Одина Ҳошим: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 23:
}}
 
'''Одина Ҳошим''' ([[13 июн]]и [[1937]], [[Деҳоти Дашти Ҷум|Даштиҷум]], [[Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин|Шӯрообод]], [[ҶШС Тоҷикистон]] — [[16 ноябр]]и [[1993]], [[Душанбе]], [[Тоҷикистон]]) — сароянда (тенори лирикӣ), машшоқ, оҳангсоз. Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1963), Дорандаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ|Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ]] дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ (1988).<ref>{{книга
|автор =
|заглавие = Душанбе. Энциклопедия.
Сатри 35:
|страницы =
|isbn = 5-89870-071-4
}}</ref>.
 
== Зиндагинома ==
Сатри 46:
 
== Мактаб ва сабк ==
Одина Ҳошимов мактаб ва сабки хосси сурудхонӣ дошт. Бо шеърдонӣ (ҳифзи ҳазорҳо байт) ва шеърхониаш дар байни аксар мардуми кишварҳои Шарқ маъруфият пайдо карда буд. Мавзӯъҳои барномаи овозхонии Одина Ҳошимов, ки аз ашъори шоирони классикии форс-тоҷик, шоирони муосири [[Тоҷикистон]], [[Эрон]], [[Афғонистон]] ва дигар кишварҳо таркиб ёфта буд, мавзӯъҳои панду андарз, ишқу муҳаббат, садоқату рафоқат, поктинатию мардонагӣ, ҷавонмардӣ, одамият, васфи сулҳу амонӣ, дӯстӣ ва ғайраро ташкил медиҳад (''«Гулъизори ман куҷост?»'', ғазали [[Бадриддин Ҳилолӣ|Ҳилолӣ]]; ''«Рафтӣ»'', ғазали [[Сайидои Насафӣ|Сайидо]]; ''«Охир эй сарви хиромон зи кадомин чаманастӣ?»'', ғазали [[Абдураҳмони Ҷомӣ|Ҷомӣ]]; ''«Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро»,'' ғазали [[Ҳофиз]]; ''«Хиҷил аст сарви бустон бар қомати баландаш»'', ғазали [[Саъдӣ]]; ''«Ё ҳар ду»'', шеъри [[Абулқосим Лоҳутӣ|А. Лоҳутӣ]]; ''«Куҳандиёро»'', шеъри [[Нодири Нодирпур|Н. Нодирпур]] ва ғайра). Ба аксар ғазалу шеърҳо худаш оҳанг бастааст.
 
=== Шогирдон ===
Сатри 52:
 
== Эҷодиёт ==
Одина Ҳошим дар офаридани оҳангҳои шӯхи рақсӣ ва ҳаётдӯстонаи мардумӣ маҳорати калон дошт (''«Ало, хамзада кокул»'', ''«Ҷингилак мӯй дорӣ»'', ''«Дилфиребам аз ғамат сабзинае»'', ''«Хирмани гул»'', ''«Моҳи ман»'', ''«Хами зулф»'', ''«Мадоро накунӣ»'' ва ғайра).
 
Ҳамчун сарояндаи ҷӯяндаву навовар дар зиндаю ҷовид гардонидани асари сертаркибаи «Фалак» хизмати шоистаеро касб кардааст. Дар ин ҷода Одина Ҳошимов бо машҳуртарин фалаксароён, бо устодони маъруфи санъати сарояндагӣ [[Ҳоҷӣ Абдулазиз]], [[Содирхони Ҳофиз]], Домулло Ҳалим, [[Шоҳназар Соҳибов]] ва [[Шариф Ҷӯраев]] дар як поя қарор дошту шӯҳраташ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар [[Эрон]]у [[Афғонистон]] низ паҳн буд. Соли 1972 фалаксароёни машҳури афғон Мангал, Карим, Нурмуҳаммад, Раҳимҷон, Абдурасул ва Акбар Лоло Одина Ҳошимовро ба Афғонистон даъват намуданд, то ҳунарашро ба ҳаводорони афғонаш намоиш бидиҳад. Аниқтараш дар озмуни «Фалаксароёни мумтоз», ки дар шаҳри Қундуз барпо гардид, ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон даъват шуда буд ва дар ин озмун ғолиби ҷои аввал дониста шуд.