Рамазон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 10:
Илова бар ин, Худованд барои афзудани баракоти ин моҳ рӯзаи онро бар мӯъминон фарз гардонида, онро бар дигар моҳҳо бартарӣ бахшидааст<ref>Ишора ба ҳадисе мебошад, ки Паёмбар (с) дар он мефармояд: '''''«Рамазон саййиди моҳҳо ва ҷумъа саййиди рӯзҳост»'''''. Мӯъҷаму-л-ка-бир, 9000. – Ҷ. 9. – С. 205. Мусаннафи Абдурраззоқ, 7894. – Ҷ. 4. – С. 307. Мусаннафи Ибни Абӯшайба, 2. – Ҷ. 2. – С. 57. Шуъабу-л-имон, 3638. – Ҷ. 3. – С. 314. Байҳақӣ дар «Шуъабу-л-имон» онро мавқуф гуф-тааст. Ҳадисро аз Ибни Масъуд (р) ривоят намудаанд. Ҳадиси дигаре аз Абӯсаъиди Худрӣ (р) ба ҳамин маъно ривоят шу¬дааст, ки: '''''«Рамазон саййиди моҳҳо ва зулҳиҷҷа муқаддастарини моҳҳо мебошанд»'''''. (Маҷмаъу-з-завоид, 4775. – Ҷ. 3. – С. 255; Шуъабу-л-имон, 3755. – Ҷ. 3. – С. 355).</ref> ва онро барои бандагонаш ба ид ва зиёфате табдил додааст. Дарҳои биҳиштро дар он моҳ кушуда, даромадгоҳҳои дӯзахро (ба бузургдошти он) фурӯ баста ва шайтонҳоро дар занҷир афкандааст, (то зиёфати ӯро бар бандагонаш табоҳ насозанд)<ref> Ишора ба ҳадисе мебошад, ки Паёмбар (с) дар он мефармояд: '''''«Вақте моҳи Рамазон фаро расад, дарҳои биҳишт кушода ва дарҳои дӯзах баста гарданд ва шайтонҳо (ҷинҳо) дар занҷир афканда шаванд»'''''. (Саҳеҳи Бухорӣ, 1898, 3277. Саҳеҳи Муслим, 2492 (1079)-1. Сунани Насоӣ, 2096, 2097, 2098, 2099, 2100, 2101, 2102). Ҳадисро аз Абӯҳурайра (р) ривоят кардаанд </ref>.
 
== Вожаи Рамазон ==
“Рамазон” вожаи арабӣ буда дар луғат ба маънои тобиши гармо ва шиддати тобиши офтоб аст. Ба қавли дигар, Рамазон ба маънои санги гарм аст, ки аз он пойи равандагон месӯзад ва ин калима аз решаи “рамаз” гирифта шудааст, ки маънои “сӯхтан”-ро ифода мекунад<ref>{{Cite news|url=http://risolattj.com/?p=368|title=Рамазон моҳи мағфирату тавба - Risolattj-new|date=2017-06-05|newspaper=Risolattj-new|language=en-US|access-date=2017-06-12}}</ref>.
 
Чун моҳи рӯза гуноҳонро месӯзонад, ба ин исм номгузорӣ шудааст, зеро моҳи Рамазон сабаби сӯхтагӣ ва машаққати нафс аст, ки гуноҳи яксолаи бандагонро месӯзонад ва дар ин бора расули Худо мефармояд:{{аввали иқтибос}}''«Рамазон гуноҳонро месӯзонад ҳамчунон, ки оҳангар оҳанро месӯзонад ва ҳама чизҳои нодаркории ӯ месӯзад, ва рамазон ҳам гуноҳҳои шахси рӯзадорро месӯзонад ва пок месозад.»''{{охири иқтибос}}
Дар ''Моҳи Рамазон'' ҳамаи мусулмонон аз дамидани субҳ то фурӯ рафтани офтоб рӯза мегиранд. Ва баъди [[Азон]]ро шунидан рӯзаҳояшонро мекушоянд. Дар Рамазон 5-чиз ҳаром мебошад.
 
#[[Дурӯғ гуфтан]]
#Қасами дурӯғ хӯрдан
#Ғайбат кардан
#Таъна задан
#[[Бахилӣ|Бахилӣ кардан]]
 
Рамазон дар луғат ба маънои ''сӯзонанда'' омадааст, ки гуноҳи яксолаи бандагонро месӯзонад ва дар ин бора расули Худо мефармояд:
 
{{аввали иқтибос}}''«Рамазон гуноҳонро месӯзонад ҳамчунон, ки оҳангар оҳанро месӯзонад ва ҳама чизҳои нодаркории ӯ месӯзад, ва рамазон ҳам гуноҳҳои шахси рӯзадорро месӯзонад ва пок месозад.»''{{охири иқтибос}}
Дар ин ҷо як ҷизро тазаккур созанд,ки ин маънои онро надорад, ки шахси бе парво ёздаҳ моҳ гуноҳ ба ҷо оварад ба умеди он ки дар рамазон худро аз гуноҳ пок месозад, балки рамазон он гуноҳеро месӯзонад, ки шахси мусалмон надониста ва аз рӯйи хато кардааст.
 
