199
edits
Дӯстдори адаб (баҳс | ҳисса) |
(навсозӣ) |
||
|Соядаст =
}}
'''Муизии Нишопурӣ'''(таваллуд 1049, марг 1126, зодгоҳ Нишопур)
==Зиндагинома==
Амирушшуаро Абўабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдулмалик Муиззии Нишопурӣ тақрибан соли
::Эй моҳ, чу абрувони ёрӣ гўйӣ,
::Ё не чу камони шаҳриёрӣ гўйӣ.
::Наъле зада аз зарри иёрӣ гўйӣ,
::Дар гўши сипеҳр гушворӣ гўйӣ.
Муиззӣ чаҳор ташбеҳи зебое бар моҳ овард ва шеърро бо таъбироти писандида биёрост ва табъи ваққоди худро ба зуҳур расонид.Дар рўзгори шоирии Муиззӣ ин гуна санҷишҳо зиёд рух додаанд ва шоир бо ҳунари олии сухансанҷӣ ҳамеша аз маърака сарбаланд берун омадааст. Муиззӣ фарзанди шоир Абдулмалики Бурҳонӣ мебошад, ки аз надимон ва амирони [[Алп Арслон]] - падари Султон Маликшоҳи Салҷуқӣ буд. Аз рўи ҳикояти [[Рашидии Самарқандӣ]], Абдулмалики Бурҳонӣ аввали салтанати Маликшоҳро низ дарёфта буд. Дар Қазвин умри ў сар омад ва писарашро бо мақсади тарбият ва сарпарастӣ ба Маликшоҳ супоридааст. Дар ин маврид байти зерини Бурҳониро зикр кардаанд:
::Ман рафтаму фарзанди ман омад халафи сидқ,
::Ўро ба Худову ба худованд супурдам.
Муиззӣ баъди вафоти [[Маликшоҳи
::То қиёмат фахри ман бошад, ки андар базми хеш,
::Дар бари тахтам нишониву «падар» хонӣ маро.
::Не гови заминам, ки ҷаҳон баргирам,
::Не чархи чаҳорумам, ки хуршед кашам».
Дар бораи вафоти Муиззӣ муаллифи «Лубоб-ул-албоб» чунин навиштааст: «Сабаби вафоти ў он буд, ки рўзе султони Саид Санҷар дар хиргоҳ тир меандохт ва ў беруни хиргоҳ истода буд. Ногоҳ тире аз камони шоҳ ҷудо шуд ва аз ҷодаи ҳадаф хато шуд бе қасд. Тир нишона аз ҷигари он дилбанди фузало сохт, мурѓи чаҳорпари тири ў аз саводи дили он саводи дидаи арбоби ҳунар дона сохт ва дарҳол бар замин афтод ва ҷон ба осмон рафт. Оре, тири қасди замонаро ҷуз аз дили фузало нишона нест»
::Миннат Худойро, ки ба фарри худойгон,
::Ман бандаи бегуноҳ нашудам кушта ройгон.
::Фазли Худой донаму фарри худойгон.
==Мероси адабӣ==
Девони ашъори Муиззиро бист ҳазор байт ва бештар аз он низ гуфтаанд. Аммо биноан бар нашри Аббос Иқболи Оштиёнӣ, ки соли 1930 аз тариқи китобфурўшии «Исломия» оростаи табъ шудааст, аз ҳаждаҳ ҳазору шашсаду бисту се байт иборат аст. Соли [[1984]] нашри тозаи осори шоир бо номи «Куллиёти девони Муиззӣ» бо муқаддима ва тасҳеҳи Носири Ҳирӣ (Ҳирноми рустое дар Ардабил, бо Ҳирот муносибате надорад) сурат гирифт. Девони ашъори Муиззӣ аз 463 қасида, 3 тарҷеъбанд, 3 тар-киббанд, як мусаммат, 60 ѓазал, 33 қитъа ва 176 рубоӣ таркиб ёфтааст. Донишманди бузурги адабиёти форсӣ устод Саид Нафасӣ навишта: «Муиззӣ яке аз бузургтарин шоирони Эрон аст ва шеъри ў дар мунтаҳои дараҷаи равонию содагию ширинист ва аз ин ҳайс бар ҳамаи шоирони қарни шашум ба ҷуз Собири Тирмизӣ бартарӣ дорад. Махсусан, дар авсофи табиат ва ѓазалсароӣ маҳорати томе дошта ва дар мадҳу марсия баёни муассир ва каломи фасеҳ дорад»
Ва Абўтоҳири Хотунӣ мегўяд дар китоби «Маноқиб-уш-шуаро», ки: «Ин қасидаро тақрибан сад кас аз фузало ҷавоб гуфтаанд, аммо мисли амир Муиззӣ ҳеҷ кадом нагуф-тааст». Абўтоҳир мегўяд, ки занни ман он аст, ки қасидаро амир Муиззӣ аз [[Унсурӣ]] муҳкамтар мегўяд»
::Бар ҳаво абри баҳорӣ сим полояд ҳаме,
::Бар замин боди шимолӣ мушк паймояд ҳаме.
::К-Эзид туро ҳамеша нигаҳбону ёвар аст.
== Адабиёт
* Абдулманнони Насриддин. Куллиёти осор. -
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
[[Гурӯҳ:Шоирон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Шоирони порсигӯ ]]
|
edits