Нур Табар: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{Адиб}}
|Ном = Нур Табар
|Номи аслӣ =
|Акс =
|Тавсифи акс =
|Ном ҳангоми таваллуд = Табаров Нурмуҳаммад
|Номи пурра =
|Тахаллусҳо =
|Зодрӯз = 15.7.1941
|Зодгоҳ =
|Санаи марг =
|Маҳалли вафот =
|Табаият = Тоҷикистон
|Намуди фаъолият = [[нависанда]], [[драматург]]
|Солҳои фаъолият =
|Самт =
|Жанр = [[Драма (жанр)|драма]], [[наср]]
|Забони осор = тоҷикӣ, русӣ
|Мукофотҳо =
|Lib =
|Сайт =
}}
Нур Табар (Табаров Нурмуҳаммад; тав. 15 июли соли 1941 дар деҳаи Ғешии ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдат) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, соли 1970 шуъбаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии Маскавро ба итмом расонда, солҳои тӯлонӣ корманди матбуот, аз ҷумла, ходими адабӣ, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», хабарнигори махсуси рӯзномаи «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон, муҳаррири рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана», муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», котиби масъули ҳафтаномаи «Сухан», муҳаррири ҳафтаномаи «Навиди бозаргон», ҷонишини муҳаррири моҳномаҳои «Фарҳанг»-у «Тоҷикистон» будааст. Чанд сол вазифаҳои мудири шуъбаи тарғиботи Кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе ва мудири шуъбаи маданияти КМ ПК Тоҷикистон, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, ҷонишин ва раиси Иттиҳодияи «Тоҷиккино» ва сардори раёсати равобити байналмилалии Вазорати фарҳангро бар уҳда доштааст. Ҳоло сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» мебошад.
 
Аз соли 1960 ба эҷоди бадеӣ шуғл варзида, то имрӯз осори мансуру драмавии ӯ дар маҷмӯаҳои «Роҳҳои дуру наздик» (1977), «Ин баҳор чӣ меорад?» (1983), «Дарёи нур» (ҳамроҳи Раҷаб Мардон; (1985), «Дар чорсӯ» (1986), «Чорсӯ» (2000) ва ғ.ғайра дастраси хонандагон гардидаанд.
 
Драмаи «Дар чорсӯ» (1985) дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии академии драмавии ба номи Мулло Нафаси Ашқобод, театрҳои Кӯлобу Хуҷанд саҳнагузорӣ шудааст.