Григол Абашидзе: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
No edit summary |
No edit summary |
||
Сатри 19:
}}
'''Григо́л Григо́лович Абаши́дзе''' ({{lang-ka|გრიგოლ გრიგოლის ძე აბაშიძე}}; [[19 июл]] ([[1 август]])-и [[1914]], Чиатура, [[Гурҷистон]] — [[29 июл|29 июли]] [[1994]], [[Тифлис]], [[Гурҷистон]]) — [[шоир]] ва нависандаи [[Гурҷистон|гурҷӣ]], академики АИ РСС Гурҷистон (1979). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974). Котиби якуми Садорати ИН Гурҷистон (1967 – 1981).
== Зиндагинома ==
Григол Абашидзе [[19 июл]] ([[1 август]])-и [[соли 1914]] дар шаҳри Чиатура ба дунё омадааст. Соли 1931 мактаби миёнаро дар Тифлис хатм кардааст. Дар соли 1936 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Ттифлисро хатм намудааст. Шеърҳояш аз соли 1934 чоп мешаванд.
== Фаъолияти эҷодӣ ==
Асарҳои Абашидзе ба таърихи қадими Гурҷистон ва ҳаёти бунёдкоронаи имрӯзаи он бахшида шудаанд. Қаҳрамонҳои асарҳои ӯ («Ҳамеша дар либоси ҷангӣ», 1938; «Диди Свенски», 1939) меҳнаткашону родмардонанд. Маҳорати эҷодии Абашидзе хусусан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945) сайқал ёфт. («Душманон», «Мусобиқаи танкҳо», 1941; «Байрақҳо»; достони «Кавкази мағлубиятнопазир», 1943) ва ғайра Абашидзе барои асарҳои «Дар сарҳади ҷанубӣ» (1949) ва «Ленин дар Самгори» (1950), сазовори Мукофоти давлатии СССР гардидааст (1951). Абашидзе муаллифи достони драмавии «Қиссаи тифлисиҳои нахустин» (1959) ва «Саёҳат дар се айём» (1961), маҷмӯаи «Тоқи заррин» (1966) мебошад. ӯ «Чӯҷачаи хурдӣ» (1943), «Парасту дар Рустави» (1950) барин асарҳои бачагона низ таълиф кардааст.
Абашидзе яке аз муаллифони (ҳамроҳи А. В. Абашели) матни Суруди Миллии РСС Гурҷистон мебошад. Ба тоҷикӣ қариб 50 шеър ва як қатор ҳикояҳои ӯ тарҷума гардидаанд, ки «Ленин дар Самгорӣ», ҳикояи «Сабақи бераҳмӣ» аз ҳамин ҷумлаанд. Иштирокчии Рӯзҳои адабиёти шӯравӣ дар Тоҷикистон (1981).
== Осор ==
* Избранная лирика, М., 1985.
== Эзоҳ ==
|