Асадии Тўсӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Адиб |Ном = Асадии Тўсӣ |Номи аслӣ = اسدی طوسی |Акс = |Тавсифи акс...
(бе тафовут)

Нусха 05:08, 22 май 2017


Асадии Тўсӣ(Шаблон:Порсӣ-اسدی طوسی) (Шаблон:Таваллуд 1005, марг 1073, зодгоҳ Тўс) аз щоирони маъруфи садаи XI ва муаллифи аввалин фарҳанги тафсирии форсӣ "Луғати фурс" ба ҳисоб меравад.

Асадии Тўсӣ
Номи пурра

ابونصر علی بن احمد

اسدی طوسی
Навъи фаъолият: нависанда

Номаш «Абунаср Алӣ ибни Аҳмад Асадии Тўсӣ» машҳур ба «Асадии Тўсӣ» ҳадди ақалл дар чаҳор маврид пайваста зикр мешавад ва бад-ин васила шуҳрати сазовор касб кардааст. Аввалан, ҳамчун давомдиҳандаи кори Фирдавсӣ ва шоири тавонои ҳамосасаро, ки «Гаршоспнома» шоҳиди ин фазилати ўст; дувум ҳамчун муаллифи қадимтарин фарҳангномаи шеърӣ мавсум ба «Луғати фурс», ки аз манобеи муҳими адабӣ маҳсуб мешавад; сеюм ба ҳайси муаллифи қасидаҳои вежаи адабиёти форсӣ, ки «Мунозира» номидаанд ва мунозираҳои «Шабу рўз», «Замину осмон», «Габру мусалмон», «Тиру камон» аз он ҷумла ҳастанд; чаҳорум ба ҳайси котиби қадимтарин китоби хаттии форсӣ, ки то ба рўзгори мо маҳфуз мондааст. Он китоб «ал-Абния ан ҳақоиқи-л-адвия» мебошад, ки ба қалами Абўмансур Муваффақи Ҳиравӣ ба забони форсӣ навишта шудааст ва нусхаи ба қалами Асадии Тўсӣ китобатшудаи он дар китобхонаи музеи Венна нигаҳдорӣ мешавад. Асадӣ дар шаҳри Тўси Хуросон мутаваллид шудааст. Дар осори худ ба ин масъала ишороти дақиқ дорад:

Яке буд сардори дунёву дин,
Гаронмоя дастури шоҳи замин.
Ба ман гуфт Фирдавсии покмағз
Бидодаст доди суханҳои нағз.
Ба «Шоҳнома» гетӣ биёростаст
В-аз он нома номи накў хостаст.
Ту ҳамшаҳри ўрову ҳампешаӣ
Чу ў дар сухан чобукандешаӣ.
Аз он ҳамроҳон номаи бостон
Ба назм ор хуррам яке достон.

