Рамазон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 8:
''«Мо он (Қуръон)-ро, бе шак, дар шаби «Қадр» нозил намудем»''<ref>[[Сураи Қадр]], 97: 1.</ref>.
 
Илова бар ин, Худованд барои афзудани баракоти ин моҳ рӯзаи онро бар мӯъминон фарз гардонида, онро бар дигар моҳҳо бартарӣ бахшидааст<ref>Ишора ба ҳадисе мебошад, ки Паёмбар (с) дар он мефармояд: '''''«Рамазон саййиди моҳҳо ва ҷумъа саййиди рӯзҳост»'''''. Мӯъҷаму-л-ка-бир, 9000. – Ҷ. 9. – С. 205. Мусаннафи Абдурраззоқ, 7894. – Ҷ. 4. – С. 307. Мусаннафи Ибни Абӯшайба, 2. – Ҷ. 2. – С. 57. Шуъабу-л-имон, 3638. – Ҷ. 3. – С. 314. Байҳақӣ дар «Шуъабу-л-имон» онро мавқуф гуф-тааст. Ҳадисро аз Ибни Масъуд (р) ривоят намудаанд. Ҳадиси дигаре аз Абӯсаъиди Худрӣ (р) ба ҳамин маъно ривоят шу¬дааст, ки: '''''«Рамазон саййиди моҳҳо ва зулҳиҷҷа муқаддастарини моҳҳо мебошанд»'''''. (Маҷмаъу-з-завоид, 4775. – Ҷ. 3. – С. 255; Шуъабу-л-имон, 3755. – Ҷ. 3. – С. 355).</ref> ва онро барои бандагонаш ба ид ва зиёфате табдил додааст. Дарҳои биҳиштро дар он моҳ кушуда, даромадгоҳҳои дӯзахро (ба бузургдошти он) фурӯ баста ва шайтонҳоро дар занҷир афкандааст, (то зиёфати ӯро бар бандагонаш табоҳ насозанд)<ref> Ишора ба ҳадисе мебошад, ки Паёмбар (с) дар он мефармояд: '''''«Вақте моҳи Рамазон фаро расад, дарҳои биҳишт кушода ва дарҳои дӯзах баста гарданд ва шайтонҳо (ҷинҳо) дар занҷир афканда шаванд»'''''. (Саҳеҳи Бухорӣ, 1898, 3277. Саҳеҳи Муслим, 2492 (1079)-1. Сунани Насоӣ, 2096, 2097, 2098, 2099, 2100, 2101, 2102). Ҳадисро аз Абӯҳурайра (р) ривоят кардаанд. </ref>.