Фарқият байни намунаҳои "Язидия"

160 bytes added ,  4 сол пеш
no edit summary
(Саҳифаи нав: Язидия/язидиён ва ё эзадия ва эзадиён фирқае аз хавориҷ ва пайрави Язид ибни Абу¬анисаи Басри...)
 
'''Язидия/''', '''язидиён''' ва ё эзадия ва эзадиён фирқае аз [[хавориҷ]] ва пайрави Язид ибни Абу¬анисаи Басрии Хориҷӣ ҳастанд ва ба Язид ибни Муовия, халифаи уммавӣ ҳеҷ гуна мансубияте надоранд. Я.-и имрӯза ас¬лан тоифае аз курдон ҳастанд, ки дар сарзаминҳои ҳудуди Мавсил, ҷабали Син¬ҷор, Диёрбакр ва перомуни Ҳалаб сукунат ва ойину диёнате хоссе бо ҳа¬мин ном доранд. Шумораашон ҳудуди 70 000 тахмин шуда, расму ойини он-ҳоро омезае аз ақоиди аҳли ширк, диёнати яҳуд, маҷус, ислом ва собиа ба вуҷуд овардааст. Я. ақида доранд, ки Ху¬дованд аз мардуми аҷам паёмбаре ме¬фиристад, баро¬яш китобе нозил менамояд ва ба василаи он дини Му¬ҳам¬мадро мансух (бекор) мегардонад. Дар байни онҳо ҳам акнун ду китобе ба забони арабӣ бо номҳои ал-Ҷилва ва Мусҳаф вуҷуд дорад.
Афкори фирқаи Я. ба усули эътиқодии Ислом ва муқаррароти тав-ҳидии Қуръон ва суннат ко¬милан мухолиф буда, аз назари аҳли суннат аз ислом хориҷ дониста шудаанд.
 
Ад.: Доиратулмаорифи форсӣ, ҷ. 2. – Теҳрон, 1380 ш.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Адабиёт ==
Ад.:* Доиратулмаорифи форсӣ, ҷ. 2. – Теҳрон, 1380 ш.
 
[[Гурӯҳ:Мазоҳиби исломӣ]]
[[Гурӯҳ:Хавориҷ]]
{{ҷавона}}