Рамазон: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Сатри 34:
=== Тиловати Қуръон ===
== Рамазон дар Тоҷикистон ==
Мардуми тоҷик моҳи Рамазонроро ба ҳайси як моҳи муқаддас, ки дар он Қуръони карим нозил шудааст, эҳтиром мекунанд ва бо меҳру муҳаббат ба Худову расул ва Каломи шариф аз ин моҳ истиқбол менамоянд.
=== Пазироӣ аз Рамазон ===
Дар миёни мардуми навоҳии мухталифи Тоҷикистон пазироӣ ва омодагӣ ба моҳи шарифи Рамазон аз фасли тобистон шурӯъ мегардад (агар он дар фаслҳои ғайри тобистон омада бошад). Мардум барои суфраи рамазонӣ аз ҳар гуна меваҳо мураббову ширинӣ, талқон, мавизу ғӯлинг, пиставу бодому чормағз, донакшӯрак ва амсоли инҳоро захира мекунанд. Инчунин анвои сабзавот: карам, помидор, бодиринг, қаламфур, боимҷон ва ғайраро дар намакоб бо иловаи адвияҳо мехобонанд, то ки дар моҳи Рамазон ҳамчун ғизои табиӣ тановул кунанд. Барои хуш гузаштани моҳи шарифи Рамазон як силсила корҳои муҳимро анҷом медиҳанд. Масалан, занону дӯшизагон асбобу анҷоми рӯзгорро тоза мекунанд, палосу қолиҳоро таконда офтоб медиҳанд ё мешӯянд, чангу дудаҳоро мегиранд. Ба муносибати фарорасии Рамазон мардону писарбачаҳо мӯйҳои худро ислоҳ мекунанд, калонсолон ришҳои худ, занон мӯю гесӯвони худро ба тартиб медароранд.
=== Тановули ғизо дар Рамазон ===
Субҳ мардум барои тановули ғизо аз хоб бо истифодаи соатҳои зангӯладор ва имрӯзҳо тавассути телефонҳои ҳамроҳиву воситаҳои дигари техникӣ бедор мешаванд. Чун дар қарнҳои гузашта ин дастгоҳҳо набуданд, мардум вақти матлубро аз рӯйи гардиши ситораву сайёраҳои осмон ва бонги хурӯсу рафтори дигар ҷонварон муайян мекарданд. Бархе аз мардум шабзиндадорӣ карда, дар соати муайян ҳамсояҳоро низ садо мекарданд.
Маъмулан, субҳгоҳон мардум хӯроки серғизо, ба монанди палав, манту, кашк, кабоб ва ғайраро истеъмол мекунанд ва дар вақти рӯзакушоӣ ё хӯроки шом ғизоҳои нисбатан сабукро мехӯранд, то ки дар вақти хуфтан ба бадан гаронӣ ва нороҳатӣ ҳис накунанд.
Пас аз хӯрдани ғизои субҳона нияти рӯзабандӣ мекунанд. Баъзе аз мардум бо такя ба китобҳои динӣ нияти рӯзабандиро ба забони арабӣ мехонанд, аммо бархе дигар гунаи тоҷикии он ниятро, ки байни мардум хеле маъмул аст, ба забон меоранд. Масалан, «рӯза гирифтам дар моҳи шарифи Рамазон, тавфиқ бидеҳ то намози шом». Пас аз ин ният се бор мегӯянд: ''«хуш омадӣ моҳи шарифи Рамазон!»''.
Рӯзакушоӣ якчанд бовару шугунҳои худро дорад. Бархе бар он боваранд, ки рӯзаро бояд бо пораи себ кушоянд, зеро тибқи муътақидот себ меваи биҳиштӣ ҳисоб мешавад. Баъзеҳо рӯзаро бо намак мекушоянд ва баъзе бо об ва мегӯянд, ки савобаш бештар аст. Гурӯҳи дигар бо ҳар ғизо, ки рост омад, ба мисли нону чой, ангур ё таоме нияти рӯзакушоиро хонда, хӯрданро оғоз мекунанд.
Барои рӯзакушоӣ маъмулан дуои арабиро, ки аз китобҳои динӣ гирифтаанд мехонанд. Аммо дар радифи он гунаи тоҷикии он низ дар истифода аст. Масалан, ''«рӯза гирифтам ба номат, кушоям ба фармонат»''.
=== Омодагӣ ба ид ===
Як рӯз қабл аз иди саиди Фитр хонумони хонавода ба пухтани ҳар гуна хӯрданиҳои идона шурӯъ мекунанд. Онҳо анвои нон, ҳалво, самбӯса, салла (хӯриши хамирие, ки онро дар равған хушк бирён мекунанд ва он ба шакли дастор ё салла мешавад) ва монанди инҳоро таҳия мекунанд. Инчунин қанду нишолло, мавизу чормағзу бодом ва анвои меваҳо низ зинатбахши суфраи идона мегарданд. Мардону писарбачагон ҳамагӣ саҳари рӯзи ид барои иҷрои намози ид ба идгоҳ мешитобанд. Кӯдакон бошанд, баробари сапед шудани рӯз ба идгардак шурӯъ мекунанд. Нигар низ Иди Рамазон, Идгардак.
Мардуми тоҷик ба Рамазон ихлосу муҳаббати зиёд доранд. Аз ин рӯ фарзАдабиётандонашонро Рамазон, Рамазонӣ, Рӯзадор, Рӯзабегим ном мегузоранд.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ|2}}
==
* Аҳмад Рӯзӣ Ҷойгоҳи маросим ва аъёдиСарчашма дар фарҳанги мардуми тоҷик. Теҳрон: 1388 ш.;
* Раҳимов Д. Фолклори тоҷик. Д., 2009.
<references/>
* [[Википедиаи Форсӣ]]
|