Зафар Нозим: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 28:
 
== Зиндагинома ==
Зафар Нозим [[2 июн]]и [[соли 1940]]<ref>{{Cite web|url=http://tojnews.tj/tj/personality/zafar-nozim|title=Зафар Нозим {{!}} TojNews|publisher=tojnews.tj|accessdate=2017-06-01}}</ref> дар деҳаи Ҳоити [[водии Рашт]]и [[Тоҷикистон]] дар хонаводаи як сокини одӣ ба дунё омада ва зери сояи модари танҳо бузург шудааст. Охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми қарни гузаштаXX ба саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе шӯҳрате ба даст овард, ки ҳунармандони собиқадор надоштанд. Таронаҳои «Эй сорбон, оҳиста рон», «Бигзор, то бигирям», «Зулайхо», «Модар» ба қавле дар ин 50 сол ҳамеша дар миёни насли миёнасолу бузургсол хит буда ва ҳанӯз ҳам ҳаст.
 
Зафар Нозим ба унвонҳои муътабари Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон|Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон]] сарфароз шудааст ва нишонҳои дигари фахрии давлатӣ ҳам дорад. Ӯ дар гузашта раҳбари Филармонияи давлатӣ ва гурӯҳи мардумии фолклории «Ганҷина» буд. Ансамбли фолклории «Ганҷина» соли 1986 бо Қарори Вазорати фарҳанги ҶШС Тоҷикистон таъсис шуда, роҳбари аввалинаш [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон|Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон]] Зафар Нозим буд, ансамбли мазкур алҳол ба пуррагӣ фаъолият дошта, санъати мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён тарғиб намуда истодааст. Зафар Нозимро яке аз шаҳсутунҳои кохи муҳташами санъати миллии мардуми тоҷик унвон мекунанд<ref>[http://www.ozodi.org/content/article/2117212.html Даргузашти устод Зафар Нозим — Радиои Озодӣ]</ref>.
 
== Эҷодиёт ==
Барномаи ӯ хеле доманадор буда, сурудҳои халқӣ, лирикии ишқӣ, панду ахлоқӣ, инчунин сурудҳои дигар халқҳои ҷаҳон (афғонӣ, эронӣ, ҳиндӣ, русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ ва ғайра)-ро дар бар мегирад. Муаллифи зиёда аз 100 суруд (ба ашъори классикони адабиёти гузашта ва муосир): ''«Эй сорбон», «Бигзор, то бигирям», «Зулайхо», «Модар», «Соҳибдилон», «Эй, дӯстон», «Васфи Тоҷикистон»'' ва ғайра.
 
Бо барномаҳои консертӣ ба ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС ва мамолики хориҷӣ (Эрон, Афғонистон, Муғулистон, Туркия, Югославия, Олмон, Австрия, Ҳиндустон ва ғайра) сафарҳои эҷодӣ дошт. Устоди чандин сарояндагони боҳунар аст.
Сатри 41:
 
== Ҷоизаву мукофотҳо ==
БоЗафар Нозим ба унвонҳои муътабари Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон|Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон]] ва бо орденҳои «Нишони Фахрӣ», Шараф ва медалҳо сарфароз гардидааст<ref>Донишномаи Душанбе. Душанбе: [[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|СИ ЭМТ]], 2016, — 730 с. — ISBN 978-99947-33-46-0</ref>.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}