Сайид Абдуллоҳи Нурӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 39:
Фаъолияти кориро соли 1967 пас аз хатми курсҳои муҳандисии назди Бюрои байнихоҷагии баҳисобгирии техникии шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз карда, дар муассисаи мазкур ба ҳайси муҳандиси геодезӣ то соли 1986 фаъолият намудааст.
 
== Фаъолияти сиёсӣ ==
Моҳи июни соли 1986 мақомоти амниятӣ Нуриро бо иттиҳоми «паҳн кардани хабарҳои бардурӯғе, ки сохти ҷамъиятиву давлатии сотсиалистиро бадном мекунанд» ба ҳабс гирифта ва моҳи феврали соли 1987 бо ҳукми Додгоҳи вилояти Қӯрғонтеппа аз рӯи моддаи 203 Кодекси Ҷиноии ҶШС Тоҷикистон барои якуним сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Мӯҳлати ҷазоро дар маҳбасҳои Сибир ва Шарқи Дур сипарӣ намудааст.
Солҳои 1989–92 сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари Ислом» - органи чопии Идораи расмии Мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар айни замон роҳбари ғайрирасмии ҲНИТ буд.
Дар солҳои 1989 - 1992 сардабири нашрияи «Минбари Ислом» - органи чопии Идораи расмии Мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар паи [[ҷанги шаҳрвандӣ]] аввалҳои соли 1993 ба [[Афғонистон]] ҳиҷрат гузашта ва дар он ҷо Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистонро таъсис дод ки ҳастаи аслии [[Оппозисюни муттаҳиди тоҷик]] дар ҷанг бо ҳукумати [[Эмомалӣ Раҳмон]] буд. Ин Ҳаркат масъулияти нигаҳбониву пуштибонии беш аз 60 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Афғонистон ва муборизаи сиёсиву низомиро барои бозгардонидани ҳуқуқҳои аз дастрафтаи муҳоҷирин ва оворагони тоҷик ба дӯши худ мегирад.
Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон ҳиҷрат карда (1993), дар он ҷо Ҷунбиши наҳзати исломии Тоҷикистонро таъсис дод.
Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо роҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар оғоз гардидани музокироти Сулҳи тоҷикон дар моҳи апрели соли 1994 нақши калидиро дошт. Раванди музокироти Сулҳи тоҷикон (апрели 1995 то июни соли 1997) таҳти раҳбарии бевоситаи Нурӣ қарор дошт. Барои ҳарчӣ зудтар расидан ба оштиву тавофуқи ниҳоӣ Нурӣ ҳафт бор хориҷ аз кишвар бо Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ мекунад. Ин мулоқотҳо дар раванди музокироти Сулҳ нақши сарнавиштсоз доштанд.
 
=== Нақши ҳалкунандаи Нурӣ двар оштии тоҷикон ===
Бо мақсади ҳар чӣ зудтар расидан ба тавофуқи ниҳоӣ 7 бор дар хориҷ аз ҷумҳурӣ бо [[Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]] [[Эмомалӣ Раҳмон]] дидор ва суҳбатҳо намуд. Мулоқоту суҳбатҳои мазкур дар муваффақона анҷом ёфтани раванди музокироти сулҳи миёни тоҷикон (апрели 1994 – июни 1997) нақши ҳалкунанда доштанд. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ, таҳким бахшидани ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик саҳми бузург гузоштааст.
Нурӣ аз июли соли 1997 то [[31 март]]и соли 2000 Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ буд. Аз сентябри соли 1999 то даргузашташ Раиси [[Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон]] буд.
 
== Марг ==
Сайид Абдуллоҳ Нурӣ [[9 август]]и [[2006]] аз бемории саратон дар [[Душанбе]] даргузашт. Мазораш дар гӯристони Сари Осиё наздики [[Масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ]] аст.
 
== Осор ==
 
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ муаллифи чандин китобҳоиасари илмӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва дарсӣдиниву фалсафӣ, аз ҷумла«Дар он сӯи сиёсат» (2001), «Имрӯзу фардои Тоҷикистон» (2000), «Назаре ба ҳуқуқи башар аз дидгоҳи Ислом» (2001), «Оштинома» (2001), «Истиқлол чӣ мафҳум дорад?» (2001) аст.
 
== Ҷоизаҳо ва мукофотҳо ==