Зафар Нозим: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 6:
 
Зафар Нозим ба унвонҳои муътабари Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон|Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон]] сарфароз шудааст ва нишонҳои дигари фахрии давлатӣ ҳам дорад. Ӯ дар гузашта раҳбари Филармонияи давлатӣ ва гурӯҳи мардумии фолклории “Ганҷина” буд. Ансамбли фолклории «Ганҷина» соли 1986 бо Қарори Вазорати фарҳанги ҶШС Тоҷикистон таъсис шуда, роҳбари аввалинаш [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон|Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон]] Зафар Нозим буд,ансамбли мазкур алҳол ба пуррагӣ фаъолият дошта, санъати мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён тарғиб намуда истодааст. Зафар Нозимро яке аз шаҳсутунҳои кохи муҳташами санъати миллии мардуми тоҷик унвон мекунанд<ref>[http://www.ozodi.org/content/article/2117212.html Даргузашти устод Зафар Нозим - Радиои Озодӣ]</ref>.
 
== Эҷодиёт ==
Барномаи ӯ хеле доманадор буда, сурудҳои халқӣ, лирикии ишқӣ, панду ахлоқӣ, инчунин сурудҳои дигар халқҳои ҷаҳон (афғонӣ, эронӣ, ҳиндӣ, русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ ва ғайра)-ро дар бар мегирад. Муаллифи зиёда аз 100 суруд (ба ашъори классикони адабиёти гузашта ва муосир): «Эй сорбон», «Соҳибдилон», «Эй, дӯстон», «Васфи Тоҷикистон» ва ғайра.
 
Бо барномаҳои консертӣ ба ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС ва мамолики хориҷӣ (Эрон, Афғонистон, Муғулистон, Туркия, Югославия, Олмон, Австрия, Ҳиндустон ва ғайра) сафарҳои эҷодӣ дошт. Устоди чандин сарояндагони боҳунар аст.
 
== Беморӣ ва вафот ==
Зафар Нозим [[3 август]]и соли [[2010]] бар асари як бемории тӯлонӣ дар синни 70-солагӣ дар шаҳри [[Душанбе]] ҷаҳонро падруд гуфт. Ӯ аз охирин ҳунармандони соҳибмактаби тоҷик буд, ки садҳо сарояндагонро ба воя расонд ва як саҳифаи рангинро дар таърихи санъати тоҷик боқӣ гузошт
 
== Ҷоизаву мукофотҳо ==
Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ», Шараф ва медалҳо сарфароз гардидааст<ref>Донишномаи Душанбе. Душанбе: [[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|СИ ЭМТ]], 2016, — 730 с. — ISBN 978-99947-33-46-0</ref>.
 
== Боз нигаред ==