Шиъа: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 26:
 
== Таъриф дар луғат ва истилоҳ ==
Шиа дар луғат ба маънои пайрав ва тарафдор ва дар истилоҳи фирқашиносии динӣ ҷараёни сиёсӣ-диние аст, ки дар авохири давраи хилофа­ти рошидаи ислом ва ба таври дақиқ пас аз шаҳодати халифаи чаҳорум Алӣ ибни Абутолиб бо шиори тарафдори аз Алӣ ва фарзандонаш — аҳли байт ва дар эътироз ба хатти машйи динӣ ва сиёсати исломии оммаи мусулмонон ба вуҷуд омад. Пас аз вафоти [[расули Худо (с)]] мусулмонон тайи як нишасти машваратие дар Сақифаи Банӣ Соъида Абу­бакри Сиддиқро ба роҳбарии уммати ислом ва ҷой­нишинии расули акрам (с) баргузиданд, ки Алӣ, Аббос, Зубайр ва чанд тани дигар аз саҳобагон дар он ҳу­зур надоштанд.
 
== Таърих ==
Пас аз байъати умумии мардум Абубакр байъати худро ба Алӣ ва ҳамро­ҳонаш пешниҳод кард. Алӣ ба Абубакр — хали­фаи тозаинтихоб ҳамин қадар эътироз овард, ки: Ман худро бинобар қаробате, ки ба расули Худо (с) доштам, барои ин кор авло медонистам. Вале афзалияти мутла­қи Абубакр бар ҳамаи саҳобагон воқеияти бебаҳс буд ва Алӣ низ ба ин воқеият эътироф дошт. Аз сӯи ди­гар, ин дидгоҳи шахсии Алӣ буд, ки танҳо бо дошта­ни қаробати расули Худо (с) бояд кори хилофат ба вай вогузор мегашт ва он ҳам ба тариқи шӯро ва интихоби аксарияти мутлақи саҳобагон.
 
Дар ҳеҷ санади таърихӣ ва ривояти муътамади диние наёмадааст, ки Алӣ ғайр аз назари фавқ эътирози дигаре бо бақияи саҳобагон дошта ё худро ягона васӣ ва сарвари мусулмонон ва хилофатро ҳаққи илоҳии худ ва фарзанонаш дониста ва ё худро таъйиншуда аз ҷониби Худо ва ба василаи паёмбари акрам (с) гуфта бошад, балки асноди саҳеҳи таърихӣ собит месозанд, ки вай ҳукми шӯро ва раъйи аксарияти саҳобагонро ягона роҳи интихоби халифа медонист, аз ҷумла дар номае ба Муъовия мефар­мояд:

''«Шӯро ва интихоби халифа ҳаққи муҳоҷирон ва ансор аст. Вақте онҳо дар атрофи марде гирд омаданд ва ӯро имоми худ номиданд, бешак, ризои Худо низ дар он (ин­тихоби онҳо) мебошад. Дигар одами шоҳид ва ҳозир ҳаққи ихтиёр ва ғоиб ҳаққи рад карданро надорад»''<ref>Наҳҷу-л-балоға, бахши номаҳо, номаи шашум. — С. 274</ref>.
 
Бинобар ин, ҳамон гуна ки дар ривоятҳои саҳеҳ ома­дааст, вақте хабари байъати Абубакрро шунид, ҳук­ми шӯро ва раъйи аксарияти саҳобагонро шаръан мав­риди эътибор донист ва дар ҳамон рӯзҳои аввал ба бай­ъати ӯ шитофт ва дар нахустин задухӯрди лашкари Ис­лом бо баргаштагон, ки дар мавзеъе бо номи Зилқисса сурат гирифт, дар рикоби Абубакр — халифаи тоза­интихоби мусулмонон қарор дошт. Ин воқеа дар замо­не ба вуқӯъ пайваст, ки ҳанӯз як-ду ҳафтае аз хилофа­ти Абубакр нагузашта буд<ref>Фатҳулборӣ. — Ҷ. 9. — С. 272</ref>. Дигар то замони ба шаҳодат расидани Алӣ дар миёни уммати ислом ҳеҷ ихтилофи эътиқодӣ ва дудаста­гие дида намешуд ва онҳо чунин мафҳумҳо ва тақсимотеро бо номи тарафдорон ва шиаёни Алӣ, ки аз дигар мусулмонон бо андешаҳо ва эътиқодоти хоссе тафовут дошта бошанд, намедонистанд, балки мусулмо­нон дар ваҳдати умумӣ ба сар мебурданд ва хулафо кафи­ли ҳифзи ваҳдат ва таъмини якпорчагии ҷомеа буданд. Худи ҳазрат Алӣ ва фарзандонаш ба чунин фирқага­роии эътиқодӣ ва парокандагии фикрӣ ва иҷтимоӣ дар байни му­сулмонон комилан мухо­лиф буданд ва бар зидди чунин андешаҳои ифротӣ ва гароишоти хароби­овар ба шиддат мубориза мебурданд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Шиъа"