Фаррухии Яздӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Адиб |Ном = Фаррухии Яздӣ |Номи аслӣ =فرخی یزدی |Акс = |Тавсифи акс...
 
No edit summary
Сатри 26:
}}
‘’’Муҳаммад Фаррухии Яздӣ’’’ шоири ғазалсарои асри XIX мебошад, ки мавзуоти ғазалиёташ озодихоҳи мебошад.
 
==зиндагинома==
Муҳаммад Фаррухии Яздӣ дар соли 1886 дар шаҳри [[Язд]] ба дунё омад. Вай ҷузви шоирони қаламрави адабиёти коргарии даврони Машрута ва [[Ризошоҳ]] аст. Даврони кӯдакиро бо таҳсили тавъам бо кор сипарӣ кард. Дар авоили ҷунбиши Машрутият, ба ҳизби демократии Язд пайваст ва ба хотири сурудани шеъре инқилобӣ ва эътирозомез Зайғамуддавла, ҳокими Язд, дастуре дод, ки лабонашро бо наху сӯзан бидӯзанд ва ба зиндонаш афкананд. Фаррухӣ пас аз чанде аз зиндон гурехта ва баъдҳо роҳии [[Теҳрон]] шуд ва рӯзномаи “Тӯфон”-ро мунташир кард, ки ин рӯзнома ҳовии мақолоти тунду оташин алайҳи истибдод ва ба ҳимоят аз табақоти маҳрум ва ранҷаб буд. Ва дар тӯли интишор беш аз понздаҳ бор тавфиқ шуд. Фаррухӣ ба рағми зиндонҳо ва табъйидҳои паёпай ҳаргиз аз шеъру рӯзноманигории инқилобӣ даст накашид. Вай дар соли 1929 аз сӯи мардуми Язд ба намояндагии маҷлиси Шуро баргузида шуд ва дар сафи намояндагони ақалият ба муборизоти худ идома дод. Сафаре низ ба [[Маскав]] ва [[Берлин]] кард ва баъд аз бозгашт таҳти назорати шадиди ҳукумат қарор гирифт, то ин ки дубора ба зиндон афтод. Вай дар соли 1938 дар зиндон иқдом ба худкушӣ кард, аммо наҷот ёфт ва саранҷом дар соли 1940 дар авҷи истибдоди Ризошоҳ ба таври асроромезе (ё ба қавле бо омпули ҳаво) кушта шуд. Девони шеъри Фаррухӣ бо тасҳеҳу муқаддимаи [[Ҳусейни Маккӣ]] ба чоп расидааст. Вай дар ғазалиёт ва қолибҳои дигари шеъри қадим, мафоҳим ва мазомини тунду оташини сиёсию иҷтимоӣ ва инқилобию интиқодиро вориди шеърҳояш намудааст, ки ҳамин хусусияти сиёсӣ ва инқилобӣ баъдҳо сармашқи пеши рӯи баъзе аз ғазалпардозони озодандеш ва мардуми давраҳои баъд қарор гирифт.
==Намунаи осор==