Фурӯғи Фаррухзод: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 17:
 
Вай ба ҳамроҳи [[Парвин Эътисомӣ]] ва [[Симин Беҳбаҳонӣ]] аз занони шоири барҷастаи [[Эрон]] аст.
==Зиндагинома==
Яке аз беҳтарин шоираи муосири Эрон, исёнгар, суннатшикан ва ҳақиқатгӯ Фурӯғи Фаррухзод аст. Фурӯғи Фаррухзод ба қавли ҳамватанонаш "малика ва ситораи шеър", "оқилаи аср", "шоири бузург" ва "чеҳраи дурахшони имрӯзаи Эрон " буд. Дар бораи Фурӯғ маҷаллаи "Зани рӯз" пас аз марги шоира чунин навишта буд: " Сивудусола буд, ки бо шеъру зиндагӣ видоъ гуфт ва низ бо дӯстону дӯстдорони шеъраш, ки кам набуданд. Сиву ду сол барои як инсон умри дарозе нест, лекин ҳар мисраъи шеъри ӯ соле хоҳад буд ва умре аз барои ӯ, наслҳоҳое, ки баъд аз мо хоҳанд омад. Шояд ӯро на танҳо ба унвони як шоир, балки чун зани озода ва озодандеш ситоиш хоҳанд кард..."(Таваллуди дигар.с.4)
Фурӯғи Фаррухзод 15-уми даймоҳи 1313 мутобиқи солшумории мо 05.01.1935 дар Теҳрон дар оилаи марди низоми ба дунё омадааст. Дар мактаби «Хусрави Ховар» таҳсил намудааст, Фурӯғ аз синни 13-14 солаги ба шеъргӯи оғоз мекунад. Дар ин дабиристон ба хайётӣ (либосдӯзӣ) ва наққошӣ низ машғул мешавад, ӯ нақшҳои хеле хуб низ мекашид.
Фурӯғи Фаррухзход дар тӯли умри кӯтоҳаш ба бисёр ҳунарҳои зебо рабту низоме дошт. Дар ҳақиқат шоираи тозанафас дар муҳити хеле дилгиркунанда бо нобасомониҳо ва шикасти рӯзгор мубориза бурдаю зиндагӣ кардааст. Он фазои номусоид пару боли ӯро шикастан мехост, фақат ҷасорат ва бо зулму бераҳмӣ дар набард будан ӯро аз заволи эҷодӣ наҷот дода метавонист. Аксари шеърҳои ӯ аз шавқу шӯр, сӯзи ботинӣ, ишку зебоӣ, образҳои латифу оҳангҳои дилнишин саршор аст.
Ӯ хело ҷавон дар синни шонздаҳсолагӣ бо Парвизи Шопур, набераи холаи модараш, ки аз худаш понздаҳ сол бузургтар бо хоҳиши худаш хонадор мешавад. Аз ин издивоҷ писаре бо номи Комёр ба дунё меояд. Ба шеъргуфтани Фурӯғ оилааш зид будааст ва баъди ба табъ расидани нахустин маҷмӯааш «Асир» соли 1951 ихтилофи оилавиаш шадидтар гашта зану шавҳар аз ҳамдигар ҷудо мешаванд. Писараш Комёрро Парвизи Шопур бо худ мегирад, қонун низ Фурӯғро дастгири намекунад, ӯ то охирин нафас аз ин ғам месӯхт. Барои паст кардани оташи дилаш писаракеро аз кӯдакистонӣ Машҳад ба фарзанди мегирад. Аз соли 1953 Фурӯғ пайиҳам маҷмӯаҳои «Девор» «Исён» ва «Таваллуде дигар»-ро ба чоп баровард.
