Нимо Юшиҷ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Адиб |Ном = Нимо Юшиҷ |Номи аслӣ = Алии Исфандиёрӣ |Акс = |Тавсифи акс...
(бе тафовут)

Нусха 04:22, 25 май 2017


‘’’Нимо Юшиҷ’’’ аз шоирони муосири Эрон ва аввалин гуяндаи шеъри сафед мебошад.

Нимо Юшиҷ
Тахаллусҳо: Нимо
Таърихи таваллуд: 12 ноябр 1895(1895-11-12)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 4 январ 1960(1960-01-04) (64 сол) ё 6 январ 1960(1960-01-06)[2] (64 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, омӯзгор, нависанда, мунтақиди адабӣ
Забони осор: форсӣ ва мозандаронӣ
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор
Алии Исфандиёрӣ мутахаллис ба Нимо Юшиҷ дар соли 1898 дар рустои Юш аз тавобеи Мозандарон мутаваллид шуд. Хондан ва навиштанро назди муллои деҳ, ки муаллиме хушку хашин буд, омӯхт. Дар овони навҷавонӣ бо хонаводаи худ ба Теҳрон рафт ва пас аз тайи даврони дабистон барои омӯхтани забони фаронса вориди мадрасаи “Сен Луйи” шуд. Нахустин таҷоруби шоирони Нимо шомили қасоиду рубоиёти хуросонӣ буд, ки ғолибан маҳсули муоширати ӯ бо шоироне суннатгаро монанди Низом Вафо, Маликушшуаро Баҳор, Алиасғари Ҳикмат ва ғайра буд. Аммо пас аз ошноӣ бо забону адабиёти Фаронса ва Аврупо  уфуқи тозае ба рӯи зеҳну замири шоиронаи ӯ кушода шуд ва мубашширу бунёнгузори  шева ва шинохте нав дар густариши шеъри нави форсӣ шуд. Ӯ бо дарки буну басти шеъри суннатӣ ва бо пандомӯзӣ аз таҷорубу талошҳои таҷаддудталабонаи  мутаҷаддимони худ пас аз тайи мароҳили мухталифи озмун ва ҳатто саранҷом муваффақтар аз дигарон дарҳо ва даричаҳои фурӯбастаи шеъри форсиро ба сӯи чашмандозҳои  тозаву тобнок кушод ва бар хилофи шоирони Машрута, ки навоварӣ ва таҷаддуди адабиро дар сатҳуӣ зоҳири шеър медонистанд ва истифода аз луғоти тоза ё мафоҳими иҷтимоӣ ва ё бархе дасткориҳо дар  шакли берунии шеърро инқилоби адабӣ мепиндоштанд, Нимо дарёфта буд, ки шеъри форсӣ ниёз ба таҳаввуле ҳамаҷониба дорад. Дар натиҷа бо мутолиоти амиқу таҷриба ва озмуну пуштикори зиёду муқовимат  дар баробари суннатгароён, ҳаққонияти роҳу равиш ва шеваи шеърии худро исбот намуд ва зарфияти забони шеъриро вусъат бахшид. Дар ҳақиқат, Нимо тафаккуру ҳунаре модернро дар шеър ҷустуҷӯ кард ва бо тарду нафйи тафаккури қадим ва шеваҳои такрорӣ ва тақлидии шеъри классикӣ ба маънои тоза аз назму сохтор дар олами падидаҳо бовар дошт ва ба табъи ин идроки тоза аз ҳастишиносии шеър, ба таври ахас, шеваи худро дунбол кард ва шеърро мутаҳаввил намуд. Вуқуфи Нимо ба ин биниши модерн ӯро ба шинохте тоза аз “чистии шеър” ва баъдҳо ба “чароӣ ва чигунагӣ”-и шеър раҳнамун сохт. Ӯ нахуст дарёфт, ки бояд ба моҳияту ҳувияти шеъру ҳунар бо таваҷҷуҳ ба руҳи замону замонак пай бурд ва ин маҳз муқобили дидгоҳи шоирони машрутият буд, ки ба иқтизои шароити ҳодди иҷтимоӣ чигунагии адабиётро муқаддам бар чистии он медонистанд ва кори асосӣ ва зербинои Нимо дар ин қаламрав тардиду тазалзул афкандан дар нигариши суннатию такрорию тақлидӣ буд, ки бар мабнои он шеърияти шшеър дар гарави бархе аз улгӯҳои  куҳна ва қадимӣ ҳамчун каломи мавзуну муқаффо ва мутасовии забони адабии роиҷу қарордодӣ, қолаби шеърии муайян ва маъное аз пеш таъйиншуда ва ғайра буд ва ба таъбире. Дар шеъри суннатӣ се пояи суннат, яъне забони адабии гузашта, сурату қолиб ва маънӣ бар вуҷуд ва ҷавҳараи шеър муқаддам буд ва Нимо бо дарки дуруст ва мантиқӣ, ки аз таърифу ҷавҳари шеър дошт, шеърро аз як саноат, ки маҳорат дар он мустазлими муроҷиа ва тааммулу тақлид аз осори  гузаштагон буд, хориҷ сохт ва бо маъное  ва таҷрибиёти мутаневее пайванд дод , ки аз зеҳну завқу таҷрибаҳои ҳиссӣ ва шахси шоир сарчаша мегирифт. Диди тозаи Нимо нисбат ба шеър раҳоварде шигарф дар пай дошт ва он расидан ба фардияти шоирона буд, яъне такя ва тамаркузи шоир бар таҷорубу таомули фардӣ ва раҳоӣ аз тангнои таҷоруби  калишашудаву қарордодӣ ва такрори шоирони гузашта буд ва кашфи ин ҷавҳари зотии халлоқияти ҳунарӣ Ниморо ба таҳаввули бунёдин дар арсаи ҳамаи аҷзо ва аносири шеър раҳнамун сохт, аз ҷумла: забон, тахайюл, отифа, андешаву маъно, шаклу мусиқӣ, вазну ҷофия ва ба таври  куллӣ, рӯсохту жарфсохти шеърро ба тарзе модерну нав таъбиру тафсир намуд. Муҳимтарин вижагии сохтории Нимо – густариши аркон ва афоъили арӯзи буд ва раҳои аз қолабҳои шеърии гузашта буд,  ба вежа Нимо авзони арӯзиро ва шеърро бо табиати забону баёни шоир наздик кард. Дар низоми арӯзии Нимо бархе аз ихтиёроти вазнӣ ё шоирӣ ҳамчун арӯзи гузашта дар шеъри риоят мешуд. Нимо дар соли 1921 шеъри “Қиссаи рангпарида” ва дар соли 1922 шеъри баланди “Афсона”-ро сунруд, ки шеъри “Афсона”-ро метавон асоснома ё манифести адабӣ ва шеърии Нимо ба ҳисоб овард. Нимо Юшиҷ дар асри Ризошоҳ зуҳур кард, вале авҷу ривоҷи шеъри нимоӣ бештар ба давраи Муҳаммадризои Паҳлавӣ буд, ки шеъри нимоӣ дар Эрон бисёр фарогир шуд ва пақравону шоирони баландовозае ҳамчун Ахавони Солис, Фурӯғи Фаррухзод, Сипеҳрӣ, Шомлу, Оташӣ, Таваллулӣ, Нусрат Раҳмонӣ, Фаридуни Муширӣ, Нодирпур, Касроӣ, Шафеъии Кадканӣ ва ғайра роҳу равиши Ниморо дунбол кардаанд, ҳарчанд баъдҳо аз батну матни шеъри нимоӣ шаклҳо ва шеваҳои дигар, ҳамчун “шеъри сапеди Шомлу”, “мавҷи ноб”, “шеъри ҳаҷм” ва ғайра зоиш кардаанд. Нимо дар соли 1960 вафот ёфт.
Осори ӯ умдатан дар рӯзномаҳо ва маҷаллоте назири “Баҳор”, “Қарни бист”, “Мусиқӣ”, “Паёми нӯр”, “Мардум”, “Илм ва зиндагӣ”, “Сухан”, “Садаф”, “Андеша ва ҳунар” ва ғайра ба чоп мерасид. 

