Муҳаммади Шофеъӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 8:
}}
 
'''Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ''' ({{lang-ar|محمد بن إدريس الشافعي}}; 767, Ғазза, [[Фаластин]] — 20 январи 820, Фустот, ҳозира [[Миср]]) — яке аз чаҳор имоми [[Аҳли суннат ва ҷамоат|аҳли суннат]], пешвои [[Мазҳаб|мазҳаби]] [[шофеъӣ]] ва асосгузори илми усули фиқҳ<ref>ал-Аъломи Зириклӣ. Ҷ. 6. – С. 26</ref><ref>Ҳасан Иброҳим Ҳасан, Таърихи сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ислом. – Ҷ. 2. – С. 66. – Қоҳира.</ref>.
 
== Зиндагинома ==
Номи пурра: Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Идрис ибни Аббос ибни Усмон ибни Шофеъи Қурайшӣ. Муҳаммад Шофеъӣ (рҳ) ба ҷадди сеюмаш Шофеъ, ки ба дидори [[расули Худо (с)]] мушарраф гардида, нисбат ёфтааст. Вай дар замони хилофати Абӯҷаъфари Мансур – дувумин халифаи аббосӣ, ҳамон соле, ки [[Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит|имом Абӯҳанифа (рҳ)]] вафот карда, ба дунё омада ва дар замони хилофати Маъмуни Аббосӣ вафот кардааст.
 
Муҳаммад Шофеӣ дар Ғазза таваллуд шуда, ӯро хонаводааш дар ду солагӣ ба [[Макка]] бурданд ва он ҷо дар 9-солагӣ [[Қуръон]] ва дар 10-солагӣ «Муватта»-и имом Моликро ҳифз кард. Пас аз он соли 170 ҳиҷрӣ дар синни 20-солагӣ ба [[Мадина]] омад ва назди [[имом Молик|имом Молик (рҳ)]] муддате ба таҳсил пардохт, сипас ба пойтахти хилофат шаҳри [[Бағдод]] рафт ва дар он ҷо миёни вай ва имом Муҳаммади Шайбонӣ пайвандҳои дӯстӣ ва муровадаи илмӣ барқарор шуд<ref>Дар бораи чигунагии омадани имом Шофеъӣ (рҳ) ба Бағдод ҳаводис ва достонҳое ривоят шуда, ки нақли онҳо дар ин ҷо ҳеҷ аҳаммияте барои баёни мавзӯъ надоранд.</ref>.
 
== Муассиси мазҳаб ==