Истеъдод ва ҳунари нубуғомези Фурӯғ натанҳо дар шоириву наққошӣ, балки дар филмноманависӣ низ таҷассум ёфта буд. Соли 1959 Фурӯғ дар ширкати филмсозии Иброҳими Гулистон ба кор пардохт ва то охирин лаҳзаҳои умраш бо он ширкат ҳамкорӣ дошт. Филмҳои “Як оташ аст”, “Хона сиёҳ аст”, “Дарё” ва ғайра бо иштироки Фурӯғ сохта шудаанд ва ҳунари ӯ борҳо дар арсаи байналмиллалӣ эътироф гардидаю бо ҷоизаҳо қадр шудааст. Фурӯғ барои таҳияи филмҳо ба Италия, Германия ва Франсия сафар кардааст, забонҳои аврупоиро омӯхтааст ва дар тарҷумаи осори адабӣ низ ҳунар озмудааст.
Дар соли 1956 ду филмнома аз зиндагии Фурӯғ сохта шуд: ЮНЕСКО як филми нимсоата ва коргардони италиявӣ Бернардо Бертолоччӣ як филми 15 дақиқае дар бораи ӯ таҳия намуданд.
Баргузидаи ашъори Фурӯғи Фаррухзод ба интихоби худаш дар замони зиндагиаш мунташир шуд. Панҷумин ва охирин маҷмӯаи Фурӯғ “Имон биёварем ба оғози фасли сард” нотамом монд ва баъди маргаш ба чоп расид. Маҷмӯаи “Аз Нимо ба баъд”, ки маҳсули интихоби ӯ аз шеъри имрӯзаи форсӣ буд, низ баъди маргаш мунташир шуд.
Риштаи умри Фурӯғи Фаррухзод хеле барвақт, дар синни 32 солагӣ бар асари садамаи нақлиётӣ (1967) канда шуд. Модари Фурӯғ дар яке аз суханрониаш баъди марги духтараш гуфт: “Чанд рӯзе пеш аз маргаш наздам омад ва гуфт: “Ман хоҳам мурд”. Гуфтам ман бояд бимирам чаро ту. Гуфт хоб дидам, ки дар садамае ҳамроҳи чанд нафар будем ва баъди садама ҳамроҳонам ҳама мурданд ва ман мондам. Маълум, ки хоби зан чаппа ва ман мемирам. Наздам омад дастамро гирифт ва гуфт: “Ту солиёни дарози дигар зиндагӣ мекунӣ ва дастони худашро нигоҳ карду гуфт: ”Умри ман хеле кӯтоҳ аст”. Бо ҳамин рафт, ки рафт”. Фурӯғ пеш аз маргаш шеъре навишта буд, ки ҳолати баъди маргашро пеш аз маргаш тасвир кардааст:
 
::Марги ман рўзе фаро хоҳад расид,
::Дар баҳори равшан аз амвоҷи нўр.
::Дар зимистони ғубор олуду дур,
::Ё хазоне холи аз фарёду шўр.
::Марги ман рўзе фаро хоҳад расид,
::Рўзе аз ин талху ширин рўзҳо.
::Рўзи пўче ҳам чу рўзони дигар,
::Сояе эй з - имрўзҳо, дирўзҳо.
::Дидагонам ҳам чу долонҳои тор,
::Гунаҳоям ҳам чу мармарҳои сард.
::Ногаҳон хобе маро хоҳад рабуд,
::Ман тиҳи хоҳам шуд аз фарёду дард.
 
::Хок мехонад маро ҳар дам зи хеш,
::Мерасанд аз роҳ, ки дар хокам ниҳанд.
::Оҳ…шояд ошиқонам нима шаб,
::Гул ба рўи гури ғамнокам ниҳанд.
Ҳанӯз ҳам ошиқони шеъри Фурӯғ аз маргӣ зудояндаи ин шоир андӯҳ мехӯранд. Бар он андешаанд, ки агар Фурӯғ чандсоли дигар барои адабиёт ва шеъри форсӣ мемонд, чи корҳоеро ба сомон мерасонид. Аммо чи суд аз ин андешаҳои ҳавои ва фикрҳои беманфиат. Дар ҳоле, ки Фурӯғ дигар бар адабиёти мо фурӯғ намебахшад. Ҷойгоҳи ин шоир дар адабиёт махсус аст. Фурӯғ зане буд, ки нисбат ба тамоми занони суханвари пешин исёнгар ва пуршӯр буд. Ӯ дар оилае ба воя расида буд, ки он оила бо сохтори низоми таҳрези шуда ва бояд ҳар кас бо он амал кунад.
