Шиъа: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
→‎Таърих: иловаҳо
Сатри 29:
 
== Таърих ==
Пас аз байъати умумии мардум Абубакр байъати худро ба [[Алӣ ибни Абутолиб|Алӣ]] ва ҳамро­ҳонаш пешниҳод кард. [[Алӣ ибни Абутолиб|Алӣ]] ба Абубакр — хали­фаи тозаинтихоб ҳамин қадар эътироз овард, ки: Ман худро бинобар қаробате, ки ба расули Худо (с) доштам, барои ин кор авло медонистам. Вале афзалияти мутла­қи Абубакр бар ҳамаи саҳобагон воқеияти бебаҳс буд ва Алӣ низ ба ин воқеият эътироф дошт. Аз сӯи ди­гар, ин дидгоҳи шахсии Алӣ буд, ки танҳо бо дошта­ни қаробати расули Худо (с) бояд кори хилофат ба вай вогузор мегашт ва он ҳам ба тариқи шӯро ва интихоби аксарияти мутлақи саҳобагон.
 
Дар ҳеҷ санади таърихӣ ва ривояти муътамади диние наёмадааст, ки Алӣ ғайр аз назари фавқ эътирози дигаре бо бақияи саҳобагон дошта ё худро ягона васӣ ва сарвари мусулмонон ва хилофатро ҳаққи илоҳии худ ва фарзанонаш дониста ва ё худро таъйиншуда аз ҷониби Худо ва ба василаи паёмбари акрам (с) гуфта бошад, балки асноди саҳеҳи таърихӣ собит месозанд, ки вай ҳукми шӯро ва раъйи аксарияти саҳобагонро ягона роҳи интихоби халифа медонист, аз ҷумла дар номае ба Муъовия мефар­мояд:
Сатри 35:
''«Шӯро ва интихоби халифа ҳаққи муҳоҷирон ва ансор аст. Вақте онҳо дар атрофи марде гирд омаданд ва ӯро имоми худ номиданд, бешак, ризои Худо низ дар он (ин­тихоби онҳо) мебошад. Дигар одами шоҳид ва ҳозир ҳаққи ихтиёр ва ғоиб ҳаққи рад карданро надорад»''<ref>Наҳҷу-л-балоға, бахши номаҳо, номаи шашум. — С. 274</ref>.
 
Бинобар ин, ҳамон гуна ки дар ривоятҳои саҳеҳ ома­дааст, вақте хабари байъати Абубакрро шунид, ҳук­ми шӯро ва раъйи аксарияти саҳобагонро шаръан мав­риди эътибор донист ва дар ҳамон рӯзҳои аввал ба бай­ъати ӯ шитофт ва дар нахустин задухӯрди лашкари Ис­лом бо баргаштагон, ки дар мавзеъе бо номи Зилқисса сурат гирифт, дар рикоби Абубакр — халифаи тоза­интихоби мусулмонон қарор дошт. Ин воқеа дар замо­не ба вуқӯъ пайваст, ки ҳанӯз як-ду ҳафтае аз хилофа­ти Абубакр нагузашта буд<ref>Фатҳулборӣ. — Ҷ. 9. — С. 272</ref>. Дигар то замони ба шаҳодат расидани Алӣ дар миёни уммати ислом ҳеҷ ихтилофи эътиқодӣ ва дудаста­гие дида намешуд ва онҳо чунин мафҳумҳо ва тақсимотеро бо номи тарафдорон ва шиаёни Алӣ, ки аз дигар мусулмонон бо андешаҳо ва эътиқодоти хоссе тафовут дошта бошанд, намедонистанд, балки мусулмо­нон дар ваҳдати умумӣ ба сар мебурданд ва хулафо кафи­ли ҳифзи ваҳдат ва таъмини якпорчагии ҷомеа буданд. Худи ҳазрат [[Алӣ ибни Абутолиб|Алӣ]] ва фарзандонаш ба чунин фирқага­роии эътиқодӣ ва парокандагии фикрӣ ва иҷтимоӣ дар байни му­сулмонон комилан мухо­лиф буданд ва бар зидди чунин андешаҳои ифротӣ ва гароишоти хароби­овар ба шиддат мубориза мебурданд.
 
Аз сӯйи дигар, оммаи мардуми мусулмон Алӣ ва фарзандонашро ба мисли дигар саҳобагони расули Худо (р) ва ҳатто бештар аз онҳо дӯст медоштанд ва пас аз кушта шудани халифаи сеюм Усмон ибни Аффон Алӣ ва фарзандаш Ҳасанро ба хилофат баргузиданд. Дар ривоятҳои саҳеҳи таърихӣ омадааст, ки ҳатто дар замоне ки байни [[Алӣ ибни Абутолиб|Алӣ]] ва [[Муовия писари Абусуфиён|Муъовия]] ҷангҳо идома доштанд, тамоми мардуми мусулмон бо шумули мардуми Шом, ки тарафдорон ва ҳомиёни Муъовияро[[Муовия писари Абусуфиён|Муъовия]]ро ташкил медоданд, ӯро амир [[Муовия писари Абусуфиён|Муъовия]] мегуфтанд ва танҳо Алиро халифа медонистанд ва танҳо пас аз кушта шудани Алӣ ва танозули имом Ҳасан аз хилофат ба Муъовия халифа гуфта шуд.
 
Дар замони хило­фати Алӣ вазъи сиёсии ҷаҳони ислом хеле ошуфта, тамоюлоти носолими фикрӣ ва андешаҳои ифротии эътиқодӣ ба хусус дар байни мардуми Ироқ шиддат гирифт ва Алӣ ночор маркази хилофат­ро аз Мадина ба Куфа интиқол дод. Дар чунин вазъи ошуфтаи фикрӣ ва сиёсӣ пас аз ша­ҳодати Алӣ дар сарзамини Ироқ фирқаи диние бо номи шиа бо андешаҳо, низоми эътиқодӣ ва бардошт­ҳои хоссе аз сарчашмаҳои шаръ зуҳур кард ва то имрӯз идома дорад.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Шиъа"