Аббосиён: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
No edit summary |
No edit summary |
||
Сатри 1:
'''Аббосиён''', банӣ Аббос ({{ забон-фа| عباسيان}}; {{lang-ar|العبّاسيّون}} ал-’Аббосиййу́н,)
Аббосиён дар натиҷаи низои байни аҳли ташайуъ [[Умавиён]] ва муваффақиятҳои дар ин раванд ба дастовардаи шиъаён Умавиёнро сарнагун карда, соҳиби маснади хилофат шуданд. Аббосиён бо паёмбар робитаи хешу таборӣ доштанд ва барои соҳиб шудан ба қудрат аҳли суннат ва ҷамоат ононро ҷонибдорӣ карданд. Созмони зиддиумавии Аббосиён махфӣ амал мекард ва марказаш дар Куфа қарор дошт. То соли 747 онро нафаре ба номи Букайр ибни Моҳон ва баъдҳо Абдусалом сарварӣ менамуданд. Азбаски аксари қувваҳои зиддиумавӣ дар Хуросон мутамарказ гардида буданд, он ба маркази асливу асосии наҳзати зиддиумавӣ табдил ёфта буд.
== Расидан ба қудрат ==
[[Абумуслими Хуросонӣ]] (аз соли 743) роҳбари асосии наҳзат дар Хуросон шуд ва мардумро ба тарафдории Аббосиён таблиғ карда, оқибат соли 749 Аббосиён ба қудрат расиданд. Аввалин халифаи Аббосиён Абулаббоси Саффоҳ буд. Дар ибтидои фаъолият андешаву афкори сиёсии Аббосиён чандон маълум набуданд, вале ба таври возеҳ ба муқобили туғёнҳои пайиҳами Алавиён муборизаи шадид мебурданд. Минбаъд ашрофи Эрон ва Осиёи Миёна пуштибони асосии Аббосиён гардиданд ва маркази хилофат аз Сурия ба Ироқ кӯчид. Шаҳри Бағдод, ки ба он халифа Аббосиён Мансур асос гузошта буд, пойтахти хилофати Аббосиён гардид. Хилофати Аббосиён дар даврони Мансур, Маҳдӣ, Ҳорунаррашид ва Маъмун ба авҷи камол расид. Хулафои аббосӣ аз замони хилофати Маъмун сар карда як силсила чорабиниҳои фарҳангиро ба амал бароварданд ва маркази илмию фарҳангии «Байт-ул-ҳикма» бо ташаббуси ӯ таъсис дода шуд. Дар он бештар олимони Эронӣ фаъолият доштанд ва тадқиқу таҳқиқи улуми замона ва тарҷумаи осори аҳди қадим ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин барои таҳкими хилофати худ Аббосиён тавонистанд аз эътиқодот ва назароти гурӯҳҳои гуногуни аҳли ташайуъ, чун ровандия, мӯътазила ва амсоли инҳо ба фоидаи худ истифода намоянд. Чунончи соли 817 халифа Маъмун домоди худ имом Алӣ ибни Мусо
== Силсилаи хулафои Аббосиён ==
Силсилаи хулафои Аббосиён чунин аст: Абулаббоси Саффоҳ (
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
== Адабиёт ==
* Беляев Е. А., Арабы, ислам и арабский халифат.
* Большаков О. Г., Ал-Аббасийун. Ислам. Энциклопедический словарь, М., 1991;
* Бартольд В. В., Соч.,
* Shaban M. A., The Abbasid revolution, Oxford, 1970; Lewis B., Abbasidsll El (2 publ).
==
{{ЭМТ}}
[[Гурӯҳ:Таърих]]
[[Гурӯҳ:Таърихи Хилофати Араб]]
[[Гурӯҳ:
|