"Даврони кӯдакӣ ва навҷавонияш дар хонаводае маъмулӣ ва мутавассит гузашт ва агар Фурӯғ солҳои бас кӯтоҳ тавонист худро ба авҷу камоле бирасонад ин ҳунар аз худи ӯст, ки зане нобиға буду хушманду ҳушёр." (Тав.диг. с 4) Он чи аз гуфтаҳои боло бар меояд, он аст, ки ба ҳар дастоварде, ки Фурӯғ расидааст ба худи ӯ вобаста аст. Бо ҷидду ҷаҳд ва кӯшиши бесобиқааш ин зан тавонист дар муддати кӯтоҳи умраш барои наслҳои оянда меросе гузорад ва чанд сатри дигаре барои адабиёти форс-тоҷик зам кунад. Матлубаи Мирзоюнус даврони кӯдакии Фурӯғро дар китоби “Шукуфаи андӯҳ” чунин овардааст: “Овони кӯдакии Фурӯғ дар хонаводае сипарӣ шудааст, ки падараш Сарҳанг Муҳаммади Фаррухзод, сарбози артиши Эрон, низоми қатъие ҷорӣ намуда буд:
“Падарам моро бо равиши хосе, ки дар тарбияи фарзандонаш иттиҳоз карда буд, парвариш дод. Ман ёдам ҳаст, ки ба дабистон мерафтам, тамоми таътилоти тобистонро бо бародарам дар хона менишастем ва китобҳои қадимӣ ва бемасруфу рӯзномаҳои ботиларо табдил ба покит мекардем ва навкари мо покитҳоро ба мағозаҳо мефурӯхт ва ҳар қадар пул аз ин роҳ ба даст меовардем, ба ғайр аз пули туиҷайбӣ, ки падар ба мо медод, иҷоза доштем ба ҳар масрафе, ки диламон мехоҳад, бирасонем” (Шук.анд.с.13).Дар як мусоҳибае падари Фурӯғ дар бораи духтараш гуфта буд: “Фурӯғ вобаста ба як хонаводаи ашрофӣ набудааст. Ӯ як зани заҳматкаш назири ҳазорҳо мазлуму маҳрум ва ранҷдидаи ин кишвар буда ва дар хонаводаи низомӣ таваллуд ва нашъунамо ёфтааст, ки аслан Тафриш (деҳкадае дар Эрон) буда ва мисли ҳама тафришиҳо дорои қариҳа ва завқи нависандагӣ ва ошиқи адаб ва фарҳангу ҳунари асили эронӣ мебошад”(Шук.анд.с.13).
Баъди он ки шеър гуфтан боиси ихтилфот дар оила ва ҳарфҳои зиёде миёни мардум мешавад, падар, хеле кӯшиш мекунад, ки майли Фурӯғро ба шеъргӯӣ фурӯ нишонад. “Зиндагӣ Фурӯғ ду марҳала дошт, -мегӯяд ӯ, -вақте ки шурӯъ ба шеър гуфтан кард, ташвиқаш кардам, аммо вақти ки шеър гуфтан боиси баланд шудани ҷору ҷанчол дар атрофаш шуд ва дошт зиндагии хонаводагиашро маҳтал мекард, нороҳат шуда будам ва чунин фикр мекардам, ин иқдоми ӯ ва роҳи, ки интихоб карда, боиси аз байн рафтани зиндагии хонаводагияш мешавад”(Шук.анд.с.14).
