Бисабоат Исмоилова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
→‎Зиндагинома: аниқкунӣ
Сатри 28:
'''Бисабоат Исмоилова''' (01.11.1939, ш.Хуҷанд) — [[олим]], муаррих, [[доктори илм]]ҳои таърих (2004), [[профессор]] (2005), [[Аълочии маорифи Тоҷикистон]] (1999).
== Зиндагинома ==
Бисабоат Исмоилова факултаи таърихи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон| Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин]]ро хатм кардааст (1965). Сарлаборанти Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] (1958-1968), муаллими кафедраи таърихи ИҶШС (1968-1969), аспиранти [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |ДДОД ба номи Т.Г. Шевченко]] (1969-1972), муаллими [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |ДДОД ба номи Т.Г. Шевченко]](1972-1978), муаллими кафедраи таърихи ИҶШС-и ДДТ ба номи В.И.Ленин (1978-1981), омӯзгор-тарҷумони Донишгоҳи Кобул (Афғонистон, 1981-1983), корманди шуъбаи бойгонии Шӯрои Вазирони Тоҷикистон (1983-1985), дотсенти [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино]], (1985-1993), дотсенти [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров|Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров]] (1993-1995), дотсент (1995), профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик ва фанҳои чамъиятии [[Донишгоҳи Давлатии Ҳуқуқ, Бизнес, ва Сиёсати Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон]] (аз с.2004), ҳамзамон директори бахши Хуҷандии ташкилоти хайрияи «Парвин» (аз с.2002). Бисабоат Исмоилова олими пурмахсул ва тарғиботгари фаъол мебошад.
 
== Фаъолияти илмӣ ==
Тадқиқоти илмии Бисабоат Исмоилова масоили таърихи иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мадании аморати Бухоро, мақоми занон дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ ва ғайраро фаро мегирад. Муаллифи як қатор рисолаҳо, зиёда аз 100 мақола, дастурҳои методӣ мебошад. Саҳми Бисабоат Исмоилова дар омузиши таърихи [[аморати Бухоро]] назаррас буда, хусусан дар мавриди омузиши ҳаёт ва фаъолияти амир [[Ҳайдар (Амир)|Ҳайдар]] (1800-1826) нақши намоён дорад. Иштироккунандаи як қатор конфронсу ҳамоишҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ мебошад.