Парвин Эътисомӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Ботили нусхаи 868878 аз тарафи Маъвои хирад (Баҳс)
No edit summary
(Ботили нусхаи 868878 аз тарафи Маъвои хирад (Баҳс))
 
== Зиндагинома ==
Парвин Эътисомӣ соли 1907 дар шаҳри [[Табрез]] ба дунё омадааст. Падараш Мирзо Юсуф Эътисомӣ писари Мирзо Иброҳимхон буд. Парвин чор бародар дошт. Модараш соли 1973 аз олам чашм пӯшидааст.
Парвини Эътисомӣ шоирест мутааллиқ ба давраи Ризошоҳӣ, яъне солҳои 1922 то 1942. Вай барҷастатарин чеҳраи шеъри ахлоқӣ ва таълимии рӯзгори мо ба шумор меояд. Парвин дар Табрез дар хонаи падаре Фозил ва донишманд ба номи Юсуф Эътисомулмулк таваллуд ва рушд ёфт. Дар ағлаб сафарҳои дохилва хориҷи падар ҳамроҳи ӯ буд. Ва низ аз 6-солагӣ дар маҳфили адабии падараш, ки дар манзилашон барпо мешуд, ҳузур меёфт. Ҳамин ҳузур ва ҳамроҳиҳо боис шуд, ки завқи адабии ӯ рушд ва нумуъ ёбад. Вай аз ҳамон кӯдакӣ авқоти худро ба мутолиаи девони ашъори мутақаддимон мегузаронд, вфзун бар ин, падараш гоҳ қитъаоте аз адабиёти Аврупо тарҷума мекард ва Парвинро ба сурудани манзуми онҳо ташвиқ менамуд. Парвин дар дабиристони амрикоии духтарон таҳсил кард ва забони ингилисиро омӯхт. Парвин дар соли 1935 бо писари амуи падари худ издивоҷ намуд ва ба Кирмоншоҳ рафт. Аммо руҳи ҳасоси Парвин гӯёи зиндагӣ бо фарде низомиро барнатобид, лизо чанд моҳ баъд аз ҳамсари худ ҷудо шуд ва ба хонаи падар бозгашт. Аммо ин зарбаи руҳӣ ва отифиро бо бурдбориву шикебоӣ таҳаммул кард. Ранҷи бемодарӣ низ баъдҳо ба шакли авотифи модарона нисбат ба кӯдакони фақиру ятим дар сурудаҳои ӯ инъикос ёфт. Вай муддате китобдори донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳрон буд ва саранҷом дар соли 1942 дар синни 35-солагӣ бар асари ибтило ба бемории ҳасба даргузашт ва дар шаҳри Қум дар ҷавори падараш ӯро дафн карданд. Девони Парвин нахустин бор бо муқаддимаи Маликушшуаро Баҳор ба чоп расид (1936). Девони Парвин шомили қасоид, қитъаот ва маснавиҳои ӯст. Қасоиди вай талфиқе аз сабки Носири Хусрав ва содагии баёни Саъдӣ аст, аммо шуҳрат ва шахсияти адабии вай бештар ба хотири қитъаоти таълимӣ ва баъзан интиқодии ӯст, ки ғолибан муаттассир аз сабку шеваи Носири Хусрав, Анварӣ, Саноӣ, Саъдӣ ва Адибулмамолик аст. Ва бархе низ нишонгари иқтибос ва таъсирпазирӣ аз ҳикоёт тамсилӣ ва таъмилии Аврупо, ки қаҳрамонони онҳо ҳайвонот ҳастанд, мебошад: аз ҷумла, ҳикояти Эзон – бардаи юнонӣ, ки ҳудуди қарни шашум ва ҳафтуми пеш аз мелодӣ мезиста ва ё Лафонтен ва Ҳурашиво Смит, шоири инглисии йарни ҳаждаҳуму нуздаҳуми мелодӣ. Парвини Эътисомӣ дар шуморе аз қитъаоти худ аз фанни “мунозира” ё гуфтугӯ, ки дар суннати адабии мо ривоҷ дошта, баҳра ҷустааст. Мунозирот байни ашхос, ҳайвонот, ашё ва ғайра, ки гоҳ низ интиқоде ба авзои иҷтимоии шоир доранд. Аз ин раҳгузар шигарди адабии ташхис (инсонпиндории шахсиятдиҳӣ) дар осори ӯ корбурди густурдае дорад. Дар маҷмӯаи сабки шеъри Парвин талфиқе аз шеваи хуросонӣ ва ироқӣ ҳамроҳ бо рангу бӯи романтизми аврупоӣ аст. Ӯ ҷустуҷӯгари адолат ва отифа аст, аммо садои ӯ дар даҳлезҳои танги замонаи ситамолуд гум мешавад ва дар як чашмандози куллӣ ӯ мазҳари зани огоҳу афиф ва покдоману муъмин аст. Ӯ уқдаи мутароким ва фарёдгари садҳо сол маҳрумияти зани шарқӣ-эронӣ аст ва ончи Парвин ба хотири умри кӯтоҳаш натавонист бигӯяд, баъдҳо аз ҳанҷараи Фурӯғи Фаррухзод баромад ва ин ду зани шоир номе моно дар шеъру адабиёт ва таърихи адаби порсӣ доранд ва шеърашон саршор аз руҳи эътироз ва озодихоҳӣ ва инсондӯстист.
 
