Муъовия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
иловаҳо
Сатри 8:
 
== Муъовия дар замони хулафо ==
Пас аз вафоти Паёмбари Ислом дар соли шашсаду сивудуи мелодӣ, Муъовия ба пайравии падараш аз байъат бо [[АбубакрАбубакри Сиддиқ]] сар боз зад. Баҳонаи Муъовия ва Абусуфиён ин буд, ки [[Абубакри Сиддиқ|Абубакр]] аз қабилаи Бани тайим аст ва хилофат бояд аз они бани Ҳошим ё бани Умайя бошад. Саранҷом бо исрори Ҳишом бинни Умру, Абусуфиён ва писараш розӣ ба байъат бо [[Абубакри Сиддиқ|Абубакр]] шуданд. [[Абубакри Сиддиқ|Абубакр]], Язид бинни Абусуфиён ва Муъовияро ба Шом гусел кард. Язид дар он ҷо муваффақият ба даст овард ва [[Димишқ]] фатҳ шуд. Язид низ ба ҳукмронӣ ва вилояти [[Димишқ]] баргузида шуд. [[Умар бинни Хаттоб]], Язидро дар ҳукмронии Димишқ ибқо кард ва Фаластин ва навоҳии атрофи онро қаламрави вай афзуд. Дар соли 18-и [[Гоҳшумори Ҳиҷри қамарӣ|ҳиҷрӣ]] Язид даргузашт ва бародараш Муъовия ҷойи ӯро гирифт. Бо марги [[Умар бинни Хаттоб|Умар]], [[Усмон]] низ Муъовияро дар қойи худ ибқо кард. Бад-ин тартиб Муъовия дар замони хилофати се халифаи нахуст, ба тадриҷ дар Шом қудрат ва маҳбубият касб кард. Дар ҷараёни муҳосираи Усмон бо ин ки аз тарафи Усмон аз Муъовия хоста шуда буд, ки кумакаш биёяд ва фурсати чунин коре ҳам барои Муъовия вуҷуд дошт дар айни ҳол тааллул варзид.<ref>[http://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%85%D8%B9%D8%A7%D9%88%DB%8C%D9%87_%D9%BE%D8%B3%D8%B1_%D8%A7%D8%A8%DB%8C%E2%80%8C%D8%B3%D9%81%DB%8C%D8%A7%D9%86 Муовия писари Абусуфиён]</ref>
 
== Муъовия дар замони хилофати Алӣ ==
Пас аз марги Усмон, [[Алӣ ибни Абитолиб|Алӣ]] ба хилофат расид. [[Алӣ ибни Абитолиб|Алӣ]] пешниҳоди атрофиёнашро барои ибқои Муовия напазируфт ва ӯро аз уммат ва ҳукумати Шом азл кард. Муовия ба баҳонаи кушта шудани Усмон ва интиқоми хуни ӯ, вориди ҷанг бо [[Алӣ ибни Абитолиб|Алӣ]] шуд. Мардуми [[Шом]] бо ӯ байъат карданд ва бар алайҳи Алӣ ҳамдастон шуданд. Саранҷом ҷанги Сиффин даргирифт. Дар ин ҷанг шикасти нахуст ба Муъовия афтод. Аммо ба савобдиди Амру Ос [[Қуръон]] бар найза карданд ва ҳакамият матраҳ гашт. Натиҷаи ҳакамият халъи [[Алӣ ибни Абитолиб|Алӣ]] ва таҳкими ҳукумати Муъовия дар Шом буд.
 
== Ташкили ҳукумати [[Уммавиён]] ==
Муъовия аз замони хилофати Алӣ ба хилофат чашм духта буд ва баъд аз марги [[Алӣ ибни Абитолиб|Алӣ]], мавқеиятро муносиб дид. Мардум дар [[Ироқ]] бо [[Ҳасан бинни Алӣ]] байъат карданд. Вале шомиён Муъовияро [[халифа]] донистанд. Муъовия ба Ироқ лашкар кашид ва Ҳасан бо дувоздаҳ ҳазор нафар ба муқобила бархост ва Қайс бинни Ибода, фармондеҳи лашкар буд ва Убайдуллоҳ бинни Аббос ҳам аз фармондеҳони сипоҳ. Пас аз муддате [[Ҳасан]] дарёфт, ки бо чунин лашкаре дигар ниёз ба душман нест. Ва идома додани ин ҷанг, муслиминро ба муслах бурдан аст. Сипоҳе, ки бо шоеъа мутафарриқ шаванд ва фармондеҳон ба чанд киса зар худро бифурушанд, барои шикаст хурдан ниёз ба душман надорад. Нақл аст, ки вақте сипоҳи Куфа ба Мадоин расид. Шоеъа шуд, ки Қайс бинни Ибода кушта шуд. Балвое дар лашкар бапо шуд ва мардум ба хаймаи Ҳасан рехтанд ва амволи ӯро ғорат карданд ва ҳатто гилеми зери пойи ӯро кашиданд. Ва пойи ӯро маҷрӯҳ карданд.
Барои Ҳасан мусаҷҷал шуд, ки ҷанг бо Муъовия, ҷуз шикаст ва рехтани хуни муслимин натиҷае дар нахоҳад дошт. Бинобар ин бо Муъовия сулҳ кард ва хилофати ӯро ба чунин шарт ба Муъовия супурд. Ин аввалин санги бинои силсилаи подшоҳии Уммавиён дар торих буд. Силсилае, ки соли 91-и [[Гоҳшумори Ҳиҷри қамарӣ|ҳиҷрӣ]] ва 89 мелодӣ дар тамоми мамолики исломӣ идома ёфт ва аз он пас беш аз 7 қарн дар Андалус ҷараён дошт.<ref>[http://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%85%D8%B9%D8%A7%D9%88%DB%8C%D9%87_%D9%BE%D8%B3%D8%B1_%D8%A7%D8%A8%DB%8C%E2%80%8C%D8%B3%D9%81%DB%8C%D8%A7%D9%86 Муъовия писари Абусуфиён]</ref>