Рамазон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 13:
 
== Вожаи Рамазон ==
Калимаи Рамазон аз решаи «рамз» ({{lang-ar|رمض}}) гирифта шуда, ба маънои тафсондан ва ё тафсидан ва гудохта шудан дар зери ҳарорат ва гармии офтоб мебошад<ref>Муфрадот. – С. 366, зайли моддаи: рамз.</ref>. Албатта, робитаи дақиқе дар миёни моҳияти истилоҳии моҳи Рамазон ва маънои луғавии он ба чашм мехӯрад.
 
Ин моҳ ҷисми инсонро дар кураи фаризаи илоҳӣ ва коргоҳи рӯза амалан мегудозад ва ҷавҳари шахсият ва ода-мияти ӯро аз тамоми олудагиҳо пок месозад. Рӯзаи бо рӯҳу маъно, ки бо алангаҳои гуруснагиву ташнагӣ ҳамроҳ мебошад, нафси инсонро аз тафтаҳои нафсонӣ пок мегардонад. Ҳамин аст, ки Худованд ду сӯзиш ва ду ҳароратро бо ҳам ҷамъ намесозад. Сӯзиши гуруснагиву ташнагӣ дар моҳи Рамазон ва сӯзиши дар оташи дӯзах.
 
Вақте вуҷуди шахси рӯзадор дар коргоҳи моҳи Рамазон гудохта мешавад ва аз тамоми палидиҳо пок мегардад, дигар ҳоҷате ба гудохтани дубораи ӯ дар оташи дӯзах боқӣ намемонад. Оташи дӯзах одамонеро месӯзад ва дар худ мегудозад, ки дар дунё худро бо барномаҳои инсонсози ойи-ни Ислом, аз ҷумла, бо ин василаи муассири илоҳӣ пок насохта бошанд.
 
Паёмбар (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номидааст ва мефармояд:
 
''«Рӯза сипаре аст. Пас касе аз шумо рӯзадор бошад, фисқу беҳудагӣ наварзад ва ба ҷаҳолат роҳ надиҳад. Агар касе ҳам бо ӯ ситеза (ҷанг) намояд ва ё ӯро дашном диҳад, ду бор бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам …»''.
 
== Аъмоли моҳи Рамазон ==