Заҳири Форёбӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 28:
'''Заҳируддин Абулфазл Тоҳир ибни Муҳаммади Форёбӣ'''
==Зиндагинома==
Заҳируддин Абулфазл Тоҳир ибни Муҳаммади Форёбӣ охирин намояндаи барҷастаи адабиёти форсӣ-тоҷикии асрҳои XI-XII тақрибан соли 1160 дар қаряи Форёби Балх чашм ба дунёи равшан боз кардааст. Дар Форёб ва Нишопур ба касби илму дониш машғул гардид. Ҳангоми зиндагонӣ дар Нишопур қасидаҳое дар мадҳи ҳокими Салҷуқии он Туғоншоҳ ибни Муайяд назм кард. Аммо Заҳири Форёбӣ мавриди инояти Туғоншоҳ қарор нагирифт. Аз он ба баъд ихтиёри сафари Исфаҳон кард, зеро Исфаҳон маркази илму адаби Ироқи Аҷам буд ва донишмандону суханварони бисёр бо он ҷо иртибот до-штанд ва ба ин васила касби маош мекарданд.Дар Исфаҳон ба хидмати Садруддини Хуҷандӣ, ки аз акобир ва фузалои ин шаҳр буд, рўй овард. Тақрибан ду соли умри ў дар Исфаҳон сипарӣ гардид. Баъд аз он озими Мозандарон ва Озарбойҷон шуд. Дар Мозандарон муддати кўтоҳе ба сар бурда, ҳокими он Ардашер ибни Ҳасанро сутудааст.Шуҳрати бештар касб кардани ҳавзаи адабии Озарбойҷон ва овозаи шоирнавозии Салҷуқиёни Озарбойҷон боис гардид, ки Заҳири Форёбӣ ба ин сарзамин ояд. Заҳир дар ситоиши Туғрал ибни Арслони Салҷуқӣ, Қизил Арслон ибни Элди-гиз, Абўбакр ибни Муҳаммад ибни Элдигиз ва умарои дигари Салҷуқӣ қасидаҳои мадҳӣ гуфтааст. Бештари қасоиди ў дар мадҳи Абўбакр Муҳаммад ибни Элдигиз назм шудаанд, ки теъдоди онҳо аз 35 қасида зиёдтар аст.Ҳамчунин қасидаҳои Заҳир дар мадҳи Қизил Арслон шуҳрат доранд. Саъдии Шерозӣ дар муқаддимаи “Бўстон” бо назардошти мадеҳаҳои Заҳири Форёбӣ чунин гуфтааст:
::Ба роҳи такаллуф марав, Саъдиё,
::Агар сидқ дорӣ, биёру биё.