Муизии Нишопурӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
No edit summary
Сатри 24:
 
==Зиндагинома==
Амирушшуаро Абўабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдулмалик Муиззии Нишопурӣ тақрибан соли [[1049]] дар1049дар [[Нишопур]] чашм ба дунёи ҳастӣ боз кардааст. Шоир ба ифтихори Муиззуддин Маликшоҳ ибни Али Арслон «Муиззӣ» тахаллус кардааст. [[Маликшоҳи Салҷуқӣ]] бо маслиҳати вазираш [[Низомулмулк]] дар ободонии мулк саъйи бисёр кардааст. Тақрибан солҳои 1074-1075 яке аз амирони фозили султон Маликшоҳ бо номи Алоуддавла Алӣ ибни Заҳирруддин Абўмансури Фаромарз ўро ба Маликшоҳи Салҷуқӣ муаррифӣ кард. Муаллифи «Чаҳор мақола» - [[Низомии АрӯзииАрўзии Самарқандӣ]], ки ба Муиззӣ эҳтироми зиёд дошт, тафсилоти он қиссаро дар ҳикояти панҷуми боби дувуми ки-тоби худ батафсил нақл кардааст. Иттилооти «Чаҳор мақола» қадимтарин ва муҳимтарин санад доир ба рўзгори Амир Муиззист, ки баъдан сарчашмаҳои дигар онро бисёр такрор кардаанд. Аввалин шеъре, ки Муиззӣ он рўз гуфт, ба Маликшоҳ баѓоят писанд омад. Иттифоқан, он рўз моҳи нав тулўъ карда буд ва Алоуддавла амир Алӣ аз ў хоҳиш кард, ки шеъре дар баёни зоҳир шудани ҳилоли моҳ бигўяд. Муиззӣ бадоҳатан ин рубоӣ бигуфт:
::Эй моҳ, чу абрувони ёрӣ гўйӣ,
::Ё не чу камони шаҳриёрӣ гўйӣ.
::Наъле зада аз зарри иёрӣ гўйӣ,
::Дар гўши сипеҳр гушворӣ гўйӣ.
Муиззӣ чаҳор ташбеҳи зебое бар моҳ овард ва шеърро бо таъбироти писандида биёрост ва табъи ваққоди худро ба зуҳур расонид.Дар рўзгори шоирии Муиззӣ ин гуна санҷишҳо зиёд рух додаанд ва шоир бо ҳунари олии сухансанҷӣ ҳамеша аз маърака сарбаланд берун омадааст. Муиззӣ фарзанди шоир Абдулмалики Бурҳонӣ мебошад, ки аз надимон ва амирони [[Алп Арслон]] - падари Султон Маликшоҳи Салҷуқӣ буд. Аз рўи ҳикояти [[Рашидии Самарқандӣ]], Абдулмалики Бурҳонӣ аввали салтанати Маликшоҳро низ дарёфта буд. Дар Қазвин умри ў сар омад ва писарашро бо мақсади тарбият ва сарпарастӣ ба Маликшоҳ супоридааст. Дар ин маврид байти зерини Бурҳониро зикр кардаанд:
::Ман рафтаму фарзанди ман омад халафи сидқ,
::Ўро ба Худову ба худованд супурдам.
Сатри 49:
::Не гови заминам, ки ҷаҳон баргирам,
::Не чархи чаҳорумам, ки хуршед кашам».
Дар бораи вафоти Муиззӣ муаллифи «Лубоб-ул-албоб» чунин навиштааст: «Сабаби вафоти ў он буд, ки рўзе султони Саид Санҷар дар хиргоҳ тир меандохт ва ў беруни хиргоҳ истода буд. Ногоҳ тире аз камони шоҳ ҷудо шуд ва аз ҷодаи ҳадаф хато шуд бе қасд. Тир нишона аз ҷигари он дилбанди фузало сохт, мурѓи чаҳорпари тири ў аз саводи дили он саводи дидаи арбоби ҳунар дона сохт ва дарҳол бар замин афтод ва ҷон ба осмон рафт. Оре, тири қасди замонаро ҷуз аз дили фузало нишона нест» <ref>Лубоб-ул-албоб, ҷилди 2, - с.70</ref>.Аммо аз ашъори Муиззӣ маълум мешавад, ки баъди ин ҳодиса низ муддате зиндагӣ ба сар бурдааст:
::Миннат Худойро, ки ба фарри худойгон,
::Ман бандаи бегуноҳ нашудам кушта ройгон.
Сатри 59:
::Фазли Худой донаму фарри худойгон.
==Мероси адабӣ==
Девони ашъори Муиззиро бист ҳазор байт ва бештар аз он низ гуфтаанд. Аммо биноан бар нашри Аббос Иқболи Оштиёнӣ, ки соли 1930 аз тариқи китобфурўшии «Исломия» оростаи табъ шудааст, аз ҳаждаҳ ҳазору шашсаду бисту се байт иборат аст. Соли [[1984]] нашри тозаи осори шоир бо номи «Куллиёти девони Муиззӣ» бо муқаддима ва тасҳеҳи Носири Ҳирӣ (Ҳирноми рустое дар Ардабил, бо Ҳирот муносибате надорад) сурат гирифт. Девони ашъори Муиззӣ аз 463 қасида, 3 тарҷеъбанд, 3 тар-киббанд, як мусаммат, 60 ѓазал, 33 қитъа ва 176 рубоӣ таркиб ёфтааст. Донишманди бузурги адабиёти форсӣ устод Саид Нафасӣ навишта: «Муиззӣ яке аз бузургтарин шоирони Эрон аст ва шеъри ў дар мунтаҳои дараҷаи равонию содагию ширинист ва аз ин ҳайс бар ҳамаи шоирони қарни шашум ба ҷуз Собири Тирмизӣ бартарӣ дорад. Махсусан, дар авсофи табиат ва ѓазалсароӣ маҳорати томе дошта ва дар мадҳу марсия баёни муассир ва каломи фасеҳ дорад» <ref>(Саид Нафисӣ. Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ, ҷилди 1, - ссаҳ. 83</ref>).
Ва Абўтоҳири Хотунӣ мегўяд дар китоби «Маноқиб-уш-шуаро», ки: «Ин қасидаро тақрибан сад кас аз фузало ҷавоб гуфтаанд, аммо мисли амир Муиззӣ ҳеҷ кадом нагуф-тааст». Абўтоҳир мегўяд, ки занни ман он аст, ки қасидаро амир Муиззӣ аз [[Унсурӣ]] муҳкамтар мегўяд» <ref>Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкират-уш-шуаро, - с.47-48</ref>.Ин қасидаи Муиззӣ дорои 43 байт аст, воқеан, аз дилпазиртарин қасидаи назми форсист.Амир Муиззӣ дар шеър шеваи сухангустарии [[Рӯдакӣ]]Рўдакӣ, [[Унсурӣ]], Фаррухӣ ва Манучеҳриро идома дода, дар ин равиш ибтикороти тозае ворид кардааст. Дар ҷавоби қасидаи машҳури [[Рӯдакӣ]]Рўдакӣ бо радифи «ояд ҳаме» қасидаву қитаоте бо матлаъҳои зерин дорад:
::Бар ҳаво абри баҳорӣ сим полояд ҳаме,
::Бар замин боди шимолӣ мушк паймояд ҳаме.
Сатри 86:
 
== Адабиёт ==
* Абдулманнони Насриддин. Куллиёти осор. - Ҷҷ.1.- Хуҷанд, 2013. - с.367-373
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}