Раҳии Муъаййирӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Адиб |Ном = Раҳии Муайирӣ |Номиаслӣ = رهیمعیری |Акс = |Тавсифиакс =...
(бе тафовут)

Нусха 09:44, 22 май 2017

‘’’Муҳаммадҳусейн Раҳии Муайирӣ’’’ (порсӣ- رهیمعیری) аз шоирони асри XX буда, дар сурудани ғазал дастёб гардидааст.

Раҳии Муайирӣ
Тахаллусҳо: Раҳӣ
Таърихи таваллуд: 30 апрел 1909(1909-04-30)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 15 ноябр 1968(1968-11-15) (59 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Раҳии Муайирӣ

Муҳаммадҳусейн Раҳии Муайирӣ аз барҷастатарин ғазалсароёни суннатии рӯзгори муосир аст. Вай дар соли 1909 дар Теҳрон ба дунё омад ва пас аз таҳсилоти олӣ вориди машоғили идорӣ шуд ва солҳо бо радио ҳамкорӣ дошт. Девони комили ӯ ҳовии “Сояи умр”, “Озода”, “Таронаҳо”, ки шомили ғазалиёт, қитъаот, маснавиҳо, таронаҳо ва дигар сурудаҳои ӯст. Вай дар танзу фукоҳанависӣ ва таронасароӣ низ устод буд, аммо умдаи шуҳрати Раҳии Муайирӣ ба хотири ғазалиёти ӯст, ки омезае аз латофат ва фасоҳати забони Саъдӣ, қуввату инсиҷоми баёни Низомӣ, шӯру ҳарорати каломи Мавлавӣ ва нозукхаёлиҳои соиби Табрезӣ аст. Раҳии Муайирӣ баёне пок ва пироста ва табъе гарму ҳассос дошт. Вай дар соли 1968 аз дунё чашм фурӯ баст.

Намунаи ашъор

Ҳадиси ҷавонӣ

Ашкам, вале ба пои азизон чакидаам,
Хорам, вале ба сояи гул орамидаам.
Ба ёди рангу бӯи ту, эй навбаҳори ишқ,
Ҳамчун бунафша сар ба гиребон кашидаам.
Чун хок дар ҳавои ту аз по фитодаам,
Чун ашк дар қафои ту бо сар давидаам.
Ман ҷилваи шубоб надидам ба умри хеш,
Аз дигарон ҳадиси ҷавонӣ шунидаам.
Аз ҷоми офият майи нобе нахӯрдаам
В-аз шохи орзу гули айше начидаам.
Мӯи сапедро фалакам ройгон надод,
Ин риштаро ба нақди ҷавонӣ харидаам.
Эй сарви пойбаста, ба озодагӣ маноз,
Озода ман, ки аз ҳама олам буридаам.
Гар мегурезам аз назари мардумон, Раҳӣ,
Айбам макун, ки оҳуи мардумнадидаам.
Хаёлангезу ҷонпарвар, чу бӯи гул саропоӣ,
Надорӣ ғайр аз ин айбе, ки медонӣ, ки зебоӣ.
Ман аз дилбастагиҳои ту бо ойина донистам,
Ки бар дидори тоқатсӯзи худ ошиқтар аз моӣ.
Ба шамъу моҳ ҳоҷат нест базми ошиқонатро,
Ту шамъи маҷлисафрӯзи, ту моҳи маҷлисороӣ.
Манам абру туи гулбун, ки механдӣ, чу мегирям,
Тӯи меҳру манам ахтар, ки мемирам, чу меоӣ.
Муроди мо наҷўи варна риндони ҳавасҷӯро
Баҳори шодиангезӣ, ҳарифи бодапаймоӣ.

Манобеъ:

• Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. Душанбе – 2012. Саҳ – 363