Алӣ ибни Абутолиб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
→‎Таърих: иловаҳо
Сатри 20:
 
== Таърих ==
Алӣ тайи панҷ солу шаш моҳ, ки хилофат кард, пайваста гирифтори ҷанг буд ва се гурӯҳ аз мухолифони ӯ буданд. Гурӯҳи нахустин касоне буданд, ки бо ӯ байъат карда, сипас паймоншиканӣ карданд ([[Талҳа]] ва [[Зубайр]]), ононе, ки аз тобеият ба Алӣ сар боз заданд [[Муовия писари Абусуфиён|Муовия ибни Абусуфия]] ва ононе, ки аз дар дин навоварӣ ҷорӣ карда, аз он берун рафтанд (чун [[хавориҷ|хавориҷи Наҳравон]]).
Зиндагии Алӣ боризтарин ва ибратомӯзтарин намунаи ҷонфидоиҳо буд дар роҳи Худо, дар роҳи Ҳақ ва ҳакиқати ислому суннати поку муқаддаси [[Расули Худо (с)]]. Пас мардумон аз паси Алӣ разия-л-Лоҳу анҳу бо Ҳасан ибни Алӣ байъат карданд. Ва нахустин касе ки ба ӯ байъат кард, Қайс ибни Саъд ибни Ибода буд, гуфт: {{аввали иқтибос}}«Байъат мекунам бо ту бар ҳукми Худои таоло ва бар суннати пайғамбар (с)»{{охири иқтибос|сарчашма=}}. Ва ҳамон рӯз донистанд мардумон, ки Ҳасанро нияти ҳарб кардан нест. Ва чун мардумони [[Куфа]] ва [[Ироқ]] бо Ҳасан (р) гирд омаданд ва гуфтанд: «Сипоҳ берун бар» Ҳасан чора наёфт, аз Куфа берун омад бо чиҳил ҳазор мард ва ба Мадоин омад. [[File:Ali And his Sons.JPG|thumb|left|200px|Алӣ ибни Абу-Толиб ва фарзандони ӯ.]] Ва Қайс ибни Саъд ибни Ибодаро бар муқаддима бифиристод бо дувоздаҳ ҳазор мард. Ва ба аввали ҳадди Шом бинишаст шашуми моҳи раббеъ-ул-аввал ба соли чиҳилу як ва Муғира ибни Шӯъба ба Макка буд аз қибали Алӣ ва чун Алӣ (р) кушта шуд, [[Муовия писари Абусуфиён| Муовия]] мар Муғираро аҳди Макка дод. Ва ба хабари дигар андар эдун гуфтанд, ки Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ба Басра буд, ки Алиро бикуштанд. Ва кас фиристода буд, ки аз ӯ шумор хоҳад. Ва Ҳасан чандин гоҳ ба Мадоин нишаста буд. Чун мардумон донистанд, ки ӯ ҳарб нахоҳад кардан, ҳар касе ҳилаи кори хеш ҳамекарданд ва сӯи Муовия ҳамегурехт. Ва Абдуллоҳ ибни Аббос (р) нома кард сӯи Муовия, ки ман сӯи ту оям ба Шом бад-он шарт, ки шумори Басра аз ман нахоҳӣ. Муовия иҷобат кард. Ва Абдуллоҳ ибни Аббос ба Шом шуд. Ва гурӯҳе эдун гӯянд, ки ин Убайдуллоҳ буд бародари ибни Аббос, ки аз [[Муовия писари Абусуфиён| Муовия]] сулҳ хост бар он ки бо ӯ шумори Басра накунад. Иҷобат кардаш. Ва Убайдуллоҳ сӯи Муовия шуд. Ва сипоҳ бар Ҳасан ибни Алӣ (р) бишӯриданд ва аз ӯ дирами байъат хостанд ва хештанро ба саропардаи андар афканданд ва ғорат карданд ва ӯро маҷрӯҳ карданд. Ва [[Муовия]] биёмад бо ҳама аҳли Шом. Ва бар ҳадди Ироқу [[Шом]] ҷое аст, он ҷо Маскин хонанд, он ҷо бинишаст. Ва кордори Ҳасан бар Мадоин Саъд ибни Масъуд буд, амми Мухтор ибни Абиубайд ас-Сақафӣ. Ва Мухтор бериш буд ҳануз ва бо амм буд. Чун дид, ки кори аммаш ва они Ҳасан (р) бишӯрид, аммро гуфт: «Агар коре хоҳи кард аз корҳои мардон, Ҳасани Алиро бибанд ва сӯи Муовия фирист, то туро вилояти Умайя бошад». Аммаш гуфт: {{аввали иқтибос}}«Лаънати Худой бар ту ва Муовия бод! Маро мефармоӣ, ки набераи Пайғамбар (с), ки беҳтарин халқ аст, бибандам ва сӯи писари [[Бӯсуфён]] бадтарин халқе фиристам»{{охири иқтибос|сарчашма=}}. Пас Ҳасан (р) чун бидид, ки аҳли [[Ироқ]] бо падараш чӣ карданд, дилаш сард шуд аз эшон ба Муовия кас фиристод ва сулҳ хост бар он ки кор бад-ӯ супорад ва бо ӯ байъат кунад бар ин шартҳо: яке он ки бар Алӣ (р) лаънат накунад ва дигар он ки Ҳасанро ва аҳли байти Алиро ба Мадина фиристад, то он ҷо бибошанд ва он хоста, ки андар байтулмоли Ироқ аст. Ҳама ба Ҳасан гузорад, то ӯро бошад. Пас Муовия Абдуллоҳ ибни Омир ва Абдураҳмони Сумраро бифиристод сӯи Ҳасан. Ва он ҳама шарт, ки карда буд, бипазируфт, магар лаънат кардан ба Алӣ разия-л-Лоҳу анҳу ва-т-таҳия. Гуфт: «Барнагирам». Ва ба ҳама шаҳрҳои Шом андар чунон буд, ки хатиб рӯзи одина хутба кардӣ, аз паси хутба бар Алӣ (р) лаънат кардӣ. Муовия гуфт: {{аввали иқтибос}}«Чун рӯзи одина ту он ҷо ҳозир бошӣ, хатибро бигӯям, то пеши ту лаънат накунад»{{охири иқтибос|сарчашма=}}. Пас Абдуллоҳ ибни Омир ва Абдураҳмон ибни Сумра байъат бо Ҳасан ибни Алӣ (р) бигрифтанд ва бар ҳама фарзандони Алӣ.
 
