Кусабарнишин: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Кусабарнишин''' ==Кусабарнишин== Маросими Кусабарнишин ё Баҳорҷашн яке аз маросимҳое буд , ки...
(бе тафовут)

Нусха 10:43, 2 июни 2017

Кусабарнишин

Кусабарнишин

Маросими Кусабарнишин ё Баҳорҷашн яке аз маросимҳое буд , ки дар Эрон ҳангоми баҳорон анҷом медоданд. Дар рузгори Сосониёни Бохтар иҷрои гоҳшумории зардуштӣ ва адам дар назар гирифтани соли кӯсса оғози баҳор бо аввали озармоҳ соли авастоӣ мусодиф буд . Яке аз маросиме буд, ки шуҳрати бисёр дошту ҷашнҳои корновалиро ба ёд меовард. А. Сарвонӣ шарҳи ин расмро чунин овардааст: “Дар аваллин рӯзи баҳор марде кӯсаро бар хар менишонданд , ки бар даст каллоғ дошт ва ба дасти бодзан, ки худро мураттаб бод мезад, ашъор мехонд, ки хоки аз зимистону сармо буд, бедор гардад ва аз мардум чизе аз сиккаву динор мегирифт . Ончи аз нимрӯз то аср ахз мекард ба худ таъаллуқ дошт. Онгоҳ агар медиданд мавриди озор ва ситам қарор медоданд. Абӯрайҳон мегӯяд ҷашни мазкур дар замони мо дар Шероз ҷашн гирифта мешуд. Ҷашни Кӯсабарнишин дар рӯзгори Сосониён ва давраи исломӣ тавассути ғуломони сиёҳ иҷро мешуд. Онҳо либосҳои рангоранг ба бар намуда ороиши вижа ба худ мекарданд. Дафу доира мезаданд, таронаҳои наврӯзӣ мехонданд. Ҳоҷи Фирузҳои менависанд, ки имрӯзҳо он сиёҳон нестанд, ки ин ҷашнро таҷлил кунанд аммо одамон рӯи худро ба ранги сиёҳ меороянд. Кӯса. касест, ки шахсе тамоман риш надорад ва дар манҳаш чанд мӯй рӯидааст. Кӯсабарнишин. Идест, ки эрониёни қадим дар аввали моҳи озар ҷашн мегирифтанд ва дар он рӯз кӯсаеро дар хар савор карда, дар кӯчаву бозор давр мезанонданд ва аз мардум пул меғундоштанд (ФЗТ. Ҷ.1 с.582).

Манбаъ

*Ризо Ҳ. Гоҳшумори ва ҷашнҳои Эрони бостон. Теҳрон. -1380