Урдубиҳиштгон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Урдубиҳиштгон''' яке аз ҷашнҳои қадими форсӣ мебошад. ==Урдубиҳиштгон== Урдубиҳишт гоҳе Гулис...
(бе тафовут)

Нусха 10:59, 2 июни 2017

Урдубиҳиштгон яке аз ҷашнҳои қадими форсӣ мебошад.

Урдубиҳиштгон

Урдубиҳишт гоҳе Гулистонҷашн аз ҷашнҳои қадими форсӣ буда, аз шумораи ҷашнҳои марбут ба оташ аст. Рӯзи сеюми аз ҳар моҳи бостони ба номи урдубиҳишт мебошад. Ба муҷиби яздоншиносони Авастоӣ урдубиҳишт дувумин амшоспанд аст. Ин ном дар Авасто ба гунаи ašavahišta ва artavahišta будааст. Ҷузъи аввали ин вожа aša\\art ба маънои “ростӣ, дурустӣ, низом” буда ҷузъи дуюм сифати олӣ аст ба маънои “беҳтарин” буда беҳтарин ростӣ ва беҳтарин низом ва қонун мебошад. Чунончи ҳамаи амшоспандон дорои ду ваҷҳи миноӣ ва заминӣ ҳастанд. Ин ампшоспанд дар ҷаҳони миноӣ намояндаи покӣ ва ростӣ, низом қонуни аҳурои ва дар замин нигоҳбини оташ аст. Дар ин маврид манзур аз оташ низом ва дод ва ростӣ ва порсоӣ аст. Чун дар ин оин аз авасто мулоҳиза мешуд, ки Аҳриман бо зуҳури Зардушт мегурезад. Дар ҷашни Урдубиҳиштгон шаҳриёрон бароммедоданд ва мубади мубадон оинеро, ки маросим буд дар ҳузури подшоҳ баргузор мегардид ва ҳамаро андарз мегуфт. Сарони ҳар гурӯҳ ба подшоҳ муаррифи мешуданд ва ҳунармандон мавриди марҳамат қарор мегирифтанд. Ба дарёфти подоши ифтихор ҳосил мегардад. Ин рӯз ба фариштаи муқаддас Урдубиҳишт талқин дорад, ки мазҳари покӣ ва ростӣ, дурустӣ ва оини эзидӣ, нигаҳбони оташҳо бо ӯст. Ирониёни қадим ин рӯзро ҷашн мегирифтанд ва худро барои қабули сифати ин фариштаи муқаддас омода месохтанд (http://namnak.com/. جشن-های-ایران-باستانp33555). Халафи Табрезӣ овардааст: ин рӯзи нек аст, ки ба маъбад ва оташкадаҳо рафта аз подшоҳон ҳоҷати худ хостанд.

Манобеъ

• Акбарзода П. Эрониёни Ҳоланд ҷашни “Урдубиҳиштгон”-ро гиромӣ медоранд. 2011 • Ҳошим Р. Гоҳшумории ҷашнҳои Эронӣ бостон. Теҳрон. -1358