Муовия [[нома]] кард ба зани Ҳасан – Асмо бинти Ашъас ибни Қайс ва гуфт: {{аввали иқтибос}}«Агар ту Ҳасанро ҳалок кунӣ, ман туро ба писари хеш диҳам – Язид алайҳи-л-лаъна» пас Асмо нома кард ба ҷавоб, ки ман надонам, ки чӣ гуна бояд ҳалок бояд кардан. Пас Муовия дасторча заҳролуд кард ва ба Асмо фиристод ва гуфт: «Чун Ҳасан бо ту дарояд ин дасторча ӯро деҳ то хештанро бад-ин пок кунад»{{охири иқтибос|сарчашма=}} пас чун Ҳасан бо ӯ гирд омад, он дастрча ӯро дод. Ҳасан хештанро пок кард ва он заҳр андар андоми Ҳасан кор кард ва андар он ҳалок шуд ва гурӯҳе гуфтанд, ки шарбате заҳр фиристод Муовия ба Асмо, то ӯ мар Ҳасанро диҳад ва низ гуфтанд, ки Муовия Асморо, зани Ҳасан бипазируфта буд, ки то даҳ ҳазор мард ба ту диҳам ва даҳ зайъат ба саводи Ироқ андар. Баъди шаҳид шудани Ҳасан, Муовия бифармуд, то ӯро бикуштанд [1, 1157-1162].
 
== Вафот ==