Сабаби [[фарз]] (яъне лозим ба иҷро) шудани [[рӯза]] дар рамазон фармудаи Худованд аст дар сураи ("[[Баққара]]" [[ояти 183]]) мебошад:
 
* Ва [[Рӯза]] яке аз панҷ рукни ислом буда, барои муъминон [[фарз]] (яъне лозим ба иҷро) мебошад ва озори ғайри мусулмон рӯза дорад, савоб намешавад).
 
Ва аввалан бояд қабули қайд аст, ки ҳар мусулмон рӯзаро ҳамчун ибодат яъне хос барои бандагӣ кардани Худованд ба ҷой оварад, на ба хотири он,ки саломатиаш хуб шавад ва ё ин ки шуғли дӯстдоштааш бошад, зеро ин ки мо мусулмонҳо фармудаҳои Худовандро бояд ба ҷо оварем, хоҳ дар он фоидаро бубинем, хоҳ набинем ба мо зарур аст, ки иҷро созем, чунки аҳли мо бандагон аз бисёр чизҳое, ки фармудаи Худованд аст, ки моро халқ кардааст, кӯтоҳӣ мекунанд ва ба ҳикмати асоси он расида наметавонанд.
 
[[Рӯза]] дар шариат ба маънии боз истодан аз хӯрдану нӯшидан ва кам хоб рафтан ба зану мард аст ва, рӯза дар забони [[арабӣ]] ба калимаи "савм" омадааст ва савм дар луғат ба маънои боз истодан аст аз тамоми корҳои ношоиста, бинобар ҳамин ҳар як рӯзадорро зарур аст, ки худро аз тамоми корҳое, ки дар дини ислом манъ карда шудааст ё нохуш пиндошта шудааст, боз истод.
 
Бояд донист, ки дар Рӯза се фарз аст:
 
* Аввал ният кардани рӯзагиранда аст аз шаб ки фардо рӯза мегирад.
* Дувум худдорӣ кардан аст аз хӯрдан ва нӯшидан аз дамидани [[субҳи содиқ]] то фурӯ рафтани [[офтоб]].
* Савум бозистодан аст аз заношӯӣ кардан дар ин муддат. Шахсонеро рӯзагирӣ фарз мебошад, ки аз мардон аз 12-сола боло бошад ва аз занон аз 9-сола боло бошад.
 
[[Рӯза]] ногирифтан иҷозат аст барои бемороне, ки духтурони ҳақиқӣ тавсият додаанд, ки Рӯза гирифтан ба саломатии эшон зарар мерасонанд ва инчунин барои аз ақл бегонагон ва мусофирон ва заноне, ки хуни ҳаиз дидаанд ва ё хуни баёд аз таваллуди кӯдак "нифос" дидаанд, ба инҳо рӯза гирифтан тамоман иҷозат нест.
 
Ва аммо заноне, ки ҳомиладоранд ва ё кӯдаки ширмехӯрдагӣ дошта бошанд, агар ба худашон ва ё ба кӯдакашон хавфи зарарро ҳис кунанд, ба инҳо ҳам рӯзаро хӯрдан иҷозат мебошад. Аммо ҳамаи ин нафарон вақто ки рӯзҳои душворашон сипарӣ шуд, рӯзаро [[қазо]] медонанд. Ва тарзи рӯзаро қазо доштани ин нафарон бо ин тарз аст, ки дар ҳар рӯз рӯзаро хӯрданашон хамон қадар рӯз рӯзҳои қазоӣ мегиранд. Лекин шахсоне, ки рӯзаро қасдан хӯрдаанд ва қазо гирифтан хоҳанд, ба ғайр аз як моҳ боз ду моҳу даҳ рӯз рӯзаи кафорат мегиранд.
 
Дар бораи вақти Рӯза ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки рӯзаро дар моҳи рамазон, ки яке аз 12 моҳи [[Гоҳшумори Ҳиҷри қамарӣ|солшумории ҳиҷрӣ қамарӣ]] мебошад ва мо, ки медонем солшумории ҳиҷри қамарӣ аз 354 рӯзу 11 соат иборат буда, аз солшумории ҳиҷрии шамсӣ 10 рӯзу 21 соат кӯтоҳтар аст, ва саду се соли қамарӣ ба сад соли шамсӣ рост меояд. Бинобар ҳамин моҳи рамазон метавонад, ки дар тамоми чор фасли сол ояд ва саршавии моҳ аз дидани ҳилол (яъне моҳи 1- рӯзаи рамазон) шурӯъ мешавад.
 