Шоир пас аз касби илму дониш, бино бар парешонии вазъи иҷтимоии Хуросон, ихтиёри сафари Озарбойҷон кардааст ва дар дарбори амири Нахҷувон - Абўдулаф хидмат анҷом додааст. «Гаршоспнома»-ро низ ба номи ҳамин амир назм кард. Зоҳиран то поёни умр дар Озарбойҷон ба сар бурдааст. Қабраш дар «Мақбарат-уш-шуаро»-и Табрез аст. Асадии Тўсиро бо лақаби ифтихории «Ҳаким» ёд кардаанд, ки нишони эҳтиром ба фазлу дониши ўст.Дар тавсифи ў Шиблии Нуъмонӣ чунин навиштааст: «Дувумин тоҷдори иқлими сухан аст, соҳиби «Оташкада» ўро яке аз сайёроти ҳафтгонаи Султон Маҳмуд ба шумор овардааст» (Шеър-ул-аҷам, ҷилди1, саҳ.140).«Сайёроти ҳафтгона», яъне ҳафт ахтари дурахшони дарбори Султон Маҳмуд манзур аст. Бояд гуфт, ки тазкиранависон дар баёни аҳволу рўзгори Асадии Тўсӣ иштибоҳоти бисёр кардаанд. Аз ҷумла, сухани муаллифи «Оташкада» - Лутфалибеки Озар низ асос надорад. Асадӣ муносибате бо Султон Маҳмуд ва дарбори ў надошт. Давлатшоҳи Самарқандӣ ба иштибоҳи дигар роҳ дода, Асадиро ҳамчун устоди Фирдавсӣ муаррифӣ кардааст ва ривоятеро дар бораи поёни умри Фирдавсӣ дар тазкираи худ сабт кардааст. Мутобиқи он ривоят, Фирдавсӣ дар поёни умр ба назди Асадӣ – устоди худ омада, изҳори дареғ кардааст, ки умр имкон надод «Шоҳнома»-ро ба поён орад. Асадӣ ўро таскин дода, дар як шаб чаҳор ҳазор байт ба назм даровард ва «Шоҳнома»-ро ба итмом расонид (1,31). Ин нақли Давлатшоҳ аз воқеият дур аст. Аммо аҷибтар он аст, ки адабиётшиноси номие чун Ҳерман Эте ба он ахбори Давлатшоҳ эътимод варзида, ба иштибоҳе дигар мувоҷеҳ гардид. Бино ба ақидаи Ҳ.Эте, ду шоир бо тахаллуси «Асадӣ» шеър мегуфтанд. Ҳ.Эте якеро «Асадии падар» ва дигарро «Асадии писар» номидааст. Дар асл Асадии Тўсӣ шоири тавонои асри ХI, муаллифи «Гаршоспнома», «Луғати фурс» ва теъдоде ашъор мебошад ва Асадии дигар ҷуз ў дар ин аср зиндагӣ накардааст. Аз сабаби ба мо номаълум Муҳаммад Авфии Бухороӣ номи ўро ба тазкираи худ ворид накардааст. Зоҳиран, ин тазкиранавис бо аҳволу осори шуарои Озарбойҷон ошноии амиқ надошт. Давлатшоҳ, ки аз тазкиранависон наздиктарин муаллиф ба замони Асадист, тақрибан баъди чаҳорсад соли даргузашти Асадӣ китоби худро тасниф кардааст. Тазкиранависони дигар боз дар фосилаи замонии бештар қарор доранд. Маълум аст, ки ҳар қадр бештар фосила пайдо шуд, дурӣ аз асл бештар падидор мегардад(2,358-359). Осори Асадии Тўсӣ.

Мероси адабӣ

Муҳимтарин таълифоти Асадӣ достони «Гаршоспнома» мебошад, ки аз рўи чопи Ҳабиб Яғмоӣ 8850 байт мебошад. Асадӣ онро солҳои 1065-1066 ба анҷом расонид. «Гаршоспнома» аз беҳтарин достонҳои адабиёти форсист, ки дар ҷавоби «Шоҳнома» ба назм омадаанд. Асадӣ дар зимни ба қалам овардани корномаҳои ҷадди бузурги Рустами Достон – Гаршосп як силсила масоили муҳими ахлоқию иҷтимоиро баррасӣ кардааст. Ҳамин фазилати достон боиси истиқболи бештари он дар маҳофили адабӣ гардид. Имкон дорад, байтҳои ҳикамию ахлоқии ин достон ба сифати китобе раҳнамо тадвин гардад.

Намунаи осор

Тан аз ганҷи дунё маяфкан ба ранҷ,
Зи некию номи накў соз ганҷ
Fами он касе хўрдан ойин бувад,
Ки ў дар ғамат низ ғамгин бувад.
Маяндоз санги гарон аз барат,
Ки чун бозгардад, фитад бар сарат.
Гиристан ба ҳангом бо сўзу дард,
Беҳ аз хандаи нобаҳангоми сард.

Манбаъ

  • 1. Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкират-уш-шуаро
  • 2. Насриддинов Абдулманнон. Куллиёти осор.-Ҷ.1.-Хуҷанд,Хуросон, 2013.-с.353-357
  • 3.Шиблии Нӯъмони. Шеър-ул-аҷам.-Ҷ.1.-Теҳрон, 1368