Одина Ҳошим: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
No edit summary |
No edit summary |
||
Сатри 23:
}}
'''Одина Ҳошим''' ([[13 июн]]и [[1937]], [[Деҳоти Дашти Ҷум|Даштиҷум]], [[Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин|Шӯрообод]], [[ҶШС Тоҷикистон]]
|автор =
|заглавие = Душанбе. Энциклопедия.
|ссылка =
|ответственный = Главный научный редактор Диноршоев М. Д.
|место = Д.
|издательство = Главная научная редакция Таджикской Национальной Энциклопедии
|год = 2004
|том =
|страниц = 592
|страницы =
|isbn = 5-89870-071-4
}}</ref>.
== Зиндагинома ==
Одина Ҳошим [[13 июн]]и [[1937]] дар деҳаи Нимдараи [[Дашти Ҷум]]и [[ноҳияи Шӯрообод]] дар оилаи санъаткори шинохта, мусиқидони варзида, Ҳофизи халқии ҷумҳурӣ Ҳошим Қосимов ба дунё омадааст. Ӯ дар домони модари боиффати адабиётдӯст, донандаи хуби осори Ҳофизу Бедил ва даҳҳо суханварони мумтози классик тарбият ёфтааст.
Одина Ҳошим [[16 ноябр]]и [[соли 1993]] оламро тарк карда дар қабристони Лучоби шаҳри Душанбе дафн шудааст.
== Фаъолият ==
Соли 1959 ҳамчун мутахассиси ҷавон фаъолияти кориашро аз Театри халқии ноҳияи Маскав (ҳоло Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ), ба сифати режиссёр оғоз намуда, то соли 1962 дар ин пеша масъулият нишон дод. Чун коргари содиқ, ҷӯянда ва навовар маҳбубият пайдо намуда, ба боварии роҳбарон сазовор шуд ва соли 1962 ба зимаи Одинаи ҷавон, ба Одинае, ки ҳамагӣ 25 сол дошт вазифаи басо пурмасъулият, сарварии театри драмаи мусиқии шаҳри Кӯлобро вогузоштанд. Муддати 13 сол дар ин кори пурзаҳмат ифои вазифа намуда, беҳтарин асарҳои саҳнавиро рӯи саҳна гузошт, ки аз ҷониби мухлисон баҳои баландро 5 ноил гашт. Аз соли 1975 то соли 1991 ба сифати солисти театри мазкур кор кард.
== Мактаб ва сабк ==
Одина Ҳошимов мактаб ва сабки хосси сурудхонӣ дошт. Бо шеърдонӣ (ҳифзи ҳазорҳо байт) ва шеърхониаш дар байни аксар мардуми кишварҳои Шарқ маъруфият пайдо карда буд. Мавзӯъҳои барномаи овозхонии Одина Ҳошимов, ки аз ашъори шоирони классикии форс-тоҷик, шоирони муосири Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо таркиб ёфта буд, мавзӯъҳои панду андарз, ишқу муҳаббат, садоқату рафоқат, поктинатию мардонагӣ, ҷавонмардӣ, одамият, васфи сулҳу амонӣ, дӯстӣ ва ғайраро ташкил медиҳад («Гулъизори ман куҷост?», ғазали Ҳилолӣ; «Рафтӣ», ғазали Сайидо; «Охир эй сарви хиромон зи кадомин чаманастӣ?», ғазали Ҷомӣ; «Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро», ғазали Ҳофиз; «Хиҷил аст сарви бустон бар қомати баландаш», ғазали Саъдӣ; «Ё ҳар ду», шеъри А. Лоҳутӣ; «Куҳандиёро», шеъри Н. Нодирпур ва ғайра). Ба аксар ғазалу шеърҳо худаш оҳанг бастааст.
=== Шогирдон ===
Line 40 ⟶ 52:
== Эҷодиёт ==
Одина Ҳошим дар офаридани оҳангҳои шӯхи рақсӣ ва ҳаётдӯстонаи мардумӣ маҳорати калон дошт («Ало, хамзада кокул», «Ҷингилак мӯй дорӣ», «Дилфиребам аз ғамат сабзинае», «Хирмани гул», «Моҳи ман», «Хами зулф», «Мадоро накунӣ» ва ғайра).
Ҳамчун сарояндаи ҷӯяндаву навовар дар зиндаю ҷовид гардонидани асари сертаркибаи «Фалак» хизмати шоистаеро касб кардааст. Дар ин ҷода Одина Ҳошимов бо машҳуртарин фалаксароён, бо устодони маъруфи санъати сарояндагӣ [[Ҳоҷӣ Абдулазиз]], [[Содирхони Ҳофиз]], Домулло Ҳалим, [[Шоҳназар Соҳибов]] ва [[Шариф Ҷӯраев]] дар як поя қарор дошту шӯҳраташ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар [[Эрон]]у [[Афғонистон]] низ паҳн буд. Соли 1972 фалаксароёни машҳури афғон Мангал, Карим, Нурмуҳаммад, Раҳимҷон, Абдурасул ва Акбар Лоло Одина Ҳошимовро ба Афғонистон даъват намуданд, то ҳунарашро ба ҳаводорони афғонаш намоиш бидиҳад. Аниқтараш дар озмуни «Фалаксароёни мумтоз», ки дар шаҳри Қундуз барпо гардид, ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон даъват шуда буд ва дар ин озмун ғолиби ҷои аввал дониста шуд.
== Сафарҳои ҳунарӣ ==
Одина Ҳошим дар даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик ширкат (
== Ҷоизаву мукофотҳо ==
Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ (1988). Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
== Адабиёт ==
* [http://www.kdbj-mirshakar.tj/images/PDF/odina_hoshim.pdf Одина
== Пайвандҳо ==
|