Маликушшуаро Баҳор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 39:
 
Баҳор дар адабиётшиносии Эрон низ хидмати арзанда дорад. Асари сеҷилдаи «Сабкшиносӣ», ки таърихи татаввури насри форсиро фаро гирифтааст, рисолаҳои «Шеър дар Эрон», «Рисола дар шарҳи ҳоли ҳаким Абулқосими Фирдавсии Тусӣ», «Рисола дар аҳволи Монӣ» аз осори муҳимми илмии Баҳор мебошанд. «Таърихи Сиистон», «Таърихи Балъамӣ», «Муҷмал-ут-таворих ва-л-қисас», «Ҷаво¬меъ-ул-ҳикоёт»-и Авфиро низ бори аввал Баҳор бо тасҳеҳу ҳавошӣ ба табъ расондааст. Аз паҳлавӣ «Ёдгори Зарирон», «Рисолаи мотигони шатранг» ва ғайраро ба форсӣ гардондааст.
==Аз ғазалиёт==
Мурғи гирифтор
::Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед,
::Қафасам бурда ба боғеву дилам шод кунед.
::Фасли гул мегузарад, ҳамнафасон баҳри Худо
::Биншинед ба боғеву дилам шод кунед.
::Ёд аз ин мурғи гирифтор кунед, эй мурғон,
::Чун тамошои гулу лолаву шамшод кунед.
::Ошёни мани бечора агар сӯхт, чӣ бок!
::Фикри вайрон шудани хонаи сайёд кунед.
::Бесутун бар сари роҳ аст, мабод аз Ширин
::Хабаре гуфтаву ғамгин дили Фарҳод кунед.
::Ҷаври бедод кунад умри ҷавонон кӯтоҳ,
::Эй бузургони ватан, баҳри Худо, дод кунед.
::Гар шуд аз ҷаври шумо хонаи мӯрон вайрон,
::Хонаи хеш муҳол аст, ки обод кунед.
::Кунҷи вайронаи зиндон шуд агар саҳми Баҳор,
::Шукри озодиву он ганҷи худодод кунед.
 
Осори: Мунтахаботи ашъор. Сталинобод, 1958; Мурғи саҳар. Мун¬тахаби ашъори Маликушшуаро Баҳор. Д., 2006.
Line 46 ⟶ 64:
 
*А. Абдуманнонов.
* Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. Душанбе – 2012. Саҳ - 42
 
== Манбаъ ==