Чаҳоршанбесурӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
No edit summary
Сатри 19:
Дар шаҳрҳои [[Хуҷанд]], [[Кӯлоб]], [[Панҷакент]], [[Бухоро]], [[Самарқанд]], дараи Яғноб ва аксари ноҳияҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна ҳоло ҳам дар арафаи чоршабесурӣ хонаро тамиз кардан, гирди оташдонро тоза намудан, оташ афрӯхтан, фол кушодан, ҳазориспанд дуд кардан, намак гирди сар гардондан, гиреҳ кушодан, кӯза шикасатан, чайнаку пиёлаи тарақрафтаро дур андохтан, оташбозӣ кардан ва амсоли ин ба назар мерасад.
Бештари ин маросимҳо барои он сурат мегирад, ки инсон аз зиёну заҳмат, нопокӣ, бадбахтиҳои соли куҳан, номуродиҳои гузашта эмин бошад ва Наврӯзро бо хушӣ истиқбол намуда, дар соли нав тандурусту солим зиндагӣ кунад.
==Русумҳо дар оини зардуштӣ==
Ҷашнҳо ва оинҳои афрӯхтани оташ дар манотиқи гуногуни Эрон дар шаби чаҳоршанбе сурӣ гоҳ се каппа оташ( ба нишонаи се панди бузург: андешаи нек, киндори нек, гуфтори нек) ё ҳафт каппа оташ (ба нишонаи ҳафт амшоспанд) фароҳам мекунанд.
==Қошуқзанӣ==
Дар шаҳри мазкур “Чоршанбесурӣ” ба он тариқ аст, ки духтарон ва писарони ҷавон чодаре ба сар ва рӯи худ мекашиданд то шинохта нашаванд. Дар хонаи дӯстон ва ҳамсоягони худ рафта субҳона аз садои қошуқҳо, ки ба косаҳо мехурд ба дари хона омада ба косаҳои онон, оҷил чаҳоршанбесурӣ, ширинӣ, шакалот, нақл ва пул мерезанд. Сабабаш дар он аст, ки арвоҳи нек дар гузаштагон дар ростехези охири сол ба миёни зиндагон боз гашта ба шакли авӯфроде рӯяшон пушидааст ба хонаи бозмондагон сар мезананд.
==Оҷили мушкилкушо==
Дар гузашта пас аз поёни оташафрӯрзӣ аҳли хона ва хешовандон гирдиҳам меоянд ва охирин донаҳои наботи монанди: тухми ҳиндувона, тухми каду, паста, фандақ, бодом, нахуд, тухми харбуза, шоҳдонаро ки аз захираи зимистона боқӣ монда буд, Руйи оташи муқаддас ниҳода буданд ва онҳоро мехӯрданд. Онҳо бар ин бовари буданд, ки ҳаркасе аз ин маъҷун бихурад, ба афроди дигар меҳрубонтар гардида, кина ва рашк аз вай дур мегардад.
==Чоршанбесурӣ дар шаҳрҳои Эрон==
Афрӯхтани оташ дар маъобир ва хонаҳо фолкушои ва испанд дуд мекарданд. Дар шаҳрҳои Курдистони Эрон афрӯхтани оташ дар маъобир, кӯзашикастан ва фолкушоӣ, гиреҳкушоӣ ва ғайра комилан мутадовил аст ва тамоми он одобе, ки дар Теҳрон маъмул аст дар Қазвин ва Исфаҳон низ ривоҷ дорад. Дар Табрез оташ афрӯхта ба болои он мепариданд оббпошӣ аз боми хонаҳо бар сари албарин роиҷ аст, ки аз одоби давраи Сосонӣ буда ҳанӯз дар байни арманиён ва зардуштиёни Эрон маъмул аст. Дар радифи шаҳрҳои зикршуда боз дар дигар мавзеъҳои Эрон аз қабили Аҳвоз, Луристон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Дар амрико ва аврупо ҷашни “чаҳоршанбесурӣ” таҷлил мешавад. Боиси нигаронӣ аст, ки имрӯз таваҷҷуҳи мардум ба ин ҷашни аҷдодӣ кам шуда истодааст.
 
==Бахткушоён==
Яке аз суннатҳои аз қадим дар байни духтарони Бухорову Самарқанд ва баъзе маҳалҳои тоҷикнишин боқимонда ойини Бахткушоён мебошад. Маъмулан духтароне, ки дар солҳои гузашта дар зиндагӣ ба нокомиҳо дучор шуда бошанд, одатан назди мулло, фолбин, ё шахсони махсус рафта, барои дар соли нав ба муроди худ расидан аз онҳо дуъо мегиранд.
Line 63 ⟶ 73:
[[Гурӯҳ:Наврӯз]]
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:ҷашнҳои бостонӣ]]