Барои ҳар як рӯзадор сунат (он корҳое, ки гуфтаанд, ё кардаанд ё рӯзагир додан расули Акрам Муҳаммади Мустафо салолоҳу алайҳи ва ссалам) ин аст, ки пеш аз субҳ дамидан чизе бихӯрад (яъне саҳархӯрӣ ) ва баъд аз хӯрдан ба зикри Худо ва ё [[Қуръонхонӣ]] машғул шавад. Одатан бояд кӯшиш намояд, ки дар рӯзҳои рамазон [[Қуръон]] зиёдтар бихонад ва рӯзҳоро фақат бо беҳудагардӣ бо хоби зиёд нагузаронад ва дар вақти рӯзаро кушодан, яъне баъди фурӯ рафтани офтоб чи дархосте, ки дорад аз Худо ба дуъо талаб намояд ва баъд бо дуъои махсус рӯзаашро бо мева (агар хурмо бошад, беҳтар аст) ё бо об ё бо намак кушода каме бихӯрад, то меъдааш ором гирифтан, баъд ба намози шомро адо кардан машғул гардад. Ва аз ҷумла [[сунат]] аст, ки дар шабҳои рамазон баъд аз намози хуфтан намози [[таробеҳ]] (маънояш – баъд аз 4-ракаат роҳат кардан аст) хонда шавад ва ин намозест, ки иборат аз 20-ракаат буда ва чаҳор ракаатӣ хонда мешавад ва баъд аз ҳар чаҳор ракааат ба миқдори ин чаҳор ракаат нишастан (яъне истироҳат кардан) низ аз рӯйи адаб аст. Чунки расули Худо се рӯзи рамазонро чунин намоз хондан ва аз тарси он, ки ба умматон воҷиб яъне зарур гардад, ки ба сабаби нахондани гунаҳгор шаванд, дигар дар масҷид нахондан, ва баъд аз Дунё дар гузаштани паёмбари гиромӣ ин намозро ҳар шаби рамазон дар масҷид мехондагӣ шуданд ва мо низ ҳар шаби рамазон намози таробеҳ мехонем ва онҳое, ки имконият доранд, ҳамаи Қуръонро дар даруни намози таробеҳ хатме кунанд зеро савобаҳои зиёде дорад. Ва аз баракатҳои рамазон ин аст, ки Худованд дар шаби 27-уми рамазон ки "[[шаби қадр]]" ном дорад Қуръонро ба мо фиристодааст ва ҳар касе шаби қадро ба намозу зикри Худо бедор гузаронад, савоби ҳазор моҳи тоату ибодатро ноил мешавад. Инчунин дар рамазон пеш аз он, ки тамом шавад ва намози иди рамазон хонда шавад, барои ҳар шахсе, ки камбағал набошад воҷиб, яъне зарур аст, ки миқдори 1,6 кг гандум аз сари ҳар як шахс ё пули он гандумро аз ҷониби худаш ва аз ҷониби зану фарзандонаш ба камбағалону бенавоёну мӯҳтоҷон садақа кунад
 
Ва дар охир якчанд гуфтаҳое аз суханони пайғамбари акрам [[Муҳаммад|Муҳаммад Мустафо(с)]] -ро дар фазилати рамазон ба шумо пешкаш менамоем.
 
Расули Худо гуфтааст:
 
{{аввали иқтибос}}''«дар ҷаннат дарест номи он "район" аст, дохил мешаванд онро рӯзадорон дар [[рӯзи қиёмат]] ва дохил намешавад аз он дар, касе ғайр аз рӯзадорон»''{{охири иқтибос}}
 
Боз мефармоянд:
{{аввали иқтибос}}''«бандае аз бандаҳои Худо агар як рӯз дар роҳу ризои Худо рӯза дорад, дур мегардонад Худованд аз рӯи ин банда дӯзахро ба масофаи 70-сол»''{{охири иқтибос}}
 
Дар ҳадиси дигар омадааст:
{{аввали иқтибос}}''«шахсе рӯза дорад рамазонро аз сидқи дил ва барои ризои Худо, мебахшад Худованд ҳамаи гуноҳҳои гузаштаашро»''{{охири иқтибос}}
 
Ва боз гуфтааст расули Худо:
{{аввали иқтибос}}''«вақти рамазон ояд кушода мешавад дарҳои [[ҷаннат]] ва пӯшида мешаванд дарҳои [[дӯзах]] ва занҷирбанд карда мешавад шайтонҳо»''{{охири иқтибос}}
Ин [[ҳадис]]ҳо аз китоби "[[Риёзу-с-солиҳин]]"оварда шудааст.
 
== Эзоҳ ==