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона доир ба Фурӯғ чунин мегӯяд: “Фурӯғи Фаррухзодро хеле дер шинохтам: дар нуздаҳсолагӣ. Дар он марҳалаи зиндагӣ, ки дигарон он дам ба худсозӣ шурӯъ мекунанд. Фурӯғ растохезе овард ба ҷаҳони беҳарокоти ман, саддои нуқрагини об овард ба олами шаболудаам, ки бӯи хоб мекард, пардаҳои ибҳомро аз чашми ман дарҳам афканд ва гуфт: -Зиндагиро бин! Чӣ басо заминиву зебо, чӣ басо самимию рӯшан шеъри ӯ бо ман ҳарф зад. Он рӯзгор ман Фурӯғро, шоири диди худро ёфтам ва ҳаргиз гумон набурдам, ки рӯзе аз таҷоруби ӯ чизе хоҳам бардошт ва аз каломаш вом хоҳам гирифт. Ва ончунон ӯро дар худ ҷо хоҳам дод, ки дигарон маро сояи Фурӯғ гӯянд. Вале он дигаронро ба он ки барҳақ меандешанд ё барноҳақ, мегузорам ва боз ба Фурӯғ бармегардам ” (Дарёи сузон с36).Барои хонанда равшан нест, ки дар ду шеър Фурӯғ хитоб ба хоҳараш мекунад, ё ба тамони хоҳарони мазлумаш, ки зиндагиро ҷуз қурбон кардани худ барои хурсандии дигарон намедонад. Дар ҳоле, ки худашон низ барои хурсанди кардан ҳақ доранд. Аммо онҳо бар ин боваранд, ки зан бояд дар зиндагӣ ҳамеша дар дараҷаи пасттари ҷомеа қарор бигирад, вале ин гуна нест. Зан ҳам метавонад аз нафароне бошад, ки дар зиндагӣ корҳои намоён ба сомон расонад. Зеро зан шонаҳои оҳанин дорад ва гоҳо мисли хунест дар ҷисми зиндагӣ, ки Фурӯғ мегӯяд:
 
::Шонаҳои ту
::Бурҷҳои оҳанин,
::Ҷилваи шигарфи хуну зиндагӣ
::Ранги он ба ранги миҷмаре мисин.(Таваллуди дигар. саҳ 30 )
Зан тамоми орзуву андешаҳояшро дар қабристони дилаш то кай ба қабр месупорад. Бояд замоне ин нолаҳои пинҳони ва хашмолуд табдил ба наъраву фарёд шавад ва банди гарони зиндагониро бояд пора кунад. То зиндагии озод насибаш шавад, ки Фурӯғ мегӯяд:
::Ба офтоб саломе дубора хоҳам дод,
::Ба ҷӯйбор, ки дар ман ҷорӣ буд,
::Ба абрҳо, ки фикрҳои тавилам буданд.
::Ба рушди дардноки сапедаҳои боғ, ки бо ман
::Аз фаслҳои хушк гузар мекарданд,
::Ба дастҳои калоғон
::Ки атри мирзааъҳои шабонаро
::Барои ман ба ҳадя меоварданд,
::Ба модарам, ки дар оина зиндагӣ мекард
::Ба шакли пирии ман буд
::Ва ба замин, ки шаҳвати такрори ман, даруни мултаҳибашро
::Аз тухмаҳои сабз меанбошт-саломе дубора хоҳам дод.
( Ба офтоб саломе дубора хоҳам дод саҳ 146).
== Осори вай ==
* [[Асир]]
Line 47 ⟶ 98:
== Манобеъ ==
* [http://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%81%D8%B1%D9%88%D8%BA_%D9%81%D8%B1%D8%AE%D8%B2%D8%A7%D8%AF Википедиаи Форсӣ]
• Матлубаи Мирзоюнус. Шукуфаи андӯҳ. –Хуҷанд. 1999. -230 с.
• Фарзона. Дарёи сӯзон. –Душанбе: Адиб, 2014. -240 с.
• Фурӯғи Фаррхзод. Таваллуде дигар. (Таҳияи Наима Қаҳҳорова, Ҳалима Шералиева). Адиб, 1993.
 
== Пайвандхои беруна ==