Муҳаммади Шофеъӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 8:
}}
 
'''Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ''' ({{lang-ar|محمد بن إدريس الشافعي}}; 767, Ғазза, [[Фаластин]] — 20 январи 820, Фустот, ҳозира [[Миср]]) — яке аз чаҳор имоми [[Аҳли суннат ва ҷамоат|аҳли суннат]], пешвои [[Мазҳаб|мазҳаби]] шофеӣ[[шофеъӣ]] ва асосгузори илми усули фиқҳ.
 
== Зиндагинома ==
Номи пурра: Шофеъӣ Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Идрис ибни Аббос ибни Усмон ибни Шофеъи Қурайшӣ Абӯабдуллоҳ. Муҳаммад Шофеъӣ (рҳ) ба ҷадди сеюмаш Шофеъ, ки ба дидори [[расули Худо (с)]] мушарраф гардида, нисбат ёфтааст. Вай дар замони хилофати Абӯҷаъфари Мансур – дувумин халифаи аббосӣ, ҳамон соле, ки [[Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит|имом Абӯҳанифа (рҳ)]] вафот карда, ба дунё омада ва дар замони хилофати Маъмуни Аббосӣ вафот кардааст.
 
Муҳаммад Шофеӣ дар Ғазза таваллуд шуда, ӯро хонаводааш дар ду солагӣ ба [[Макка]] бурданд ва он ҷо дар 9-солагӣ [[Қуръон]] ва дар 10-солагӣ «Муватта»-и имом Моликро ҳифз кард. Пас аз он соли 170 ҳиҷрӣ дар синни 20-солагӣ ба [[Мадина]] омад ва назди [[имом Молик]]|имом Молик (рҳ)]] муддате ба таҳсил пардохт, сипас ба пойтахти хилофат шаҳри [[Бағдод]] рафт ва дар он ҷо миёни вай ва имом Муҳаммади Шайбонӣ пайвандҳои дӯстӣ ва муровадаи илмӣ барқарор шуд.
 
== Муассиси мазҳаб ==
Шофеъӣ (рҳ) мазҳаби қадими худро дар давраи буду бошаш дар Ироқ поярезӣ кард ва китобе, ки дар ин давра таълиф намуд, бо номи «ал-Ҳуҷҷат» маъруф аст. Пас аз он ба шавқи дидори имом Молик (рҳ) ба Мадина рафт, вале пеш аз вусули ӯ ба он ҷо имом Молик (рҳ) даргузашта буд, вай аз он ҷо ба [[Миср]] шуд ва бақияи умрро дар он ҷо ба сар бурд ва мазҳаби ҷадидашро дар он ҷо таъсис дод.

== Осор ==
Аз вай осори зи¬ёдезиёде дар риштаи ҳадис ва фиқҳ бар ҷой монда, ки китобҳои «ал-Муснад» дар ҳадис, «ал-Ҳуҷҷат» ва «ал-Умм» дар фиқҳ, «Адабу-л-қозӣ», «Усулу-л-фиқҳ», «Аҳкому-л-Қуръон», «Ихтилофу-л-ҳадис» ва «ар-Рисола» машҳуртарини онҳо бошанд.