Хайёл Бобоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Хайёл Юлдошевич Бобоев
(бе тафовут)

Нусха 13:23, 31 май 2017

Хайёл Юлдошевич Бобоеволим, муаррих, доктори илми таърих (2006), профессор(2011), Аълочии маорифи Тоҷикистон.

Хайёл Бобоев

Зиндагинома

Хайёл Бобоев факултаи физикаи Институти давлатии педагогии ш. Маскавро соли 1983 хатм карда, дар аспирантураи ҳамин боргоҳи илм (1988-1990) хондааст. Дар Донишгоҳи давлатии омўзгории ш. Кӯлоб ба сифати муаллими калони кафедраҳои физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика кор карда, солҳои 1993-1993 докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2000-2001 коршиноси Маркази дастгирии ислоҳоти маорифи Бунёди мадади Сорос кор кардааст. Аз соли 2001 вазифаи мушовири Барномаи таҷдиди бахши иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистонро адо намудааст. Дар Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳамчун мудири бахш кор кардааст. Якчанд муддат ректори Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дар ш. Душанбе буд.Ӯ ҳоло ба ҳайси муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор карда истодааст.

Фаъолияти илмӣ

Ба масоили ҷаҳонбинии астрономӣ, кайҳон дар тақдири инсон, таърихи ташаккули илми астрономия (ситорашиносӣ) дар Тоҷикистон мутаваҷҷеҳ гардида, сари ин масоил зиёда аз 60 кори илмӣ навиштааст. мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст

Осор

  • Кайҳон ва тақдири инсон. – Д., 1991;
  • Масъалаҳои ҷаҳонбинии астрономӣ. – Д., 1993;
  • Нигорише андар нуҷум. Аз даврони ќадим то замони муосир. – Д., 2001;
  • Исторический опыт становления и развития астрономической науки в Республике Таджикистана (1924-1991): Дисс…доктора истор. наук. – Д., 2006;
  • Дунёи нуҷум ва фарҳанги кайҳоншиносӣ. – Д., 2010. ва диг.

Манобеъ

  • Энциклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. - Душанбе,2008.- С.145-146