Дар хурдии Парвин оилаи Эътисомӣ ба Теҳрон мекӯчанд, дар онҷо Парвин мактаб мехонад ва забони арабиро меомӯзад.
 
Ӯ соли 1924 мактаб, баъдан коллеҷи духтаронаи амрикоии Теҳрон, баъдан мактаби занонаи олии амрикоиро хатм кард. Ахиран ӯ чанд муддат дар мактаб дарс гуфтааст, бисёр саёҳат кардааст.
 
== Эҷодиёт ==
[[Акс:Parvin_Grave.jpg|thumb|Қабри Парвин дар шаҳри Қум]]
== Осор ==
Девони қасоид, маснавиёт, тамсилот ва муқаттаъоти хонум Парвин Эътсомӣ, нашри 3., Теҳрон, 1944.
==Намунаи ашъор==
Ашки ятим
::Рӯзе гузашт подшаҳе дар гузаргаҳе,
::Фарёди шавқ бар сари ҳар кӯю бом хост
::Пурсид зи он миёна яке кӯдаки ятим,
::К-ин тобнок чист, ки бар тоҷи подшост?
::Он як ҷавоб дод: чӣ донем мо, ки чист,
::Пайдост он қадар, ки матое гаронбаҳост.
::Наздик рафт пиразане гӯжпушту гуфт:
::Ин ашки дидаи ману хуни дили шумост.
::Моро ба рахту чӯби шубонӣ фирефта аст
::Ин гург, ки солҳост, ки бо гала ошност.
::Он порсо, ки деҳ хараду мулк, раҳзан аст,
::Он подшо, ки моли раият хӯрад, гадост.
::Бар қатраи сиришки ятимон наззора кун,
::То бингарӣ, ки равшании гавҳар аз куҷост.
::Парвин, ба каҷравон сухан аз ростӣ чи суд,
::Ку ончунон касе, ки наранҷад зи ҳарфи рост?!
Санги мазор
::Ин ки хок сияҳаш болин аст,
::Ахтари чархи фалак парвин аст.
::Гарчи ҷуз талхи аз айём надид,
::Ҳарчи хоҳӣ, суханаш ширин аст.
::Соҳиби он ҳама гуфтор имрӯз
::Соили Фотеҳаву Ёсин аст.
::Дӯстон, беҳ, ки зи ӯ ёд кунанд
::Дили бедӯст – диле ғамгин аст.
::Хок дар дида басе ҷонфарсост,
::Санг бар сина басе сангин аст.
::Бинад ин бистару ибрат гирад,
::Ҳар киро чашми ҳақиқатбин аст.
::Ҳарки бошию ба ҳар ҷо бирасӣ,
::Охирин манзили ҳастӣ ин аст.
::Одамӣ ҳар чанд тавонгар бошад,
::Чун бад-ин нуқта расад, мискин аст.
::Андар он ҷо, ки қазо ҳамла кунад,
::Чора таслиму адаб тамкин аст.
::Зодану куштану пинҳон кардан
::Даҳрро расму раҳи дерин аст.
::Хуррам он кас, ки дар ин меҳнатгоҳ
::Хотиреро сабаби таскин аст.
 
== Ҳамчунин нигаред ==
 
== Сарчашма ==
• Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. Душанбе – 2012. Саҳ -86
[[Гурӯҳ:Шоираҳои порсигӯй]]
[[Гурӯҳ:Шоирони форсу тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Шоирон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Шоирони порсигӯ ]]
 
{{зиндагинома-нопурра}}