Осори Нимо

“Қисаи рангпарида”, “Афсона”, “Хонаводаи сарбоз”, “Монлӣ”, “Арзиши эҳсосот”, “Таърифу табсара”, “Шаҳри шаб, шаҳри субҳ”, “Шеъри ман”, “Марқати оқо”, “Оҳу ва парандаҳо”, “Дунома”, “Номаҳои Нимо ба ҳамсараш”, “Фарёди дигар” ва “Анкабути зард”, “Дунё хонаи ман аст”, “Кандуи шикаста”, “Об дар хобгаҳи мӯрчагон” дар бораи шеъру шоирӣ ва ғайра.

Намунаи ашъор

Хонаам абрист

Хонаам абрист,
Яксара рӯи замин абрист бо он.
Аз фарози гардана хурду харобу маст
Бод мепечад.
Яксара дунё хароб аз ӯст
Ва ҳавоси ман!
Ой, найзан, ки туро овои най бурдааст дур аз раҳ, куҷоӣ?
Хонаам абрист, аммо
Абр боронаш гирифтааст.
Дар хаёли рӯзҳои равшанам, к-аз даст рафтандам,
Ман ба рӯи офтобам
Мебарам дар соҳати дарё назора
Ва ҳама дунё харобу хурд аз бод аст
Ва ба раҳ, найзан, ки доим менавозад най,
Дар ин дунёи абрандуд.
Роҳи худро дорад андар пеш.

Манобеъ

• Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. Душанбе – 2012. Саҳ – 92 • • •

  1. Store norske leksikon (бук.) — 1978. — ISSN 2464-1480
  2. Library of Congress Authorities (ингл.)Library of Congress.