро дар чавонӣ бо гуноҳи ишқ бародараш дар ҳамом буғ карда мекушад.
Робиа ба Бектош, ки гуломи бародараш буд, дил баст. Саргузашти шурангези Робиаи Балхӣ бисёр адибонро ба илхом овардааст. Шоири бузург Аттор (асри ХIII), Ризокулхони Хидоят (асри ХIХ) ва чанд нависандаи Тоҷикистону Афғонистони замони мо дар бораи у асарҳои бадеӣ навиштаанд.
Робиа духтари Каъби Қаздорӣ аввалин суханварест аз ҷумлаи занон, ки номи ӯ дар радифи шоирони форсигӯй зикр шудааст. Ӯ аз муосирони Рӯдакӣ буд. Шайх Аттор дар маснавии «Илоҳинома» достоне аз зиндагии ӯ нақл кардааст, ки беасос буданаш ба ҳақиқат наздиктар менамояд, вале мазмунаш ғазалҳои шӯрангезу равони Робиаро тавзеҳ медиҳад.
 
Ба гуфтаи Аттор Робиа духтари ҳокими Балх буд. Баъди марги падар бародари бузургаш Ҳорис ӯро сарпарастӣ мекард. Робиа ба Бектош ном ғуломи бародараш ошиқ шуд ва дар ишқи ӯ шеър мегуфт. Вақте ки асрори ошиқон фош гардид, бо фармони Ҳорис Робиаро дар ҳаммоми тафсон андохта, раги хунашро буриданд ва ӯ ҳалок шуд. Ризоқулихони Ҳидоят ҳам дар ин мавзӯъ манзумае ба номи «Гулистони Ирам» навиштааст.
 
 
== Эҷодиёт ==
Робиа асосан дар сурудани ашъори ошиқона устод буда, шеърҳои ишқии Рудакиро сармашқи худ қарор медодаст. Мегуянд, ки Робиа дар ҳамом вақти мурдан сари ангушташро хуншор намуда, ба девори ҳамом шеърхо навишт, ки хама ошиқона ва пур аз сузу гудоз ва дарду ҳасрат буданд:
Аз Робиа 7 ғазал, 4 дубайтӣ ва 2 фардбайт боқӣ мондааст.
 
== Ёддошт ==
:«Чунон дар шеър гуфтан хушзабон буд,
:Ки гӯи аз лабаш тамъе (шаҳде) дар он буд»''{{охири иқтибос}}
==Намунаи ашъор==
::Фишонд аз савсану гул симу зар бод,
::Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод!
::Бидод аз нақши Озар сад нишон об,
::Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод.
::Мисоли чашми Одам шуд магар абр,
::Далели лутфи Исо шуд магар бод.
::Ки дур борид ҳар дам дар чаман абр,
::Ки ҷон афзуд хуш-хуш дар шаҷар бод.
::Агар девона абр омад, чаро пас
::Кунад арза сабӯҳӣ ҷоми зар бод?
::Гули хушбӯй, тарсам, оварад ранг
::Аз ин ғаммоз субҳи пардадар бод.
::Барои чашми ҳар ноаҳл гӯӣ
::Арӯси боғро шуд ҷилвагар бод.
::Аҷаб чун субҳ хуштар мебарад хоб,
::Чаро афганд гулро дар саҳар бод?
 
::Ишқи ӯ боз андаровардам ба банд,
::Кӯшиши бисёр н-омад судманд.
::Ишқ дарёе каронанопадид,
::Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.
::Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,
::Баски бипсандид бояд нописанд.
::Зишт бояд диду ангорид хуб,
::Заҳр бояд хӯрду ангорид қанд.
::Тавсанӣ кардам, надонистам ҳаме,
::К-аз кашидан сахттар гардад каманд.
::Ҳаргиз рӯзе ба банда парво-т набуд,
::В-андешаи ин бедили шайдо-т набуд.
::Хурдем зи ту хуну нахӯрдӣ ғами мо,
::Дар пои ту мурдему сари мо-т набуд.
 
 
 
== Ёдгориҳо ==
* Нимпайкари Робиаи Балхӣ дар назди даромадгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон қарор дорад.
== Адабиёт ==
Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ.-Сталинобод,1958:
 
Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ.-Душанбе: Адиб,2007;
 
Мудаббири М.Шарҳи аҳвол ва ашъори шоирони бедевон дар қарнҳои 3,4,5-и ҳиҷрӣ.-Теҳрон,1370;
 
* E.G. Browne: Literary History of Persia. (Four volumes, 2,256 pages, and twenty-five years in the writing). 1998. ISBN 0-7007-0406-X{{ref-en}}
* Jan Rypka: History of Iranian Literature. Reidel Publishing Company. 1968 OCLC 460598. ISBN 90-277-0143-1{{ref-en}}