Маликушшуаро Баҳор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 10:
БАҲÓР (порсӣ: بهار) (Муҳаммадтақии Маликушшуаро: محمدتقی ملک‌الشعراء) (7.11.1886), Машҳад – 21.4.1951, Теҳрон), шоир, донишманд, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятии Эрон.
==Зиндагинома==
Муҳаммадтақӣ Баҳор дар шеъри муосири Эрон пойгоҳе бас баланд дорад. Ӯ дар соли 1886 дар Машҳад ба дунё омадааст. Падари ӯ Мирзо Муҳаммад Козими Сабурӣ мулаққаб ба Маликушшуаро буд ва пас аз даргузашти ӯ дар соли 1904 ба дастури Музаффариддиншоҳи Қоҷор ин лақаб ба Баҳор вогузор шуд. Баҳор дар соли 1906 дар Хуросон ба наҳзати миллиюн пайваст. Вай дар давраи истибдоди сағир махфиёна бо чанд тан аз дӯстони худ рӯзномаи "Хуросон"-ро мунташир сохт ва нахустин шеъри ваиании худро дар он мунташир кард. Ин шеър мустазрде ба унвони "Кори Эрон бо Худост" буд, 1909 бо матлаи зер шурӯъ мешавад:
Саводи ибтидоиро дар назди падараш Маликушшуаро Муҳаммадкозими Сабурӣ бароварда, таърихи адабиёти форс ва арабро дар ҳузури Адиби Нишопурӣ омӯхтааст. Дар наврасӣ марсияҳои динӣ ва мадеҳа месуруд. Соли 1904 соҳиби унвони маликушшуаро шуд. Дар Инқилоби машрутаи Эрон (1905–11) ширкати фаъолона дошт.
::Бо шаҳи Эрон зи озодӣ сухан гуфтан хатост,
::Кори Эрон бо Худост.
::Мазҳаби шоҳаншаҳи Эрон зи мазҳабҳо ҷудост,
::Кори Эрон бо Худост
Дар соли 1910 ҳизби демократии Эрон ба роҳбарии Ҳайдарзон Умуӯғлӣ аз пештозони назҳати миллигароии Эрон ташкил шуд ва Ӣаҳор ӣа кумитаи иёлотии он баргузида шуд ва дар ҳамин сол рӯзномаи "Навбаҳор"-ро, ки органи маҳаллии ҳизби ҷадид буд мунташир сохт. Ба таъбири ӯ, ин рӯзнома ба сабаби ҷасорат ва сароҳати лаҳҷа ва маҳкумсозии сарсахтонаи ситезаҷӯиҳои Русия аҳамияти дархур дошт. Ва саранҷом ин рӯзнома бо эъмоли фишори сафорати Русия бар Вазорати умури хориҷа дар соли 1912 мутавақиф шуд ва Баҳор ӣа Теҳрон табъийд гардид, аммо баъд аз як сол Баҳор ба Машҳад баргашт ва ин рӯзномаро дубора ба роҳ андохт, вале баъд аз интишори чанд шумора дубора тавқиф шуд. Маликушшуарои Баҳор дар соли 1913 низ ба намояндагии Маҷлиси севвум интихоб ва роҳии Теҳрон шуд. Дар айёми иқомат дар Теҳрон мустазоде суруд ва дар он ба табақоти мумтозу ашроф ва рафтори ношоистаи онҳо бо тӯдаи мардум тохт:
::Аз хавос аст ҳар он бад, ки равад бар ашхос
::Дод аз дасти хавос
::Кисто он касе, ки зи бедоди хавос аст халос,
::Дод аз дасти хавос...
Вай дар соли 1916 як маҳфили адабӣ ташкил дод ба номи "Донишкада" ва бо кӯмаки ҳамин маҳфил нашрияе бо ҳамин ном мунташир кард ва дар ҳамин замон низ бори дигар рӯзномаи "Навбаҳор"-ро мунташир намуд, вале боз ҳам "Навбаҳор" тавқиф шуд. Баҳор дар соли 1921 баъд аз кудатои Ризохон ба зиндон рафт ва се моҳ дар зиндон монд. Дар соли 1922 ва баъд ба намояндагии Маҷлиси чаҳорум, панҷум ва шашум расид ва пас аз он муваққатан аз корҳои иҷтимоию сиёсӣ канора гирифт ва ба корҳои адабӣ пардохт. Ва дар соли 1925, ки силсилаи Қоҷор сукут кард, Баҳор ба истиқболи ҳукумати ҷадиди Паҳлавӣ ин шеърро суруд:
::Бадруд гуфт давлати Қоҷорӣ,
::Марг андар омад аз паси беморӣ.
::Фарҷоми зишти зеш падид овард.
::Кундиву коҳиливу сабуксорӣ.
::В-омад ба ҷои коҳиливу кундӣ
::Ҷалдиву чирадастиву ҳушёрӣ.
Баҳор аз шуароест, ки чи дар заминаи сиёсию иҷтимоӣ ва чи дар заминаи адабию таҳқиқотӣ бисёр фаъол буд ва аз назари адабӣ ва корҳои таҳқиқотӣ осори арзандае аз худ ба ҷо гузошт. Девони шеъри ӯ нишонгари тасаллути ӯ бар ҷамеи қолабҳои суннатии шеъри форсӣ қасида, ғазал, маснавӣ, мусаммат, тарҷеъбанд, таркиббанд, мустазод, рубоӣ ва ҳатто таснифҳои миллию меҳанист. Аммо бештари иқтидори ӯро дар майдони қасидасароӣ ба сабки хуросонӣ меёбем. Аслитарин буъди таҷаддудталабии Баҳор омехтани қолабҳои суннатӣ бо мафоҳимини тозаи сиёсӣ-иҷтимоӣ аст. Ҷонамояи шеъри Баҳорро бояд "Ватан ва озодӣ" донист. Танину тапиши осори шоирони куҳан, хусусан Фирдавсӣ, Фаррухии Систонӣ, Масъуди Саъди Салмон, Носири Хусрав, Манучеҳрӣ ва аз мутааххирон Адибулмамолики Фароҳонӣ дар сурудаҳои Баҳор мавҷ мезанад. Илова бар девони дуҷилдаи ашъор осори таҳқиқотии Баҳор низ гӯё иҳота ва тасаллути ӯ бар меросу мафохири адаби форсӣ ва араб ва араб аст. Осоре назири "Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ" ( дар се ҷилд), "Баҳор ва адаби форсӣ" ( Маҷмӯи мақолот), тасҳеҳи мутуни "Таърихи аҳзоби сиёсӣ" ва ғайра дар ин радиф қарор доранд.
Дар маҷмуъ Баҳор бо ҳамаи фарозу нишебҳои фикрӣ ва ҳунариаш шоир ва адибест муталлиқ ба се давраи адабӣ: бозгашт, таҷаддуд ва навгароӣ ва аз ҷумлаи шуаро ва удабоест, ки ҳам дар таҳқиқоти адабӣ ва ҳам дар шеър мақоме шоиста ва мондагор дорад. Ин адиб ва муҳаққиқ ва шоири барҷаста саранҷом дар соли 1951 чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.
 
==Осор==
Мустазоди «Кори Эрон бо Худост» (1905) ва қасидаи «Сӯйи Ландан гузар, эй пайки насими саҳарӣ»-и ӯ (1910), ки ба танқиди иртиҷои дохилӣ ва сиёсати мустамликадорони англис равона шудаанд, хеле шӯҳрат ёфта буданд. Аз с. 1909 то с. 1921 бо таътилҳои гуногунмуддат рӯзномаи «Навбаҳор»-ро нашр кард, ки равияи демократӣ дошт. Аз с. 1914 сокини ш. Теҳрон шуд. Соли 1918 анҷумани адабии «Донишкада» ва бо ҳамин унвон маҷаллае таъсис дод, ки зиёда аз як сол вуҷуд дошт ва дар ҳаёти адабии вақти Эрон нақши мусбат бозид. Соли 1919 муддате муҳаррири рӯзномаи «Эрон» буд. Барои ашъори сиёсиаш борҳо ба муҳлатҳои гуногун ҳабс (1916, 1929, 1932) ва бадарға (1911, 1916, 1933) шудааст. Маснавии «Корномаи зиндон» (дар пайравии «Корномаи Балх»-и Саноӣ) ва ҳабсияҳои дар пайравии Масъуди Саъди Салмон сурудааш маҳсули ҳамон давраҳоянд. Аз с. 1934 муаллими забон ва адабиёти форсӣ ва аз с. 1935 профессор Донишгоҳи Теҳрон буд. Соли 1945 ба Иттиҳоди Шӯравӣ омада, баъди бозгашт қасидаи «Ҳадяи Боку»-ро навишт, ки натиҷаи таассуроти мусбати шоир аз ин сафар аст. Солҳои 1943–47 раиси комиссияи адабиёт дар назди Ҷамъияти робитаҳои мадании Эрон бо ИҶШС буд. Дар солҳои охири умр роҳбарии Ҷамъияти эронии тарафдорони сулҳро ба уҳда дошт. Дар ин миён с. 1946 чанд моҳ вазири фарҳанги Эрон низ буд. Асари охирини ӯ «Ҷуғди ҷанг» (1951) ба гимни тарафдорони сулҳ табдил ёфта буд.